Skip to main content

 

Мулоҳизаҳо ҷиҳати баррасии илм ва тавзеҳи навтарини дин тибқи хостаҳои бозигарони қудратҳои ҷаҳонӣ дар ҳошияи китобҳои Саймумин Ятимов...

Ҷомеаи шаҳрвандӣ дар садаи XXI бо сатҳу сифати ҳувияти миллӣ баррасӣ шуда, инсон дар он гаронтарин армуғон шинохта мешавад. Дар ҷомеаҳои рушдкунанда тибқи меъёрҳои илмиву ақлӣ ба ҳар инсоне баҳогузорӣ шуда, фаъолияти ӯ бо дарназардошти сифати ҷаҳонбинӣ ва ҳувияти марзӣ натиҷагирӣ хоҳад шуд. Бешубҳа, кишварҳои мутараққӣ ҷиҳати роҳандозӣ шудани ҳадафҳои геополитикии хеш дигар миллатҳову кишварҳоро омӯхта, бинобар ҷалб намудани гурӯҳе аз дохили давлатҳо бо истифода аз тахрибкорӣ ба ноором кардани низоми сиёсии он давлат иқдом мекунанд.

Махсусан, хатари тағйир додани низоми сиёсӣ бо истифода аз инқилоб ва дигар навъҳои табаддулоти давлатӣ тавассути афроди зархарид ба кишварҳои нав истиқлолёфта таҳдид мекунад. Бинобар ин, барои кишварҳои рӯ ба тараққӣ зарурати таъмин намудани амнияти шаҳрвандон дар фазои орому осоиштаи Ватан пеш омада, нақши зиёиён дар таблиғи ҷаҳонбинии илмӣ дучанд меафзояд, чунки таҳиякунандагони кирдорҳои экстремистӣ кишвари мавриди назарро аз лиҳози пойбандии аҳолӣ ба андешаҳои динӣ баррасӣ мекунанд ва бо роҳҳои таҳмил сохтани ақидаҳои динии родикалӣ барои аз байн бурдани давлате ва кишваре ҷаҳд менамоянд. Ин матлаб дар китоби “Илм ва амният”, ки муаллифи он С. Ятимов мебошад, хеле сода ва бамаврид таҳлил ёфтааст. Аз ҷумла, номбурда меоварад: “Хатарҳое, ки зидди осудагии як миллат, барои ба гирдоби бало андохтани он тарҳрезӣ мешаванд, зуҳуроти тасодуфӣ ё бетартибона нестанд. Дар асоси нақшаҳои муайян коркардшуда, аз ҷумла таҷрибаи хадамоти махсуси давлатҳои манфиатдор ва амалияи дастандаркорони ҳамин гуна аъмол дар минтақа ва ҷаҳон роҳандозӣ мегарданд. Эътироф бояд кард, ки тахрибкорӣ, ноором сохтани як давлат, бесаранҷом, бесарусомон кардани як миллат вобаста ба тақдир ё чизи тасодуфӣ нест. Илм аст”[1].

Субъектҳое, ки ба онҳо андешаҳои фасодкорӣ таҳмил мешаванд, дар аксар маврид аҳли зиё мебошанд ва аҷнабӣ бо онҳо тавассути “хайрия, “грант” ва дигар шаклҳои иртиботҷӯӣ ҳамоҳанг мешаванд. Ин масъаларо метавон дар мисоли бархе аз олимон ва пайвастани онҳо ба созмони террористии “Ихвонулмуслимин” баррасӣ кард. Чаро олим дидаву дониста аз гурӯҳе пайравӣ мекунад, ки ба тахрибкорӣ муваззаф шудааст? Гузашта аз ин, мутахассисони забони арабӣ дар Донишгоҳҳову Донишкадаҳои ҷумҳуриамон, яъне ашхосе, ки аз дин огаҳии комил доранду онҳоро фирефтан ғайриимкон мебошад. Пас ин гурӯҳи худогоҳ ва воқиф аз Қуръону ҳадис дар пояи кадом омил ба худфиребӣ олуда гаштаанд? Посухашро дар китоби “Илм ва амният” меҷӯем: “Бадбахтии мухолифони манфиатҳои миллии мо иборат аз он аст, ки онҳо “ҳақиқат” – и худро доранд. Дурустар ифода гардад, “ҳақиқат”-е, ки тавассути “хайрия”, “”грант”, пулу моли аҷнабиён дар майнаи онҳо ҷо кунонида шудааст”[2].

