(аз вохӯрии намояндагони гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бо сокинону фаъолони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ)
11 июли соли равон тибқи банди 12-и Нақшаи фаъолияти Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон барои соли 2024, ки аз ҷониби Раиси Ҳаракат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардидааст, дар мавзӯи -“Истиқлоли давлатӣ ва ҳифзи дастовардҳои он” бахшида ба 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурии аъзои гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ҷамъиятии миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бо сокинону фаъолони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ доир гардид.
Дар вохури бо сокинон ва фаъолони ноҳия Раиси Шурои куҳансолони Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Ғайбулло Авзалов, муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафар, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, Ректори Академияи Идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Даврон Сафарзода, инчунин, Шоири халқии Тоҷикистон устод Алимуҳаммад Муродӣ, узви Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Темуршоҳи Файзалӣ иштирок ва суханронӣ карданд.
Қабл аз оғози вохӯрӣ дар саҳни ҳавлии Филармонияи мардумии ба номи устод Одина Ҳошимов наздики 100 нафар ҷавонон – аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”, барандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон парчамҳои давлатӣ ва ҳизбиро ба шарафи солгарди ҷашни дар пеш истодаи истиқлолият ифтихормандона боло бардошта, таҳти шиорҳои “Поянда бод истиқлолияти Тоҷикистон!”, “Ҷавонони зодаи истиқлол – пайравони Пешвои миллат!”, “Истиқлолият шарафу номуси ҳар яки мост!” меҳмононро истиқбол гирифтанд. Дар ҷои намоёни даромадгоҳи бинои Филармония намоиши асарҳои Пешвои миллат ба роҳ монда шуда, меҳмонон аз он дидан намуда, ба фаъолияти бахши фарҳанг ва китобхонаи марказӣ баҳогузорӣ карданд.
Сипас, қисмати асосии чорабинӣ дар толори Филармония оғоз ёфт. Вохуриро раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай ҳусни ифтитоҳ бахшида, ташрифи меҳмононро ба ноҳия хайрамақдам гуфт. Мавсуф баргузории вохӯрии мазкурро вобаста ба моҳияти мавзӯъ ва авзои сиёсии минтақа, хеле муҳим арзёбӣ кард.
Зимнан, пас аз оғози расмии чорабинӣ сухани нахустин ба Раиси Шурои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Ғайбулло Авзалов дода шуд. Мавсуф дар суханронии хеш аҳамияти истиқлолияти давлатиро дар рушди бемайлони давлат ва бақои миллат хеле муҳим арзёбӣ намуда, дар бораи роҳи душвори ба даст овардани сулҳу субот, хомӯш кардани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, бартараф кардани ҳисороти молӣ ва оқибатҳои ҷанги хонумонсӯз, баргардонидани гурезаҳо, зарурияти созмон додани ниҳоди Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, нақши Пешвои миллат дар сулҳофарӣ, ҳамчун меъмори сулҳ, инчунин дастовардҳои Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ андешаҳои худро баён намуда, мардумро ба сарҷамъӣ, муттаҳидӣ ва пуштибонӣ аз сиёсати хирадмандона, бунёдкоронаву созандаи Сарвари давлат даъват намуд.
Дар идома президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бошад, қайд намуданд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳиссу таваҷҷуҳи Пешвои миллат барои бунёди Тоҷикистони ободу сарсабз ва рӯзгори ободу осудаи мардум бештар гардид, ки ин ба халқи Тоҷикистон ҳамвора руҳу илҳом мебахшад ва барои пешрафти минбаъдаи мактабу маориф,илму фарҳанг, иқтисодиёту саноат, тандурустӣ ва дар маҷмӯъ барои баланд шудани сатҳи рӯзгору некуаҳволии мардуми мамлакат ҳамаҷониба мусоидат мекунад.
Аз саҳифаи МИҲД-и ноҳияи Ҳамадонӣ