23 августи соли равон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамоиш-рӯнамои асари тозаи таҳқиқии «Академик Муҳаммад Осимӣ ва таҳқиқи масоили фарҳанги бадеии тоҷик», бахшида ба гиромидошти солрӯзи собиқ президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти омузиши тамаддуни Осиёи Марказии назди ЮНЕСКО, поягузори Анҷумани тоҷикон ва форсигӯёни ҷаҳон “Пайванд”, асосгузори Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи тоҷик, яке аз асосгузорони Академияи илмҳои Афғонистон, аъзо- корреспонденти Академияи илмҳои СССР, Лауреати мукофоти байналмилалии ба номи Ҷаҳирлол Неру, донишманди барҷаста, ходими намоёни давлатӣ ва ҷамъиятӣ, академик Муҳаммад Осимӣ доир ба масоили мубрами камомӯхташудаи фарҳанги бадеии тоҷик,ки олимони 7 кишвар анҷом додаанд ва ба нашр расидааст, баргузор гардид.
Дар баргузории ҳамоиш президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва ноибони президенти АМИТ академикону олимон ва ҳаводорони осори академик Муҳаммад Осимӣ иштирок намуданд.
Ба кори ҳамоиш нахуст ноиби президенти АМИТ Саломиён Муҳаммаддовуд Қаюм ҳусни оғоз бахшида, сухани муқаддимавиро ба президенти академия Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт доданд.
Мавсуф зимни баромади хеш ҳозиринро хайрамақдам гуфта, аҳли ҷамъомадагонро ба муносибати устоди зиндаёд академик Муҳаммад Осимӣ муборакбод намуд ва аз бузургию донишмандии собиқ президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Осимӣ ёдовар шуд.
Дар таҳқиқоти дастаҷамъии тоза ба нашр расида гуруҳи олимони саршиноси тоҷик, Амрико, Франсия, Канада, Испания, Ҳиндустон, Ӯзбекистон ва ғайра ширкат намуда, дар навиштаҳои асари мазкур масоили камомӯхташудаю мубрами назариявию консептуалии фарҳанги бадеии тоҷикон аз дирӯз то имрӯз, саҳми донишманди барҷаста, яке аз ташкилдиҳандагон, сарвари илми бунёдии тоҷик академик Муҳаммад Осимӣ, ки сарварии Академияи илмҳои Тоҷикистонро зиёда аз ду даҳсола ба зимма доштанд, ба риштаи таҳқиқ омадааст. Муҳаққиқон дар навиштаҳояшон паҳлӯҳои муҳимми фаъолияти пурбори илмию давлатӣ, ҷамъиятии ин симои бурҷастаро бар пояи санадҳои тоза ба қалам овардаанд. Аз ҷумла , саҳми устоди зиндаёд академик Муҳаммадж Осимӣ дар ташаккулу пешрафт, ҳаллу фасли масоили таърихию назарии фарҳангии бадеии тоҷик корҳои камназири ташкилии илми академӣ, баргузор намудани симпозиум, конгрессҳои бузург дар дохили кишвар ва берун аз он, инчунин навиштани асарҳои таркибан методологию консептуалӣ доир ба фарҳанги бадеии тоҷик ҳам саҳми арзанда доранд.
Дар навиштани ин асари дастаҷамъӣ ,ки олимони ватанию хориҷӣ ширкат намудаанд,мавзуоти мубрами таърихию назарии фарҳанги бадеии тоҷик ва хидмати шоистаи академик Муҳаммад Осимӣ дар омӯзишу густариши он аз дидгоҳи нав баррасӣ шудаанд.
Аз ин рӯ навиштани чунин асарҳои дастаҷамъии академӣ, ҷалби муҳаққиқони соҳаҳои гуногуни кишварҳои дигар, дар шароити геополитикии имрӯз ва нашру паҳн намудани чунин таҳқиқот аз барномаҳои муҳими Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошад.