Муосирини мо воқифанд, ки академик Кароматулло Олимов дар рушди илм чӣ нақше боқӣ гузоштааст, чунки мавсуф дар баробари пажӯҳиши самтҳои гуногуни илм, боз дар маснадҳои мухталифи давлатӣ раҳбарӣ доштанд. Гузашта аз ин, фаъолият дар Комиссияи оштии миллӣ номбурдаро машҳур сохт. То кунун андешаҳои Кароматулло Олимов дар мавриди сулҳ аҳамияти таърихии хешро гум накардаанд. Дар як очерке, ки ба ин масъала бахшида мешавад, олими тоҷик майли тоҷиконро барои ба даст овардани сулҳ иқрор намудааст. Воқеъан, ҷанги таҳмилӣ кишвари моро даҳсолаҳо аз рушду тараққӣ боздошта буд: “Ҷумҳурии мо то июни соли 1997, яъне то имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар ҳолати таҳдиди хатарҳои гуманитарӣ қарор дошт. Имзои Созишнома ба халқи зарардида ҳамчун чароғи равшани раҳнамо ва умеди тоза гардид. Бояд махсус зикр кард, ки то имзои Созишнома чандин даври музокироти ҷонибҳо доир шуда буданд, ки бисёр вақт бенатиҷа мемонданд. Вале музокирот бо душворӣ, марҳала ба марҳала ҷонибҳои мухолифи ҳамдигарро ба мақсади асосӣ наздик мекарданд. Президент Эмомалӣ Раҳмон аз таҳдидҳо наҳаросида барои мулоқот бо мухолифони ҳукумат ба маҳалҳои хатарнок сафар мекард, то боварии ҷониби дигарро ба воқеӣ будани пешниҳодҳо ва зарурати ваҳдати миллӣ ба вуҷуд орад”[1].
Новобаста аз таҳқиқу пажӯҳиши пайваста олими шинохтаи тоҷик дар мансабҳои гуногуни давлатӣ ифои вазифа намуда, имрӯз бо сарбаландӣ дар назди миллату давлат рӯ ба рӯст, чунки инсони комилро вазифаҳо аз хеш бехабар намесозанд ва дар ӯ кибру ғурури омиёнаро эҷод намекунанд. Кароматулло Олимов ҳамеша ба инсон чун шаҳрванд бо арзи салом муроҷиат мекунад ва ҳангоми баррасии мавзӯъ ҳеҷ гоҳ тундгӯиро пеша накардааст. Ӯ Вазири фарҳанг буд, муддати се сол дар вазифаи Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хидмат намуд, директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи академик А. Баҳоваддинов, ҳамчунин директори Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии АМИТ будааст. Илова бар он ноиби президенти АМИТ буду ҳамеша барои афроди муроҷиаткунанда вақт меёфт ва ба суолҳояшон посухҳои қонеъкунанда медод, аммо номбурда бо вуҷуди масъулият эҳсос кардан шарти асосии ҳастиро, ки одамгарист, фаромӯш намекард. Шояд ҳамин омил буд, ки пиру барно имрӯз ҳам ба истиқболи ӯ мешитобанд ва бо унвони “домулло” бо ӯ суҳбат менамоянд.
Яке аз мавзӯҳое, ки мавсуф ба пажӯҳиши он даст бурдааст, ин сатҳи худшиносии миллӣ маҳсуб мешавад. Аз назари ӯ худшиносии миллии тоҷикон тӯли замони асримиёнагӣ дар натиҷаи истеъмор коста шудааст ва алҳол бо пайдо шудани истиқлолияти давлатӣ сатҳи худшиносии миллӣ дар миёни тоҷикон рушд мекунад: “Худшиносии миллати мо дар давраҳои гуногуни таърихӣ дар натиҷаи қатлу ғорати оммавӣ ва истеъмори истилогарони аҷнабӣ ва парокандагии иҷборӣ коста гардида буд”[2].
