Мушоҳидаҳои объектҳои кайҳонӣ аз ҷумла ҷирмҳои хурди Низоми офтобӣ, кометаҳо ва астероидҳо аз ҷониби кормандони Институти астрофизикаи АМИТ (Ҳамроев У.Х., Хуҷаназаров Ҳ.Ф., Сатторзода А.А.) дар Расадхонаи байналмилалии астрономии Санглох аз санаи 10.07.2024 оғоз гардида, идома дорад.
Ин мушоҳидаҳо тавассути телескопи Сейсс-1000, ки бо камераи рақами ва филтрҳои UBVRI муҷаҳҳаз мебошад, ба роҳ монда шудааст. Инчунин идораи телескоп ба таври худкор (автомати) бо компютери фардӣ ва барномаҳои махсус амали мегардад. Дар рафти мушоҳида якчанд объектҳо барои омӯзиш интихоб гардида, мавриди таҳқиқ қарор гирифта истодааст. Яке аз чунин объектҳо ин кометаи Олберс (13P/Olbers) мебошад, ки бисёр ҷолиб аст.
Кометаи Олберс (13P/Olbers) як кометаи кӯтоҳдаври навъи Ҳаллей мебошад, ки 6 марти соли 1815 аз ҷониби ахтаршинос (астроном)-и олмонӣ Ҳенрих Олберс кашф шудааст. Ин комета дорои ҳастаи хурди суст ва комаи шафофи тира мебошад.
Даври гардишаш дар атрофи Офтоб бештар аз 69.5 сол аст. Комета 30-уми июни соли 2024 аз масофаи перигелий (масофаи наздиктарин ба Офтоб) гузашта, 20-уми июли соли 2024 дар масофаи наздиктарин ба Замин ҷойгир мешавад. Дурахшониаш то 6.5 бузургии ситорагӣ рафта мерасад. Айни замон (10.07.2024) бузургии ситорагиаш ба 7.5 баробар аст.