Перейти к основному содержанию

Имрӯз (20.02.2025) бо иштироки олимони ҷавони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ бахшида ба 23- феврал Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ доир гардид.

Дар семинари илмӣ директори ИФСҲ АМИТ профессор Маҳмадизода Нозим, номзади илмҳои педагогӣ Ситора Абдумуминзода, номзади илмҳои филологӣ Субҳиддин Зиёев ва докторанти бахши якуми ихтисоси ҳуқуқшиносӣ Рауфзода Комронҷон бо гузоришҳои илмӣ баромад намуданд.