Олими шинохта косташавии сатҳи худшиносии миллиро дар миёни тоҷикон дар гумроҳии гурӯҳе аз иҷтимоъ бо номи рӯҳониёни дин медонад, ки бо истифода аз камхабарии омма давлатро танҳо аз хотири манфиатҷӯӣ истифода кардаанд.Тибқи андешаи мавсуф бинобар равнақ пазируфтани маорифпарварӣ дар нимаи дувуми садаи XIX густариши худшиносии динӣ мушоҳида шуда, тааллуқи динии инсонҳо дар қиёс бо мансубияти миллӣ бартарӣ пайдо мекунад. Дар замони Шӯравӣ бартарии маҳаллии тоҷик аз ҳувияти миллӣ болотар рафта, ҳар фарде аз зумраи тоҷикон мансубияти маҳаллии хешро авлотар медонист. Дар чунин муҳит бегонагироӣ рушд карду инсонҳои андаке аз ҷомеасозӣ бохабар забони бегонаро аз забони миллӣ бартарӣ доданд ва дар муҳити шаҳрҳо лаҳни аҷнабӣ бар лафзи миллат ғолиб омад.
Яке аз масоили умда дар осори таҳқиқии Кароматулло Олимов рӯоварии ӯ ба тасаввуфи Хуросон ва иртиботи он ба ҳикмати Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит аст. Ин масъала аз таҳқиқи олами андешаҳои ҳаким Саноӣ оғоз мегардад, ки бинобар дар Хуросон иқомат доштанаш ба зумраи мутасаввифаи хуросонӣ шомил шудааст. Донишманди илми фалсафа ҳаким Саноиро дар як сатри бағоят кӯтоҳе муаррифӣ намудааст: “Саноӣ гоҳо як шахсест комилан муташарреъ, гоҳо лоуболи маломатӣ, гоҳо гӯшанишин, гоҳо сӯфии сукрпешаи пайрави Боязид ва Мансур ва гоҳо шахси маъюсу бепарво ҷилвагар мегардад. Вале ӯ орифест мутафаккир, ҳақиқатҷӯ ва адолатхоҳ”[3].
Саноӣ зимни илҳом гирифтан аз сухани имом Абӯҳанифа ин мисраъҳоро эҷод мекунад, ки дар замони муосир низ аз бузургтарин масоили ҷомеаҳои шаҳрвандӣ боқӣ мондаанд:
Илм хондӣ нагаштӣ аҳли амал,
Ҷаҳл аз ин илми ту басе беҳтар.
Илм бо кор судманд бувад,
Илми бекор пойбанд бувад.
Дунболи Саноӣ шайх Абӯсаиди Абулхайр, Боязиди Бистомӣ, Абулҳасани Ҳарақонӣ, Абдураҳмони Сулламӣ, Абулқосими Қушайрӣ ва дигарон мавриди баррасӣ қарор гирифта, муҳаққиқи ирфон нигоҳи навро ба тасаввуфи исломӣ пешниҳод менамояд, аммо академик Кароматулло Олимов новобаста аз дигаргуниҳои куллӣ дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ яке аз ҳаводорони таълимоти Маркс ва пайравонаш боқӣ мемонад.
Дигар паҳлуҳои фаъолият дар зиндагиномаи Кароматулло Олимов шуғли шеърнависӣ мебошад. Ду байти зайл, ки ба қалами олими шинохта тааллуқ дорад, тасвири аҷибест, ки маҳорати шоирии ӯро гувоҳӣ медиҳад:
Аз давлати пояндаи худ фахр намоям,
Аз миллати созандаи худ фахр намоям.
Имрӯз Ватан гашт гулистони саодат,
Бо кишвари ояндаи худ фахр намоям.