Омили асосии ба тахрибкорӣ рӯоварии гурӯҳе аз шаҳрвандони кишвар пойбандии онҳо ба бовариҳои динӣ маҳсуб мешавад. Ҳатто бартарӣ доштани ҷаҳонбинии динӣ бар ҷаҳонбинии илмӣ баъзе аз зиёиёни кишварро субъекти таҳмилҳои аҷнабӣ кардааст. Далели ин гуфтаҳо шабакаҳои иртиботӣ ҳастанд, ки он ҷо орифу оммӣ ва хурду бузурги миллат парастиши “рӯзи ҷумъа”-ро ихтироъ намудаанд. Гузашта аз ин, масъалаи бартарии дини ислом аз дигар динҳою мазҳабҳо ва рӯоварии шахсиятҳо ба ин дин ҳамарӯза баррасӣ шуда, андешаҳои пук он ҷо корида мешаванд. Вале бархе аз уламо вазифадор шудаанд, ки бартарии динро аз илм тавассути табъу нашри мақолаҳои оммавӣ исбот намуда, дар мағзи хонанда розҷӯии диниро таҳмил кунанд. Бинобар ин, шабакаҳои иртиботӣ дар қиёс бо рисолати олимони зархарид ончунон масъул намебошанд, чунки тағйир додани матни донишмандон ва онҳоро дигаргуна муаррифӣ намудани олими муосир барои таҳиякунандагони партовҳои таҳмилӣ арзиши ҳангуфте дорад.

Шояд ҳамин омил С. Ятимовро водор кард, ки “Қобуснома”-и Унсурулмаолии Кайковусро аз диди нав баҳогузорӣ кунад ва исбот намояд, ки номбурда зимни тадвини асар манфиатҳои миллиро аз ҳама муқаддам мегузорад: “Қобуснома китобест ҷамъ аз донишҳое, ки дар самтҳои муайяни фаъолияти инсонӣ андухта шудаанд. Ҷойи тааҷҷуб нест, дар тамоми даврони инкишоф дар ҷомеа неруҳое мавҷуданд, ки ба илму маориф мухолифат ва душманӣ меварзанд. Ва ин амали онҳо қасдан сурат мегирад. Дониш, қазовати дуруст, аксуламали муносибу баробар ба воқеияти мавҷуди табиат, ҷомеа ва тафаккур наметавонад барои тамоми қишрҳои иҷтимоӣ судманд бошад. Тавоноии инсон баробарвазн ва ҳамрадифи доноии ӯст. Фалсафаи Шарқ зиёда аз ду ҳазор сол қабл ба оламиён ҳушдор медиҳад: "дониш он аст, ки ҳақиқатро тасдиқ ва дурӯғро инкор мекунад, бесаводӣ он аст, ки ҳақиқатро инкор ва дурӯғро ҷонибдорӣ менамояд”[3].

Дар мавриди “геополитика” таваққуф намудани С. Ятимов дар аксар китобҳояш гувоҳӣ медиҳад, ки хатари асосӣ аз хориҷи мамлакат таҳия шуда, тавассути ашхоси зархарид таҳмил мегардад. Аз ҳамин хотир, омӯхтани таърихи сиёсии миллат ва баррасӣ кардани руйдодҳои таърихӣ, ки ғолибан, авомили динӣ доштанд, барои муосирин зурурат дошта, вокуниши ҳамватанонро нисбат ба хатарҳои навбатии эҷодгардида илқо менамояд. Чунончӣ: “Дар чаҳорчӯбаи нақшаҳои геополитикӣ, дин воситаи таъмини манфиатҳои сирф ғаразҷӯёна, ба хотири даст доштан дар сиёсати глобалӣ ва минтақавӣ, дахолат кардан ба корҳои дохилии давлатҳои мавриди ҳадаф қароргирифта, азхудкунии манбаъҳои ашёи хоми стратегӣ, ноором сохтани вазъи дохилии мамлакатҳо барои тағйири масири роҳҳои транзитии нақлиёт, газ, нафт ба манфиати хеш, эҷоди мушкил ба рақибони стратегии худ ва монанди инҳо хизмат мекунад. Ба хун оғушта кардан, бехонумон, сарсону саргардон намудани миллионҳо одамони бегуноҳ барои ин бозигарон касб, кори ҳаррӯза, чизи одӣ, маъмулист. Бадбахтӣ он аст, ки дар ин масир, хадамоти махсуси кишварҳои мавриди назар аз имконоти худи мусулмонон истифода мекунанд”[4].

