
Имрӯз, 20 май дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 18- май "Рӯзи байналмилалии осорхона" Конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Рушди Осорхонаҳои Тоҷикистон дар партави истиқлоли давлатӣ” баргузор гардид.
Ба кори конфронс ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён ҳусни оғоз бахшида, таъкид дошт, ки ҳамасола 18- уми май дар тамоми ҷаҳон “Рӯзи байналимилалии осорхонаҳо” ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз осорхонаҳо дарҳои худро барои меҳмонон боз намуда, бо ироаи барномаҳои махсус кӯшиш мекунанд боз ҳам диққати тамошобинонро ба омӯзиши таърих ва огоҳӣ аз осори таърихӣ ҷалб мекунанд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар суханронии муқадимавии хеш иброз доштанд, ки замони муосир бо таҳаввулоти фавқулода, падидаҳои ғайричашмдошт, тағйироти мунтазами иқлимӣ ва геополитикӣ ҳар як фарди ҷомеаро водор месозад, ки бо эҳсоси баланди масъулият дар ҳифзу ҳимояи арзишҳои умумибашарӣ ва миллӣ саҳмгузор бошад. Дар чунин шароити мураккаб нақши илму фарҳанг ҳамчун пояи шуурмандии ҷомеа ва худшиносиву ватандӯстии шаҳрванд беш аз ҳарвақта муҳим арзёбӣ мегардад.
Гуфта шуд, ки осорхонаҳо ҳамчун ниҳодҳои муассири фарҳангӣ ва маърифатӣ нақши арзишманд дар шиносоии ҷомеа бо мероси таърихию фарҳангӣ, густариши ҷаҳонбинӣ ва тарбияи ҳисси миллӣ доранд. Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо ташаббусу сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи фарҳанг ва махсусан фаъолияти осорхонаҳо марҳала ба марҳала рушду такомул ёфта, ба як шохаи муҳими тарбияи маънавии ҷомеа табдил ёфтааст.
Тавре ки, Пешвои миллат дар мулоқоти навбатии худ бо аҳли илм ва маориф, ки санаи 30 майи соли 2024 баргузор гардид, таъкид карданд:«Истиқлоли давлатӣ шароит фароҳам овард, ки таҳқиқи илмии дастовардҳои моддиву маънавӣ, мероси фарҳангӣ ва таърихи куҳанбунёди тоҷикон вусъати бесобиқа пайдо карда, миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангсолор, эҷодкору илмпарвар ва шаҳрсозу шаҳрнишин муаррифӣ гардад».
Таъкид гардид, ки осорхонаҳо ҳамчун марказҳои ҳифз, омӯзиш ва муаррифии мероси моддӣ ва маънавии башар, имрӯз ба майдони муҳими муколамаи тамаддунҳо, омӯзиши таърих ва ташаккули ҳувияти фарҳангӣ табдил ёфтаанд. Аз ин рӯ, таҷлили Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо, ки ҳамасола 18 май бо ташаббуси Шӯрои байналмилалии осорхонаҳо (ICOM) ҷашн гирифта мешавад, на танҳо ёдоварӣ аз нақши осорхонаҳо дар ҳаёти иҷтимоӣ, балки як саҳнаи ҳамзистӣ ва муаррифии мероси умумиинсонӣ аст. Ин рӯз бори аввал соли 1977 ҷаласаи 11-уми Шурои байналмилалии осорхонаҳо (ICOM) дар шаҳрҳои Москва ва Ленинград баргузор шуд, ки аз он рӯз ба як ҷашни ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.
Ёдовар мешавем, ки аз соли 1978 инҷониб, Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо дар саросари ҷаҳон таҷлил мегардад. Соли 2025, Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо таҳти шиори «Ояндаи осорхонаҳо дар ҷомеаҳои босуръат тағйирёбанда» таҷлил мегардад. Ин мавзӯъ ба нақши осорхонаҳо дар ҷаҳони муосир, ки бо тағйироти иҷтимоӣ, технологӣ ва муҳити зист рӯ ба рӯ аст, равона шудааст.
Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо на танҳо ҷашни кормандони осорхонаҳо, балки тамоми дӯстдорони фарҳанг ва таърих аст. Он ба мо ёдрас мекунад, ки осорхонаҳо на танҳо ҷойи нигоҳдории ашёҳои таърихӣ, балки марказҳои омӯзиш, таҳқиқ ва рушди ҷомеа мебошанд.
Бояд гуфт, ки Тоҷикистон - сарзамини дорои таърихи куҳан ва фарҳанги ғанист. Дар даврони Истиқлол, бо сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соҳаи фарҳанг, бахусус фаъолияти осорхонаҳо рушд ёфтанд ва осорхонаҳо на танҳо ҷойи нигаҳдории нигораҳо, балки ба маркази пажӯҳиш, маърифат ва тарбияи насли ҷавон табдил ёфтанд.