Ба наздикӣ китоби нави академик Олимов ба табъ расид, ки “Симои сиёсӣ ва фарҳангии Пешвои миллат” ном дорад. Дар ин китоб муаллиф кӯшидааст, ки паҳлӯҳои гуногуни фаъолият ва андешаронии Сарвари давлатро баррасӣ карда, ба баъзе пурсишҳо посух диҳад, ки аз авомили асосии таъмин намукдани рушди ҳамаҷонибаи кишвар ихтиёр доштани раҳбар аст. Дар ин китоб мо ҷонибҳои гуногуни фаъолияти сарварро мехонем ва мушоҳида менамоем. Масалан, таваҷҷуҳ ба илм: “Яке аз корҳои муҳим ва ватанпарастонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи хоса ва ғамхорӣ ба илм аст. Маорифпарвари тоҷик Мирзо Сироҷи Бухороӣ як сабаби ақибмонӣ ва заволи аморати Бухороро дар хор кардани илм аз тарафи амир ва умарои он кишвар медонист. Маҳз ба шарофати пуштибонии Пешвои миллат дар ҷумҳуриамон Академияи илмҳо боқӣ монд, ҳарчанд вобаста ба талаботи замон таъминоти илм хеле беҳбудӣ мехоҳад. Имрӯз таҳқиқи масъалаҳои муҳими илмҳои табиатшиносӣ ва ҷомеашиносиву гуманитарӣ дар Академияи миллии илмҳо, Академияи илмҳои соҳавӣ ва марказҳои илмӣ ва кафедраҳои мактабҳои олии ҷумҳуриамон идома дорад, ки гувоҳи дастгирии Сарвар ва давлати соҳибистиқлол мебошад”[4].
Нақши Пешвои миллат тибқи андешаи мусанниф дар рушду такомули фарҳанги миллӣ бағоят бузург аст. Дар ин маврид Кароматулло Олимов таҷрибаи ҷаҳониёнро мисол оварда, ба хулосае меояд, ки иктифо ба фарҳангу анъанаҳои миллӣ ва наомӯхтани фарҳангҳо ва тамаддунҳо ҳанӯз рушд намебошад: “Афзалияти бузург дар ҷаҳони ҳамвор он кишваре дорад, ки фарҳангаш табиатан ба глокализатсия майл дорад, яъне идеяҳои беҳтарини хориҷӣ, дастовардҳо ва методҳои кориро аз худ намуда, бо анъанаҳои худ мудғам месозад. Ин масъала барои таърихи навини Тоҷикистон, хусусан барои эҷоди ҷомеаи демократӣ ва озод хеле муҳим аст. Чунки, тавре таҷрубаи солҳои нооромӣ нишон дод, гурӯҳе ки давлатро исломӣ кардан мехостанд ва барои амалӣ кардани ин ҳадаф ҷангро василаи асосӣ медонистанд, ва муваффақ ҳам шуданд, ки ҷангро бо силоҳҳои оташфишон доман зананд, танҳо фарҳанги исломиро мехостанд мутлақан ҷорӣ кунанд ва ҳатто онро ба фарҳангҳои дигари пешрафтаи ҷаҳонӣ муқобил гузоранд, осори тоисломиро низ аз байн баранд. Амалӣ шудани ин ақидаро дар мисоли рафтори “Толибон” дар Афғонистон мебинем, ки бист сол пеш муҷассамаҳои Буддои 53 ва 35 метраро ба воситаи динамитҳо тарконда, нобуд карданд”[5].
Маротиби аввал ҳамон солҳои навадум буд, ки гурӯҳи бехабар аз сиёсати вақт ҳолу аҳволи миллатро анқариб ба нестӣ расониданд ва чун диданд, ки авзоро баргардонида наметавонанд, шармандавор аз марзи кишвар фирор намуданд. Алъон боз ҳамин гурӯҳ бо маблағҳои аҷнабӣ сайъ дорад то Тоҷикистонро аз рушду тараққӣ боздоранд. Фаҳши сиёсие, ки дар он олудаед, бар миллати хеш таҳмил насозед, лек ҳазорон афсус, ки маънии муқаддаси миллат барои шумо ва амсолатон риддакҳои аҷнабӣ ноошност. Пас аз истиқрори сулҳ ба Ватан бозгаштед ва чӣ амале бар манофеи миллату Меҳан анҷом додед? Ғайр аз азхудкунии кӯмакҳое, ки аз хотири шаҳидон мегирифтед, магар корхонае сохтед, ки дар он ҳаммеҳанони шумо бо ҷои кор таъмин гарданд? Магар ҷиҳоде, ки шумо мефаҳмед, пайгирӣ аз аҷнабӣ нест? Агар чунин набошад, чаро дунболи аҷнабӣ қарор доштеду доред? Чун бозичаи дасти афроди қудратманд гардидед, пас аз адами нангу номус дар Эъломия даъво мекунед, ки башар аз модар озод таваллуд мешавад, пас чаро бидуни кӯмакҳо ва дастгирии дигарон ба фаъолияти густурда камар намебандеду ҳамеша чун сояи аҷнабӣ падид меоед?