Ҳақиқати таърихие, ки ҷиҳати таҳмили андешаҳои аҷнабиён мусоидат мекунад, бегонапарастист ва шояд барои нафароне, ки субъекти ақоиди таҳмилӣ қарор гирифтаанду хориҷ аз давлати тоҷикон ба сангпартоӣ машғуланд, ватангадоӣ хос асту ҳисси беватанӣ дар ниҳодашон ғолиб омадааст. Ба ин матни иқтибосӣ таваҷҷуҳ кунед: “Бозиҳои геополитикии муосир ҷанбаҳои гуногун дорад. Мақсадҳои асосии ин раванди фарогири муносиботи субъектҳои байналмилалӣ, ки ҳам дар шакли глобалӣ ва ҳам дар шакли минтақавӣ амал мекунанд, худро ба ҳайси қудрати ҷаҳонӣ ё минтақавӣ муаррифӣ намудан ва дар қаламрави кишварҳои мавриди назар рӯҳияи бегонапарастиро талқин кардан мебошад. Онҳо кӯшиш менамоянд, ки мардум, махсусан, ҷавонон ва наврасонро аз нангу номуси ватандорӣ, забони модарӣ, муҳаббат ба сарзамини аҷдодии худ дур созанд. Зери эҳсосоти дурӯғин, махсусан таҳти пӯшиш ва баҳонаи авомфиребонаи дину мазҳаб дар замири онҳо нисбат ба давлати худ, ки номи миллати ӯро дорад ва макони зисти миллати ӯст, ҳисси бадбинӣ бедор кунанд. Дар воқеъ, миллат бе давлат вуҷуд дошта наметавонад. Ҳақиқати космополитиро (ҳисси беватанӣ, сарфи назар кардани сарзамини мушаххас ҳамчун макони таваллуд ва зист, бегонапарастӣ, ватангадоӣ таҳти шиору баҳонаҳои гуногун) маъруфтарин донишмандони дунё маҳкум кардаанд ва чунин ҳолатро ҳатто ваҳшоният шумурдаанд”[5].

Ба ин таҳлилҳо қонеъ нашуда, Саймумин Ятимов дар китоби дигар чунин ваҳшониятро аз нигоҳи файласуфи олмонӣ Иммануил Кант муаррифӣ карда, ба хулосаи дақиқ меояд, ки инсонҳо дар натиҷаи коркард қарор доштан аз ҷониби хадамоти махсуси кишварҳои хориҷӣ метавонанд ба ҳамон асли ваҳшигӣ баргарданд: “Хатари бозгашт ба ҳолати ваҳшоният И. Кантро доим хавотир мекунад. Маҳз ба ҳамин хотир ӯ таъкид менамояд, ки дар ҷавҳари инсон табиати ваҳшигӣ доимо боқӣ мемонад, аммо “интизом намегузорад, ки одам аз таъйиноти худ, ҳамчун инсон, ба он ҳолат бозгардад””[6].

Ваҳшоният дар таърихи тамаддуни башар хос ва аз зумраи дастовардҳои ақвоми бадавӣ маҳсуб мешавад. Вайрону валангор кардани минтақаи обод, сарсону саргардон намудани инсонҳо, қатли ом кардани онҳо, овехтану аз ҷисмашон сохтани калламанораҳо аз саҳифаҳои ториктарини таърихи инсоният аст ва ҳар касе, ки бо фарҳанг ошност, ин ваҳшигариро маҳкум менамояд. Лекин таърихро касе месозад, ки ғолиб бошад ва дар назди миллати созандаи тоҷик низ масъулияте меистад, ки дар ҳеҷ сурат аз ваҳшоният ва афроди девсирати тамаҷҷӯй пайравӣ накарда, ба тантанаи ҷабру зулм мусоидат накунанд. Дар гузашта ниёгони мо дар лаҳзаҳои сарнавиштсоз бо пайравӣ аз тудаи дар ғафлати сиёсӣ қарордоштаи рӯҳониёни динӣ теша ба решаи худ зада, имкон фароҳам оварданд, ки қудрати сиёсиро аҷнабӣ дар мулки мо соҳиб шаванд ва ин иштибоҳ то кунун давом мепазирад. Чунки муллову мударрису муаззину муттаввалӣ имрӯз ҳам амалан ба касе майл доранд, ки аз ӯ манфиат мебинанд. Аммо манфиатҷӯйӣ роҳи ҳифзи давлату миллат набуд, нест ва намебошад. Фикр мекунам, ки бо роҳи қироати Қуръон тороҷ кардани ҳаммеҳанони худ ва аз ҳисоби буҷаи оилавии онҳо зистану мавқеъ ёфтан ҳанӯз касб нест ва бекасбӣ, бетахассусӣ чун бекорӣ инсонро новобаста аз сатҳи ҷаҳонбинӣ муҳтоҷ месозад. Ҳофиз низ садсолаҳо пештар ёдрас намудааст: “Доми тазвир макун чун дигарон Қуръонро”. Аммо ҳамаи мо ба дигарон ниёз дорем, ба лутфу суханҳои ширин эҳтиёҷ дорем, лекин чунин ниёзҳо моро ба соилӣ водор накардааст. Пас луриён ба гадоӣ шуғл меварзанд на аз хотири эҳтиёҷ доштан, балки ин машғулиятро агар надошта бошанд, онҳоро касе лурӣ намехонад. Беш аз ҳазор сол касе ин рӯҳониёнро эрод нагирифтааст, касе ҳақиқати ҳоли онҳоро муаррифӣ нанамудааст, касе алайҳи амр ба маъруфашон вокуниш нишон надодааст. Пас агар амалҳои хубу зишти шуморо баррасӣ накунанд, беихтиёр фикр мекунед, ки барои ҷомеа зишту хуб ҳамоҳанг аст. Саймумин Ятимов зимни таҳлили осори Иммануил Кант низоми ба ваҳшӣ табдил ёфтани шахси аз ҷониби дигарон мавриди интиқод қарорнаёфтаро бамаврид инъикос намудааст: “Надонистани ҳудуд, салоҳияти маънавӣ ва риоя накардани он дар муносибатҳо мушкилӣ ва бадбахтиҳо ба бор меорад. Ба ақидаи ӯ (яъне Иммануил Кант-Ш.Қ), зиндагии воқеӣ қонуният ва равандҳои худро дорад. Дар олами атроф на ҳама чиз ба хостаҳои фард сохта шудааст. Чунин шароит, мушкили рӯзгор як умр одамро таъқиб мекунад. И. Кант ба ҳамин муносибат таъкид месозад: “Агар дар овони ҷавонӣ ҳама чиз ба хоҳиши одам ранг бигирад, амалӣ шавад, ба ӯ ягон муқобилат, эътироз ва вокуниши донистани ҳад омӯзонида нашавад, он вақт дар инсон як навъ хислати ваҳшигӣ боқӣ мемонад. Чунин ҳолати рӯҳӣ тамоми умр ӯро дунболагирӣ мекунад””[7].