Имрӯз, 20 май бахшида ба "Рӯзи байналмиллалии осорхона" ҳайати олимон кормандон таҳти роҳбарии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт сайри осорхона баргузор намуданд.
Дар оғоз роҳбарияти акдемия ва олимону кормандон аз Осорхонаи адабӣ-ёдгории устод Садриддин Айнӣ дидан намуда, аз хотироти нек ва ҷовидонаи ин донишманд ва адиби бузурги тоҷик ёдовар гардиданд.
Зимни боздид иттилоъ дода шуда, ки Осорхонаи адабӣ-ёдгории Садриддин Айнӣ соли 1963 бо қарори КМ Ҳизби Коммунист ва Шурои вазирони Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Осорхона дар ибтидо муассисаи Вазорати Маданияти РСС Тоҷикистон ҳисоб меёфт. Сипас, соли 1966 ба ихтиёри АИ РСС Тоҷикистон супорида шуд.
Гуфта шуд, ки соли 1978 ба муносибати ҷашни садумин солгарди зодрӯзи Садриддин Айнӣ бинои Осорхона аз нав таъмиру тармим гардида, маводу санадҳои бештар ҷамъоварӣ шуданд ва бо Қарори Комитети Иҷроия, Шурои Вазирон ва Қарори Юнеско Осорхона аз нав дари худро барои бинандагон боз намуд. Осорхона аз ҳуҷраҳои гуногун иборат аст, ки ҳар кадоме аз онҳо саҳифае аз зиндагӣ ва фаъолияти эҷодии адабиву илмӣ ва маорифпарварии С.Айниро дар бар мегиранд.
Ёдовар мешавем, ки осорхона дар маркази шаҳри Душанбе ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кӯчаи Ҳамза Ҳакимзода ҳавлии №1 воқеъ гардидааст. Дар ин манзил устод Садриддин Айнӣ ҳамроҳи аҳли байт солҳои охири ҳаёти хешро (1951-1954) сипарӣ намудааст. Мувофиқи омори дар Осорхона 150 адад экспонат, 189 адад воситаҳои асосӣ, 2000 адад китоб мавҷуданд. Аксари ин китобҳо асарҳои худи устод буда, бо забонҳои гуногун ва дар солҳои мутафовит нашр шудаанд.
Дар идома ҳайати роҳбарият ва олимону кормандон аз Осорхонаи мардумшиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон боздид намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки осорхонаи мазкур бо Қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз моҳи сентябри соли 1981 дар заминаи Шуъбаи мардумшиносӣ таъсис дода шуд. Ҷамъоварии коллексия ва фондҳо аз соли 1948 оғоз гардида то имрӯз тавассути экспедитсияиҳои мардумшиносӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ ва берун аз он идома дорад.
Таъкид гардид, ки ёдгориҳои осорхона аз коллексияи кулолӣ, миссӣ, либоси миллӣ, гулдӯзӣ, ороишоти заргарӣ, асбобҳои гуногуни рӯзгор таркиб ёфтааст ва ин нигораҳо имконият медиҳанд, ки доир ба таърихи макон, урфу одат, анъанаву суннат ва ҳунарҳои мардумии тоҷикон дар гузашта ва имрӯз маълумот ба даст ояд.
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки Бобоев Комрон Одилович - мудири шуъбаи амниятӣ химиявӣ, доктор фалсафа (PhD), ходими калони илмии Агенти амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсиони ва ядроии Академияи милли илмҳои Тоҷикистон таҳти роҳбарии доктори илмҳои химия
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки Бобоев Комрон Одилович - мудири шуъбаи амниятӣ химиявӣ, доктор фалсафа (PhD), ходими калони илмии Агенти амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсиони ва ядроии Академияи милли илмҳои Тоҷикистон таҳти роҳбарии доктори илмҳои химия, профессор, академики АМИТ Мирсаидов У.М - дар конфренсияи байналмилалии «БЕҲТАРИН ОЛИМИ ҶАВОН» соли 2025 дар Ҷумҳурии Қазоқистон шаҳри Остона, ки аз 1март то 10 март идома ёфта буд бо пешниҳоди мақола тариқи онлайни иштирок намуда соҳиби ДИПЛОМИ дараҷаи 1, медал ва шаҳодатномаи « ЛУЧШИЙ МОЛОДОЙ УЧЕНЫЙ ГОДА» сарфароз гардид.
Барои ноил гардидан ба ин дастоварди илми аз номи Раёсати Академияи милли илмҳои Тоҷикистон ба Бобоев К.О ва роҳбари илмиашон Устод Мирсаидов У.М мувафақиятҳои нав ба навро орзумандам.