Агар ба тарзи тафаккур ва фарзияҳои илмии Олимов аз наздик ошно бошед, дер ё зуд пай мебаред, ки номбурда ба ҳайси воқеанигор ҳақиқатгӯст ва шояд ҳамин омил боис шудааст, ки файласуф пайравони зиёде пайдо кардааст. Дар яке аз таҳқиқҳояш мефармояд: “Омӯхтани таърихи илму адабиёт ва маориф, дину ирфони тоҷик нишон медиҳад, ки дар нимаи дувуми асри XIX ва ибтидои асри XX сарнавишти бисёр шахсиятҳои соҳибистеъдоду миллатдӯсти тоҷик мураккаб ва фоҷеабор будааст[6].
Дар шароити ҷаҳонишавӣ муколама аз доираи фарҳангу воқеият (фазои фарҳангӣ) берун рафта, дар фазои худ афроди дорои ҷаҳонбиниидинӣ ва муносибатҳои сиёсии гуногунро фаро мегирад ва онҳо ба мақсад мувофиқ ва зарурӣ буда, барои ҳалли масъала муттаҳид мешаванд. Дар шароити ҷаҳонишавӣ муколамаи фарҳангҳо рисолати созиши некиро иҷро мекунад, ки фазои муколамаи байни тамаддуни фарҳангҳоро тавассути шаклҳои муташаккили институтсионалии ассотсиатсияҳо, марказҳо, ҷамъиятҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо ташкил медиҳад. Раванди љањонишавии муосир як навъи махсуси муколамаи фарњангњоро актуалї мегардонад, ки бо самти созанда ба амал – муколамаи сиёсї фарќ мекунад. Таҷассуми аслии он Созмони ҳамкории Шанхай мебошад, ки асоси идеологии он ба истилоҳ “Рӯҳи Шанхай” ҳамчун ифодаи ниятҳои ҳамкорӣ ва ҳамгироии фарҳангӣ мебошад. Созмони ҳамкориҳои Шанхай ҳамчун як консенсуси кишварҳои баробарҳуқуқ намунаи муколамаи Шарқу Ғарбро муаррифӣ мекунад, ки дар он ратсионализми аврупоӣ (дар қабули қарор) ва прагматизми шарқӣ (дар иҷрои қарорҳо) таҷассум ёфтааст. Кароматулло Олимов ҷиҳати пажӯҳиши “Гуфтугӯи фарҳангҳо” нигоҳи мусбат дошта, зимни иштирок дар хонишҳои илмии Лихачёвӣ, ки 13-14-уми майи соли 2010 дар шаҳри Санкт-Петербургбаргузор гардид, таҳқиқоте анҷом дода, диди амиқе бобати баррасии “фарҳанги ҷаҳонӣ” изҳорнамудааст: “Лозим аст доманаи мафҳуми“фарҳанги ҷаҳонӣ” мушаххас шавад. Оё нишондиҳанда маҷмӯи фарҳангҳои мардуми ҷаҳон аст ё фарҳанги кишварҳои тавсеаёфта? Оё ин фарҳанг равобити байни давлатҳо ва ниҳодҳои ҷаҳонии фаромиллӣ аст, ки муҳтавоисиёсӣ дорандуаз лиҳози мундариҷа бештар аз он маҳсуб мешаванд? Барои ҷилавгирӣ аз талаққии фарҳанги ҷаҳонӣ ба унвони аъҷубае(монстр), ки фарҳангҳои дигарро фуру хоҳад бурд, лозим аст усули ахлоқии тавсеаёфта тавассути талошҳои ҷаҳонии бештар ба унвони маъқулаи аслии ин фарҳанг таъин шавад”[7].
Синтези фарҳангҳо бо нигоҳ доштани гуногунии фарҳангҳо аз аҳдофе маҳсуб мешавад, ки раванди ҷаҳонишавӣ онро роҳандозӣ мекунад, аммо аксуламали ҷаҳонисозӣ низ дар тақвияти ҳадафҳое саъй мекунад, ки такмили гуногунии фарҳангҳоро дар замони муосир пайгирӣ хоҳад кард.