Аксар маврид, ки мо ба шахсиятҳои донишманди Ғарб чун Гегелу Кант, Гобсу Ничче, Марксу Гёте ниёз пайдо мекунем, беихтиёр ба мақолаҳои Саймумин Ятимов рӯ меорему ормонҳоямонро тавассути андешаҳои ӯ мебарорем. Мехоҳем бо андешаҳои мутафаккирони Шарқ ошно шавем ва ин хоҳиш моро ба навиштаҳои фарди тазаккурёфта мебарад. Пас аз мутолиа мо эҳсос мекунем, ки каме ҳам бошад худро такмил кардаем ва минбаъд метавонем озодона баъзе паҳлуҳои сиёсати имрӯзро баррасӣ диҳем ва дигаронро низ кӯмак кунем то онҳо зиндагии хешро дар пояи тафаккури худшиносӣ бунёд намоянд. Азбаски мавсуф доктори илмҳои фалсафа ҳастанд, зимни баррасии дилхоҳ мавзӯъ таҳлилҳои амиқу назаррас дошта, ба хонанда нигоҳи навро тақдим медоранд. Чунки дар замони муосир бехабар будан аз бозиҳои сиёсии кишварҳои манфиатҷӯ ва ҳадафҳои геосиёсии дували абарқудрат он маъниро дорад, ки мулки шуморо бо роҳҳои найранг истифода мекунанд.

Рисолае, ки “Идеология ва манфиатҳои миллӣ” номгузорӣ шуда, ба қалами Саймумин Ятимов тааллуқ дорад, давлатсозии миллиро дар шароити таҳоҷуми хабарӣ ва татбиқсозии нақшаҳои геополитикӣ муаррифӣ мекунад, чунки бузургтарин арзиш дар гузашта, имрӯз ва дар оянда ин ҷаҳонбинӣ буду ҳаст ва мемонад. Бинобар ин, лаҳзае дар ғафлат қарор доштан маънии истиқбол аз бегонагироӣ буда, бо ду дасти адаб вогузор намудани мулки хеш дар ихтиёри аҷнабӣ маҳсуб мешавад. Муаллифи китоби мазкур ин мушкилии ҳамагониро ба таври зайл баён намудааст: “Дар ҷое, ки манфиат ҳаст, он ҷо идеология пайдо мешавад. Дар ҷое, ки идеология ҳаст, он ҷо манфиат вуҷуд дорад. Шарт нест, ки дар ҳамаи тасаввуроти идеологӣ тафсирҳои илмӣ вуҷуд дошта бошанд. Тавре дар боло ишора шуд, пайгирии назариявии масъалаи идеология, дар замонҳои баъдӣ оғоз гардидааст. Мафҳуми идеология агар он илмӣ бошад, бо мафҳуми ҳақиқат пайвастагии зич дорад. Умуман, идеологияе, ки даъвогари ҳақиқат дар ҷаҳон набошад, умуман вуҷуд надорад”[8].

Аммо дар замони муосир дахолатварзӣ дар умури дохилии кишварҳо низ тарҳи ҷадид касб намуда, аввалан, гурӯҳи мухолиф дар дохили давлати муайян аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мешаванд, чунки иқдоми аз дохил фалаҷ сохтани низоми сиёсии кишваре тавассути шаҳрвандони норозии он осонтар аз иқдомҳои глобалӣ мебошад. Дар ин маврид С. Ятимов дар ҳамон китоби зикршуда чунин андешаронӣ мекунад: “Барои ҳар миллат, он ҳолатеро метавон фоҷиабор ҳисобид, вақте ки манфиатҳои бозигарони минтақавӣ ва ё геополитикӣ бо мақсадҳои ғаразноки шахсиятҳо ва гурӯҳҳои дохилидавлатӣ мувофиқ омада, охиринҳо мекӯшанд манфиатҳои нопок ва худхоҳонаашонро ҳамчун ормонҳои миллӣ вонамуд созанд...Табиист, ки дар чунин ҳолатҳо тарафи маблағгузор ташаккулёбии идея, назария, ҷаҳонбинӣ ва дидгоҳи барояш заруриро фармоиш медиҳад. Ҳамин тариқ, амалҳое тақозо мешаванд, ки ба таври куллӣ ба манфиатҳои амнияти идеологӣ ва фарҳангии давлати миллӣ мухолиф мебошанд”[9].