БА ИМЗО РАСОНИДАНИ СОЗИШНОМАҲОИ ҲАМКОРӢ БО ИНСТИТУТҲОИ ИЛМӢ-ТАҲҚИҚОТИИ ҶУМҲУРИИ ФЕДЕРАТИВИИ ОЛМОН
Имрӯз, 16 май дар ҳошияи баргузории конфронси байналмилалӣ миёни олимону муҳаққиқони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва олимону муҳаққиқони Ҷумҳурии Федеративии Олмон барои рушди корҳои илмиву таҳқиқотии ҷонибҳо тамоми инситутҳои илмиву таҳқиқотии Олмон бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд.
Бояд гуфт, ки роҳкушоӣ ҳамаи ин ҳамкориҳо дар замони соҳибистиқлолӣ бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омадааст, ки ин метавонад барои баланд бардоштани сатҳи забономӯзӣ, дӯстии байни миллатҳо, табодули таҷриба ва умуман барои баланд бардоштани илми тоҷик мусоидат мекунад.
Ёдовар мешавем, ки бастани чунин шартномаҳои ҳамкорӣ миёни олимону муҳаққиқони тарафайн мушкилиҳои ҷойдоштаро бартараф намуда, ва барои олимону муҳаққиқони оянда низ заминаи мусоиди корӣ фароҳам мешавад.
Дар доираи ба роҳ мондани ин созишномаҳо ҳамкориҳо миёни олимону коршиносони соҳаи биологияи тарафайн ба роҳ монда шуда, ҳамзамон таҳқиқотҳои муштарак анҷом дода мешаванд.
БА РОҲ МОНДАНИ ҲАМКОРИҲОИ ИЛМӢ МИЁНИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ҚАЗОҚИСТОН
Имрӯз, 16 май президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо ректори Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи Ал - Форобӣ Туймебаев Жансейит мулоқот намуд.
Зимни мулоқот президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ, Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт меҳмони олиқадрро бо хушнудӣ истиқбол намуда, доир ба ҳамкориҳои илмии дуҷониба ва самтҳои дурнамои рушди фаъолияти илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маълумоти муфассал манзур намуд.
Дар мулоқот тарафҳо дурнамои рушди ҳамкориҳои илмӣ миёни олимону муҳаққиқони Академияи милли илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи Ал – Форобиро, ки дар марҳилаи нав оғоз меёбад, баррасӣ намуданд. Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар самтҳои гуногуни илмҳои бунёдӣ созишнома ба имзо расониданд. Бояд гуфт, ки минбаъд дар доираи ин созишнома миёни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи Ал – Форобӣ ҳамкориҳо рушду густариш меёбанд.
Инчунин, ҷонибҳо дар доираи ин ҳамкориҳо барои ҷалби магистрантон ва докторантони PhD- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои таҷриба андухтан дар самтҳои мухталиф дар Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи Ал – Форобӣ ба мувофиқа омаданд.
Дар охир барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар марҳилаи нав бо Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи Ал – Форобӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Имрӯз, 15 май бо иштироки президенти Академияи миллии Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, раиси Раёсати Хазинаи байнидавлатии ҳамкориҳои башардӯстонаи кишварҳои узви ИДМ Полад Булбулоғлу, намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Руссия оид ба ҳамкориҳои байналмилалии фарҳангӣ Михаил Швидкой ва олимону зиёиён кори форум ба анҷом расид.
Дар оғоз президенти Академияи миллии Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба роҳбарияти Хазинаи байнидавлатии ҳамкориҳои башардӯстонаи кишварҳои узви ИДМ барои ҳамкориҳои муштарак дар баргузории Форуми XVIII зиёиёни эҷодкор ва илмии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Таъкид гардид, ки имрӯзҳо дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе бо ташаббусҳо Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ баргузор мегарданд. Бояд гуфт, ки форуми зиёиёни илмӣ ва эҷодии ИДМ бузургтарин чорабиниҳои башардӯстона дар кишварҳои ИДМ буда, дар он натиҷаҳои соли гузашта ҷамъбаст гардида, нақшаҳои чорабиниҳои муштарак баррасӣ ва оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ дар соҳаи илм, маориф, фарҳанг, иттилоот, сайёҳӣ, варзиш ва кор бо ҷавонон таҳия карда мешаванд.
Боиси хушнудист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дувум мизбони ин ҳамоиш мебошад. Дар ин замина бо боварӣ метавон гуфт, ки баргузории чунин чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ барои густариш ёфтани ҳамкориҳои зиёиёну эҷодкорон ва олимону муҳаққиқони кишварҳои муштаркулманофеъ имконият фароҳам оварда, ба ин восита табодули таҷриба ва беҳбудӣ бахшидан дар дилхоҳ соҳаҳо вусъат меёбат.