Аз омилҳои таърихии ташаккул ва тақвият ёфтани ҳувияти фарҳангии ҷомеаҳои муосир вижагиҳои бархурд ва баҳамоии аносири фарҳангӣ маҳсуб мешавад. Масалан, бинобар қавли ҷомеашиноси муосири амрикоӣ Самюэл Ҳантингтон, агар асоси ҳувияти фарҳангии амрикоӣ“протестантизми бритонӣ” бошад, бегуфтугӯ пояҳои асосии ҳувияти фарҳангии ҷомеаи Тоҷикистон тарзи тафаккур ва ҷаҳонбинии ориёӣ ва махлутшавии он бо андешаи исломӣ аст, ки алҳол дар анъана ва ҷашну маросими тоҷикон мушоҳида мешаванд. Гузашта аз ин, тамаддуни ориёӣ (эронӣ), ки дар номгӯи А. Тойнби ҷиҳати баррасии тамаддунҳои ҷаҳонӣ ворид гардидааст, майли гуфтугӯ бо ғайр ва баҳамоии тамаддунҳоро инкор намекунад ва чунонки ҳаким Фирдавсии Тусӣ дар “Шоҳнома”, дар бахши “Достони дувоздаҳ рух” дар мисоли Пиррони Виса мутазаккир мешавад, ориёиҳо агарчи дар ғасби сарзаминҳои нав мушорикат доштанд, аммо суботи ҷомеаро авлотар шуморида, “баҳамоварӣ” – ро рукни ба ҳадаф мувофиқ медонистанд. Бинобар ин, афкори ориёӣ дар замони хилофати араб ва пасон низ ҳукумат мекард, агарчи араб бинобар кинварзӣ ба ориёиҳо ҳамаи вижагиҳои фарҳангии онҳоро аз номи худ матраҳ намуда, сохти давлатдории мансуб ба ориёиҳоро бардурӯғтаҳриф менамуданд. Мисоли ин гуна таҳрифсозиҳо “никоҳи маҳорим” ва “умумӣ будани занон” дар бовариҳои динии ориёҳост, аммо таърихи ниёкони мо гувоҳ аст, ки онҳо маслакҳои мухталифе эҷод кардаанд ва дар баробари тавҳид, гурӯҳе аз онҳо ба бутпарастӣ дар марзи Бохтари қадим машғул будаанд. Яъне, на фақат таърих ва бостоншиносӣ, балки хусусиятҳои фарҳангии ҷомеаи Тоҷикистон гувоҳӣмедиҳад, ки новобаста ба таҳмилшавии ислом феълан анъанаҳои гуногуне ва мансуб ба фарҳангҳои мухталиф мавҷуданд ва агар онҳоро қудрати исломӣ дар таърихи 1400 – солаи худ маҳв накардааст, пас чӣ гуна метавон гуфт, ки раванди ҷаҳонишавӣ ғалабаи ҳувияти амрикоиро бар соири ҳувиятҳо таъмин намудааст? Лекин ҷомеаи Тоҷикистон дар замони муосир ба таҳмили афкори зиддимиллӣ дучор гардида, пояҳои асосии фарҳанги миллӣ дигаргуна баррасӣ мешаванд. Масалан, чун ҳукумати Тоҷикистон иқдом намуд, ки озмуне ҷиҳати баррасии китоби академик Бобоҷон Ғафуров бо унвони “Тоҷикон” роҳандозӣ хоҳад кард, ҳатман дар васоити ахбори коммуникатсионӣ аз забони олимони Ғарб ин андешаи номақбуле расонаӣ шуд, ки ниёкони мо ҷиҳати ҷалби сайёҳӣ ва тиҷорат ба бутсозӣ машғул мегардидаанд, дар ҳоле ки омили асосии интишори ин ақида, ки бо таърих моҷаро дорад, аслан бартараф сохтани таваҷҷуҳи шаҳрвандони кишвар ба китоби “Тоҷикон” аст.