Ҷоиз ба ёдоварист, ки ҳама гуна партовҳои таҳмилӣ, ки Урупо дар таҷрибаи худ ташхис намуда, онро дар тӯли таърихи кишварҳои ин минтақа аз нигоҳи манфӣ хулосабарорӣ намудаанд, дар замони муосир онҳоро барои ғайри худшон таҳмил менамоянд. Нахустин ва асоситарин партови идеологӣ барои Ғарб маҳкуми дунё ва дунявӣ буданидавлат дар либоси дини ислом мебошад. Тамаддуни Ғарб танҳо дар сурате рушди тасаввурнопазир кард, вақте ки уламои дину дунё ҷудо намудани динро аз давлат талаб намуданд. Мо бошем, андешаеро таблиғ менамоем, ки тибқи меъёрҳои он дину давлат якест ва ҳамоҳангии онҳо ҷудонопазир мебошад. Ҳеҷ зарурате намемонад, ки шаҳрванд парчами сафед бардошта дар инқилоби исломӣ ширкат намояд, чунки интиқолдиҳандагони инқилобҳо аз зумраи ашхоси зархариде маҳсуб мешаванд, ки бо дастури аҷнабӣ дар дохили кишвари хеш идеологияи таҳмилии бегонагонро роҳандозӣ мекунад. С. Ятимов аз зумраи ашхоси бохабарест, ки найранги асосии мубаллиғини Ғарбро баррасӣ намудааст. Аз ҷумла дар китоби зикргардида ин гуфтаҳоро вомехӯрем: “Нисбати халқиятҳое, ки пайрави ислом мебошанд, бозигарони геополитикӣ маҳз аз ҳамин омили дин, истифода мекунанд. Аниқтараш на худи дин, балки сиёсӣ намудани аҳкоми он. Бо тағйир додани хислатҳои транссендентӣ он ба олоти бозигарони геополитикӣ мубаддал мегардад. Барои паҳнсозӣ ва амиқгардонии ин ақида, ҳамасола миллиардҳо доллар харҷ мешавад. Аҷоиботаш дар он аст, ки худи Ғарб аз ин пушаймон нашуд. Барои он ки имрӯз пурра аз муноқишаву низоъҳои динӣ дур шудааст, чунин ҳолат ба диндорони одӣ ҳам хеле писанд аст. Захираҳои давлатӣ ба самти рушди иқтисодӣ-иҷтимоии худи миллат равона мегардад, на ин ки ба муҳофизат аз терроризм, экстремизм ва идеологияю таълимоти онҳо. Ғарб инро озмуда, боварӣ ҳосил кард ва имрӯзҳо шаклу принсипҳои дунявии давлатдориро пурра татбиқ менамояд”[10].

Воқеъан, бо истифода аз сиёсисозии дин ва аҳкоми он манфиатҳо дар дилхоҳ манотиқ роҳандозӣ мешаванд, аммо масъалаи дунявият хоси мусалмонон буда, афкори дунёбадбинӣ дар заминаи тафаккури тасаввуфи исломӣ таҳмил меёбанд. Бинобар ин, онҳое ки таҳмилгаро ҳастанд, аз таҷрибаи таърихии хеш воқиф ҳастанд, ки дунёбезорӣ тавассути қудрати дин бар давлат инҳитот буда, ҷомеаи шаҳрвандиро аз рушду тараққӣ бозмедорад. Маҳз бо ҳамин сабаб онҳо барои ғалабаи ҳувияти динӣ бар ҳувияти миллӣ дар ҷомеаҳои исломӣ талош варзида, ҳатто маблағҳои гушношунидро сарфи назар мекунанд то ба мақсадҳояшон расанд. Дар сурати заъфи ҳувияти миллӣ мусалмонон, ба вижа тоҷикон низ дар хурофот мепечанд ва баҳсҳои дунявӣ сохтани ҷомеаи шаҳрвандӣ аз байн меравад. Бинобар ин, камина тасмим гирифтам, матни ба мавзӯи фавқ бахшидашудаи ҷомеашиноси рус А. В. Смирновро, ки ҷиҳати ҳувияти миллӣ- фарҳангӣ ва таносуби он бо ислом маҳсуб мешавад, аз русӣ ба тоҷикӣ тарҷима намоям ва он мазмун ба сурати зайл мебошад: «Ислом, ки таърихан аз ҷониби намояндагони милали мухталиф пазируфта шуда, дар ҳама ҳолат василаи рафъи мушкилӣ ва масоили гуногуне маҳсуб мешавад, ғолибан чун нишонаи ҳувияти этникӣ пазируфта шуда, тибқи анъанаи мушаххас якмаром баррасӣ меёбад. Масалан, тотор, яъне мусалмон ва ба ибораи дигар қавми исломовар шинохта мешавад. Барои муслимин роҳи асосии худшиносӣ буда, ислом имкони хеле хуби вуруд ба ин фазои ҳувияти миллии сохташударо дорад. Ва ин ҷо, албатта, хатари ҷиддӣ вуҷуд дорад. Ва дар ниҳоят, гуногунии фарҳангии исломӣ. Ислом на танҳо як эътиқод ва фарҳанг, балки тамаддун аст ва тавре ки мо хуб медонем, ҳеҷ фарҳанге ва тамаддуне ҷанг намекунанд. Эътиқодҳо наметавонанд дар мубориза барои ақл ва қалби одамон рақобат кунанд, зеро ҳар эътиқод мехоҳад исбот кунад, ки он ва танҳо он ҳақ аст. Дар акси ҳол, ин эътиқод нест. Дар мавриди фарҳангҳо онҳо рақобат намекунанд, балки ҳамкорӣ мекунанд. Ҳатто агар онҳо ҷанг кунанд ҳам, ин мубориза сулҳомез аст”.