Дар анҷоми форум олимону зиёиён хулосаву пешниҳодҳои худро барои афзалият бахшидан дар соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг, иттилоот, сайёҳӣ, варзиш ва кор бо ҷавонон иброз дошта, барои густариши ҳамкориҳои минбаъдаи кишварҳои узви давлатҳои ИДМ масъалагузорӣ намуданд.
Имрӯз, 15 май дар ҳошияи баргузории Форуми XVIII зиёиёни эҷодкор ва илмии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон мулоқоти президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо намояндагони Академияҳои илмҳои кишварҳои узви давлатҳои ИДМ баргузор гардид.
Зимни мулоқот президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт меҳмононро барои ташрифашон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштирок дар форум сатҳи байналмилалӣ хайрамақдам гуфта, таъкид доштанд, ки ин анҷуман хусусияти анъанавӣ пайдо карда, дар тӯли тақрибан ду даҳсола як минбари доимӣ барои баррасии андешаҳои саривақтӣ ва қабули қарорҳое буд, ки барои кишварҳои мо дар соҳаи ҳамкориҳои башардӯстона бисёр муҳиманд. Воқеан ҳам рӯзи аввали Форум, ки дирӯз дар сатҳи хеле баланд баргузор шуд, як механизми тавонои оғози мубоҳисаҳои муштараки имрӯзаи мо мегардад.
Гуфта шуд, ки муҳити башардӯстона ва созанда ба мушкилоти давраи гузариш дар тамоми давлатҳои мо ҳассостар буд ва мушкилоти муайян танҳо як қисми нигарониҳои ҷиддӣ дар бораи сарнавишти халқҳо, мероси таърихию фарҳангӣ дар фазои бузурги тамаддун буданд.
Зимнан, дар кишварҳои ИДМ имкониятҳои нав ба вуҷуд омадаанд, ки ба донишҳои илмӣ, маориф ва фарҳанг бештар таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд. Мамлакатҳои иттиҳод маҳз дар ҳамин соҳаҳо захираи асосии навсозӣ ва тараққиёти куллии иқтисодиёти миллирро фароҳам овардаанд
Дар идома таъкид гардид, ки омезиши бартариҳои рақобатие, ки ҳар як кишвари мо дорад, барои ҳама манфиатҳои назаррас хоҳад овард ва аз ин рӯ, ҳамкориҳои нав дар соҳаи гуманитарӣ метавонад яке аз лоиҳаҳои пешрафтаи Иттиҳод гардад, ки қодир ба тамоми равандҳои ҳамгироӣ такони нав бахшида, моделҳои универсалӣ ва саривақтии ҳамкориҳои моро пешниҳод мекунад. Дар ин ҷо, албатта, мо ба муколамаи мустақими эҷодӣ бо “семинарҳо”, доираҳои соҳибкорӣ умед мебандем ва дар ҳамкорӣ бо ҷомеа ва сохторҳои давлатӣ ба ташаббус ва захираҳои шумо такя мекунем.
Дар идомаи мулоқот роҳбарони муассисаҳои илмии кишварҳои аъзои давлатҳои ИДМ суханронӣ намуда, барои густариши ҳамкориҳои илмӣ дар самтҳои мухталиф пешниҳодҳои худро иброз доштанд.
ҶАЛАСАИ МУШТАРАКИ ШУРОИ ҲАМКОРИҲОИ БАШАРДӮСТОНАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ ИДМ ВА РАЁСАТИ ХАЗИНАИ БАЙНИДАВЛАТИИ БАШАРДӮСТОНА
Имрӯз, 15 май дар ҳошияи баргузории Форуми XVIII зиёиёни эҷодкор ва илмии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи муштараки Шурои ҳамкориҳои башардӯстонаи кишварҳои узви ИДМ ва раёсати Хазинаи байнидавлатии башардӯстона баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Саториён ва дигар намояндагони кишварҳои ИДМ иштирок намуданд.
Зимни баргузории ҷаласа масъулин масъалаи баланд бардоштани фарҳангу маданияти халқиятҳо, зинда нигоҳ доштани фарҳанг ва тамаддуни башарият дар замони муосирро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Бояд гуфт, ки тоҷикон аз ҷумлаи миллатҳое мебошанд, ки бо доштани таъриху фарҳанг ва маданияти пурғановат қобили эътирофи ҷаҳониён гардидаанд. Бешак бетавон гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани мақоми фарҳангу мадданияти халқиятҳо иқдомҳои назаррасро роҳандозӣ намудааст.
Ҳамин аст, ки яке аз самтҳои дигари ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати хориҷӣ бо кишварҳои аъзои давлатҳои ИДМ ин соҳаи фарҳанг ба ҳисоб меравад, ки дар замони соҳибистқлоли густариш ёфтааст.