Кароматулло Олимов низ дар як мақолаашон таҳти унвони “Давлатҳои миллӣ ва ниҳодҳои ҷаҳонӣ: таамул дар роҳҳои шаклгирии фарҳанги ҷаҳонӣ” чунин менависанд: “Ҷиддитаринтаззодҳо, ки байни ҷаҳонбинӣ ва идеология шомил мебошанд, динӣ ва дунявӣ ҳастанд. Ба таври мутаноқиз дар шароити ҷаҳонишавӣ дин гоҳе ба унвони механизме барои ҳифозат аз фарҳанги миллӣ амал мекунад ва ин муддат омили ташкили ҳувияти миллӣ хоҳад буд”[8].
Лозим ба ёдоварист, ки вижагиҳои фарҳанги ориёӣ дар зиндагии рӯзмарраи тоҷикони муосир маҳфуз мондаанд ва тавассути онҳо умр ба сар мебаранд. Масалан, ҳунари гулдӯзӣ дар шаклу рақам ва дар тасвири худ тафаккури ориёиро баён дошта, ғолибан муҳтавои мобаъдуттабиӣ доранд. Гузашта аз ин, дар баъзе манотиқи кишвар рангҳое мисли сафеду сурх то кунун дар пӯшишҳои миллӣ нақшандозӣ мегарданд, ки бори дигар иртиботи имрӯзиёнро бо фарҳанг ва тамаддуни ориёӣ муаррифӣ мекунад, чунки ақвоми ориёӣ рангҳои мазкурро мунтахаб медонистанд. Дигар аз аносири фарҳанги замони ҷаҳонишавӣ бештар татбиқшавии андешаҳои утопиявӣ аст, ки чунин иқдоми башар таърихи дуру дароз дошта, вазъи нави ҷомеаро қудрат дорад баррасӣ кунад. О. Шпенглер нишон медиҳад, ки навъҳои шахсият ва навъҳои фарҳанг ба ҳамдигар вобастаанд. Ҳар як фарҳанг афсонаҳои худро дар бораи худ эҷод мекунад ва хусусияти вобаста ба давра, мавҷудият ё набудани буҳрон ва ғайра, ки дар фарҳангҳои гуногун вуҷуд доранд, падидаҳои табиатро шарҳ медиҳанд. Кумак ба бунёди муносибатҳо, меъёрҳои ахлоқӣ, кумак ба зинда мондан навъе аз вижагиҳои фарҳангист. Баъзан чунин ба назар мерасад, ки худшиносии инсон вобаста ба заминаи фарҳангӣ ва таърихӣ, зерфарҳангӣ ва дар айни замон, афсонасозӣ зарур аст. Худи ҳаёт як ҳикоя аст, аммо дар умқи ҳар як шахс пинҳон аст, зеро тасвири ҷомеа дар рӯйи замин нест. Таҳлили чунин вазъият моро нохост ба хулосае меорад, ки мо бар асоси экзистенсиализми муосир ирфонӣ сухан меронем ва тамоили бозгаштан ба замони бостон мекунем, чунки нодонӣ ва хурофот дар ҳар як утопия мавҷуд аст. Бинобар ин, аз вижагиҳои таҳқиқу баррасии ҳувияти фарҳангии дилхоҳ ҷомеа зеҳнияти ҳамон миллат нақши калидӣ дорад, ки низоми давлатӣ дар дасти ӯст ва истилоҳи менталитет – (аз вожаи лотинии мentalis – равонӣ) – тарзи тафаккур, маҷмӯаи маҳоратҳои равонӣ, муносибатҳои равонӣ ва анъанаҳои фарҳангии хоси шахсият ё ҷомеаи инсонӣ маҳсуб мешавад. Истилоҳи «менталитет»-ро файласуфи амрикоӣ Р. Эммерсон (1856) ҳамчун истилоҳи илмӣ ворид кардааст. Ҷоиз ба тазаккур аст, ки менталитет як намуди мушаххаси тафаккур аст ва сатҳи шуури фардӣ ва коллективиро инъикос мекунад. Он дар зери шуур таваллуд мешавад, аммо тадриҷан умумиятеро, ки аз маълумоти табиӣ ва унсурҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ асоснокшуда иборат аст ва дар ниҳоят дар ғояи