Табдил додани тамаддуне ба ҷангномае маҳсули афкор ва идеологияе мебошад, ки барои тасхири кишваре ва тасарруфи минтақае таҳия гардидааст. Аммо барои татбиқи чунин афкор ва назарияҳои таҳмилӣ гурӯҳҳои иҷтимоие зарур мебошанд, ки дар дохили ин ё он кишвар нуфуз доранд. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон мисли гурӯҳҳои зикргардида уламои илму дин маҳсуб мешаванд, ки яке дар замони муосир зиёӣ мебошанд ва дигаре дар гузашта аҳли зиёи миллат дониста мешуданд. Маҳз гурӯҳи мутазаккир шогирдону пайравони зиёде аз миёни ҷавонони донишандӯз доранд ва таълимоти таҳмилии онҳо метавонад дар муддати кӯтоҳтарин фасоди маънавиро дар ҷомеаи шаҳрвандӣба вуҷуд оварад. С. Ятимов онҳоро дар рисолаи хеш “ҷараёнҳои сиёсӣ” ном бурдааст: “Аз ин хотир, ин қабил ҷараёнҳои сиёсӣ идеологияи худро аз шаклҳои хурофотӣ (сакралӣ) ва транссендентии шуури ҷамъиятӣ иқтибос мекунанд”[11].

Ҷаҳонбинӣниз дар шароити таҳоҷуми нави иттилоотӣ ва раванди ҷаҳонишавӣ бояд нав гардад, чунки дар мубориза бо стратегияҳо ва идеологияҳои нави таҳмилӣ он ҷаҳонбинии динии қаблан мавҷудбуда кифоягӣ намекунад. Моро зарур аст, ки арзишҳои замони муосирро омӯзем, таҳқиқ кунем ва хулосаи даркории судмандро мутобиқи меъёрҳои манфиати миллӣ барорем. Ҷаҳони муосир иборат аз тасодуми афкор аст ва дар чунин вазъ таъмин намудани идомаи ҳастии миллату давлат ба идеяҳои нави дорои аҳамияти миллӣ ниёз дорад. Танҳо ҷаҳонбинии илмие моро аз ин бархурдо раҳо карда, аз нестшавӣ эмин медорад, ки бо манфиатҳои миллӣ ҳамоҳангӣ кунад.

Дар анҷом, вазифадор медонам тазаккур диҳам, ки бинобар заҳматҳои шабонарӯзӣ ва масъулиятшиносии С. С. Ятимов дар шароити муосири таҳоҷуми хабарӣ ва бархурдҳои геополитикии қудратҳои ҷаҳонӣ моро умедбахш бар таъмини амнияти минтақа месозад ва бинобар ин, ба муҳофизи Ватан хотири ҷамъ, муваффақият дар умури тахассусӣ ва осудагию осоиштагӣ дар низоми хонаводагӣ таманно дорам.

