Ду сол пеш ҳамин шабу рӯз фаъолияти пурсамар, садоқату боварӣ ва эътимоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар остонаи ҷашни 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ордени Шараф дараҷаи II сарфароз гардид.
Воқеан ҳам дар мавриди шахсияти профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт сатрҳо боз гӯем кам аст. Зеро устоди гиромӣ ҳамчун шахсияти донишманду соҳибхирад дар пайравӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон манфиатҳои давлату миллат ва ҳифзи арзишҳои миллиро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, ҳамчун як шахсияти ватандӯст марҳилаҳои муҳими фаъолияти кории хешро анҷом додааст.
Дар ин росто имрӯз дар пешбурди сиёсати илмии кишвар нақши бориз гузошта, барои муаррифии илми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ иқдомҳои назаррасро роҳандозӣ намуда истодаанд.