ҳаёт ва ҷаҳони атроф ифода ёфтааст, азхуд мекунад. Баръакси муносибатҳои зудтағйирёбандаи идеологӣ ва муносибатҳои иҷтимоӣ, менталитет бештар табиати доимӣ дорад, зеро дар он одатҳои устувор, одоб ва шаклҳои рафтор инъикос меёбад. Бинобар ин, тоҷикон менталитети хоси худро доранд, ки онро аз ниёи худ мерос гирифтаанд ва вижагии он ба ҳайси зеҳнияти такмилёфта дар гузашта ва имрӯз пазироии дунё алайҳи дунёбезории сомӣ мебошад. Агар ба вижагиҳои зиндагӣ ва тарзи тафаккури тоҷикон таваҷҷуҳ кунем, дер ё зуд дармеёбем, ки онҳо бинобар иқрори лафзии пайрави ислом буданшон, боз аз падидаҳое дастгирӣ мекунанд, ки хоси ориёиҳои қадим мебошанд. Асолати миллӣ ҷиҳати баён доштани тарзи тафаккур дар тоҷикон вижагиҳои дунявӣ дорад, чунки осори гаронқадри ориёӣ ва адабиёти паҳлавӣ гетиороиро чун падидаи аслии созвораи иҷтимоӣ муаррифӣ мекунанд. Аммо андешаи марбут ба исломгароӣ ва пазироии ақидаи аҷнабӣ тоҷиконро дар созишу иртиқои дугунае ба унвони ҳамоҳангии дунявият бо хиради раҳбонӣ, ки маҳсули тафаккури сомӣ мебошад, олуда сохтааст. Ирқан тоҷикон ориёӣ ҳастанд ва лаҳни онҳо ба гурӯҳи забонҳои ҳиндуаврупоӣ ворид мегардад, аммо бовариҳои динӣ онҳоро бо ақвоми бадавии нимҷазираи Арабистон ва соири тангчашмони қитъаи Осиё наздик кардааст. Бинобар ин, ҳувияти фарҳангии тоҷикӣ вижагиҳое махлут дар заминаи олудагии ду навъи тафаккур (дунявӣ ва раҳбонӣ, ориёӣ ва сомӣ) аст ва таҳқиқи чунин вижагиҳо аз ҳадафҳои аслии нигоранда маҳсуб мешавад.
Кароматулло Олимов ягона ҷомеашинос аз Ховари Марказӣ буд, ки дар хонишҳои лихачёвии шаҳри Санкт-Петербург иштирок карда, назари хешро оид ба баҳамоии фарҳангҳо ва ғамшарикии тамаддунҳо сароҳатан изҳорнамуда, вазъи чунин гуфтугуро дар минтақа баррасӣ намудааст. Бинобар ин, дар дилхоҳ давлатҳои пасошӯравӣ агар суҳбат аз ҷомеашиносии муосир равад, уламои Россия ҳатман исми К. Олимовро бар забон меоранд. Ин эҳтиром ба донишманди тоҷик гувоҳӣ медиҳад, ки номбурда ҷиҳатибаррасӣ ва пажӯҳиши вижагиҳои раванди ҷаҳонишавӣ бо дарназардошти ҳувияти фарҳангии ҷомеаҳои муосирва гирифтории он ба буҳрон талош доштааст.
Ширин Қурбонова муовини Раиси КИИ “Хирадмандон”- и ҲХДТ дар АМИТ, доктори илми таърих
[1] Олимов К. Андешаҳо доир ба фалсафа, ирфон ва худшиносии миллӣ, Душанбе, 2014, саҳ. 219.
[2] Олимов К. Истиқлолияти давлатӣ ва худшиносии миллӣ, Душанбе, Эр-граф, 2013, саҳ. 6.
[3] Олимов К. Андешаҳо доир ба фалсафа, ирфон ва худшиносии миллӣ, саҳ. 59.
[4] Олимов К. Симои сиёсӣ ва фарҳангии Пешвои миллат, Душанбе, - 2021, саҳ. 39.
[5] Ҳамон ҷо, саҳ. 96.
[6] Олимов К. Ҷусторе дар аҳвол, осор ва ҷаҳонбинии Ҷавҳарии Истаравшанӣ, Душанбе, - 2020, саҳ. 6.
[7]Диалог культур и партнерство цивилизаций: становление глобальной культуры, Санкт Петербург, - 2010, с. 284.
[8] Там же, с. 285.