Қалб дар осор ва сангнабиштаҳои аҳди бостон баррасӣ шуда, омили мартаба ва нуфузи сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии рушди башарро бо дарназардошти таҳияи марказ ҷиҳати аз лиҳози сиёсӣ идора намудани дилхоҳ ҷомеа инъикос мекунанд. Дар замони муосир бошад, таваҷҷуҳ ба марказ ва рӯоварии аксар шаҳрвандони кишварҳо ба пойтахт аз вижагиҳои густариши ҳувияти фарҳангӣ шаҳодат медиҳад. Лозим ба ёдоварист, ки замони постмодерн бинобар кӯчиши ҳангуфти аҳолӣ аз рустоҳо ба пойтахти давлатҳо муаррифӣ шуда, вижагиҳои ҳувиятифарҳангии миллатҳои муосирро ошкор месозад. Ба ибораи дигар муҳоҷирати аҳолӣ аз як мавзеъ ба мавзеи дигар ва хосатан аз русто ба шаҳр натиҷаи раванди тағйирёбии ҳувияти фарҳангист, ки дар навбати аввал вижагиҳои диалектикиро дар бар мегирад. Агар ин раванд боиси густариши ҳувияти фарҳангӣ намебуд, дар ҳеҷ сурат ҷомеашиноси машҳури амрикоӣ С. Ҳантингтонмакони густариши ҳувиятҳоро ба шаҳр ва муҳити шаҳрӣ мансуб намедонист. Постмодерн тавассути раванде муаррифӣ мешавад, ки хусусияти аслии он ҳиҷрат аст ва сафарномаҳое, ки ниёкони мо, тоҷикон ҳазор сол муқаддам офаридаанд, ҳамин вижагиҳои ҳувияти фарҳангии дилхоҳ миллату кишвареро инъикос намудаанд. Ин натиҷа паҳлуи якҷонибаи масъала аст, аммо паҳлуи дигари масоилро бархурд ва баҳамоии тамаддунҳо ва фарҳангҳо дар бар мегиранд. Бо навъи дигари ҳунари суханварӣ ин хусусиятро метавон ҷаҳонсозӣ гуфт, ки муосирин онро раванди ҷаҳонишавӣ муаррифӣ мекунанд. Инсон, ки дар муҳити русто ва шаҳр маскун мебошад, тибқи қонунҳои муҳит аз фарҳанг ва тамаддун бархурдор аст ва чун миллатҳое, ки аз фарҳангу тамаддунҳои миллӣ маҳрум мондаанд, ночор ба фарҳанграбоӣ муроҷиат мекунанд. Агар муҳити шаҳру русторо муқоиса кунем, дер ё зуд дармеёбем, ки дар он фарҳанги ғолиб маҳз он фарҳанге маҳсуб мешавад, ки дар шаҳр густариш ёфтааст. Ё худ рустоии бофарҳанг ба шаҳр ворид шуда, баъзан ба баъзе вижагиҳои он бархурд мекунад. Пас ба ин масъала диққат диҳед, ки шаҳрҳои асримиёнагӣ макони синтезу баҳамоии фарҳангҳо ва гуфтугӯйитамаддунҳо будаанд, яъне ҷаҳонишавӣ чун падидаи иҷтимоӣ баробар бо пайдоиши нахусттамаддуни башар зуҳур карда, бо мурури замон тақвият ёфтааст. Ҷомеашинос Саймумин Ятимов ин хусусиятро дар китобе, ки ба пойтахти Тоҷикистон – шаҳриДушанбе ихтисос додааст, аз инкишофи табии ҷомеа ном мебарад ва зимни баррасии ин масъала зикр менамояд, ки: “Соҳиб шудан ба давлати миллӣ – натиҷаи муборизаҳои ҷоннисорона барои истиқлоли миллӣ мебошад. Ва бидуни ташкилоти сиёсии марказонидашуда, устувор мондан, ҳифз кардани абадияти миллат, ҳамчунон нишонаҳои асосии он — забон, фарҳанг, анъана, урфу одат ва рифоҳи миллӣ ғайриимкон аст. Миллат зуҳуроти сирф диалектикист. Давраҳои пайдоиш, рушд ва камолот дорад. Инкишофи миллатҳо аз хосияти этникӣ, характер, анъана, урфу одат, рӯҳ ва мафкураи миллӣ, захираҳои табиӣ, мавқеи ҷуғрофӣ, релйеф, таносуб ва муносибатҳои геополитикӣ вобаста мебошад”[12].

Ҳувияти фарҳангӣ тибқи баҳогузории муосир сатҳи олии шинохти вижагиҳои фарҳангӣ аст, ки бо номи шумо мавриди таҳқиқ ва пажӯҳиши илмӣ қарор мегирад. Бинобар ин, чун мо ба таҳлили муҳити шаҳрнишинӣ иқдом мекунем, хоҳ-нохоҳ он анъана ва хосиятҳои хоси фарҳанги ориёии мансуб ба гузаштагонамон пеши назар меоянд, ки на фақат барои мо, балки барои дигарон низ мояи фарҳангсолорӣ гардидаанд. Ҷомеашиносон ҳануз дар замони Шӯравӣ ин ақидаро иброз доштаанд, ки шаҳри Душанбе осорхонаи таърихи аҳди бостон буда, ҳануз дар асри XVIII барои сокинонаш чандин тамаддун ва фарҳангҳои мухталиф омехта шудаанд, чунки дар миёни афроде, ки дар Душанбе он айём сукно доштанд, ғайр аз муслимин, пайравони яҳудият ва масеҳият низ будаанд ва новобаста аз тафаккур гуфтугӯи онҳо оғоз гардидааст. Душанбе чун маркази маъмурӣ ва аз лиҳози ҳарорат мутобиқ ҷиҳати иқомат ва маскуншавӣ ғайр аз тоҷикони соҳибфарҳанг боз миллали мутамаддинро низ ба худ мутаваҷҷеҳ сохтааст. Ҳануз дар садаи XVIII яҳудиёни Бухоро назди амири манғит арз карданд, ки мехоҳанд ғайр аз маркази Аморат, боз дар мавзеи Душанбе бобати раҳли иқоматгузинии абадӣ иҷозат бигиранд. Он овон дар ин мавзеъ, ки дар манобеъи русӣ "Бухорои Шарқӣ" номгузорӣ шудааст, масеҳиён низ сукунат доштанд ва коршиносони Русияи подшоҳӣ, ки ғолибан, яҳудитабор буданд, ин маконро беҳтарин ва мусоидтарин пиндошта, азм намуданд то мавзеи мазкурро аз марказҳои асосии имперотурии Русия дар Ховари Марказӣ табдил диҳанд. Чунонки С. Ятимов дар китоби зикршуда қайд мекунад, пойтахт ҷойи рушд кардани касбомӯзӣ ва камол ёфтани шахсиятҳо буда, ба фарди ҷомеа имкон фароҳам меорад, ки худогоҳии миллии хешро такмил диҳад: “...бояд эътироф намуд, ки элитаи сиёсӣ, илмӣ ва беҳтарин мутахассисони миллӣ дар пойтахт касб омӯхтаанд. Кишварро рушду нумуъ бахшидаанд. Ва ҳоло онро сарварӣ мекунанд... ҳар иқдоме, ки аз пойтахт, аз шаҳри Душанбе бармеояд, ташаббуси давлатмардонест, ки мардуми Тоҷикистон сарнавишти худро маҳз ба онҳо бовар кардааст”.

Муҳаққиқони муосир ғолибан ба назми Рӯдакӣ ҷиҳати иштиёқи амир ба Бухоро иктифо карда, ин тасвири шоири бузургро то кунун дар ҳар шакле изҳор менамоянд. Воқеан, ғазали мазкур, ки матлаи аввали он “Бӯйи ҷӯйи Муллиён” аст, вижагиҳои ташаккули ҳувияти фарҳангиро моҳирона ба қалам оварда, дар мисоли амир исбот мекунад, ки яке аз рукнҳои давлатдорӣ ва фарҳангофаринӣ эҳтироми мавзеъест, ки он ҷо давлат идора карда мешавад.

Саймумин Ятимов дар мақолае, ки “Пойтахт – оинаи суботи мамлакат” унвонгузорӣ шудааст, бобати мартабаи маркази давлат чунин мегӯяд: “Пойтахти давлат – гаҳвораи тақдири миллат аст. Он таҳаввулоти инқилобие, ки дар навсозии шаҳр, мисли ҷаҳони нав дида мешавад, мебояд дар ботини сокинони пойтахт, махсусан, ҷавонон, дидгоҳ ва ҷаҳонбинии нав тавлид намояд”[13].

Лозим ба ёдоварист, ки зимни пажӯҳиши илмӣ бобати нахустин шарти давлатсозӣ дар таҳияи марказ ҷомеашиносон бисёр навиштаанд, аммо ин нукта бебаҳс аст, ки маҳз пойтахти кишвар густариши ҳувияти фарҳангии ҷомеаро таъин менамояд ва барои тақвият пазируфтани вижагиҳои он мусоидат мекунад.

Ширин Қурбонова муовини Раиси КИИ "Хирадмандон"- и ҲХДТ дар АМИТ, доктори илмҳои таърих

[1] Ятимов С.С. Илм ва амният. Душанбе, 2019, саҳ. 10.

[2] Ҳамон ҷо, саҳ. 14.

[3] Ятимов С.С. Унсуралмаолии Кайковус дар бораи хирад. Душанбе, 2015, саҳ. 33.

[4] Ятимов С.С. Илм ва амният, саҳ. 26.

[5] Ятимов С.С. Хирадсолорӣ ва оини давлатдорӣ. Душанбе, 2019, саҳ. 24.

[6] Ятимов С.С. Иммануил Кант ва ташаккули субъекти сиёсӣ. Душанбе, 2019, саҳ. 23.

[7] Ҳамон ҷо, саҳ. 30.

[8] Ятимов С.С. Идеология ва манфиатҳои илмӣ, Душанбе, 2015, саҳ. 15.

[9] Ҳамон ҷо, саҳ. 20.

[10] Ҳамон ҷо, саҳ. 21.

[11] Ятимов С.С. Идеология ва манфиатҳои миллӣ, саҳ. 26.

[12] Ятимов С. Пойтахти давлат ва истиқлоли миллат, “Илм ва ҷомеа”, №5 (27), - 2021.

[13] Ятимов С. Пойтахт – оинаи суботи мамлакат”, дар китоби “Душанбе қалби Тоҷикистон, ҷилди 3, Душанбе, -2021, 344 с., саҳ. 32.