Перейти к основному содержанию

«Истиқлолу озодӣ барои мо рамзи воқеии ифтихор аз Ватану ватандорӣ, бузургтарин имконияти давлатсозиву давлатдории мустақил, илҳомбахши азму талошҳои созанда ба хотири таъмин намудани рушди давлат, ободии Ватан, зиндагии осоиштаи мардуми Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии ҳар як оилаи кишвар мебошад».Эмомалӣ Раҳмон

Ба истиқболи 33-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

2321Ҳамасола, санаи 9-сентябр муҳимтарин ҷашни расмӣ ва давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзи истиқлолият дар кишвари азизамон ҷашн гирифта мешавад.

Пас аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷумҳурии мо вазъияти ноором ва муташанниҷ ба миён омада буд, ки ниҳоят ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонд. Барои халқи тоҷик он лаҳзаҳои талхро гузарондан хеле душвор буд. Ҷанги шаҳрвандӣ боиси талафоти зиёди ҷонӣ, моддӣ ва маънавии халқ гардида, давлати аз нав барпогардидаи моро торафт заиф мегардонд. Зарурати беҳтар намудани ҳолати иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсии мамлакат, таъминоти халқ бо озуқаворӣ, ташаккули оромиву осоиштагӣ дар миёни мардум ба вуҷуд омада буд. Ҳаводисҳои изтиробангези он замон водор намуд, ки доир ба таъмини бехатарии милливу давлатӣ, ташкил намудани тинҷиву осудагӣ дар миёни мардум ва барпо намудани сулҳу субот чораҳои зарур андешида шаванд. Новобаста аз он, бо саъю кушиш ва муборизаҳои ҷоннисоронаи қаҳрамонони миллати тоҷик ба соҳибистиқлолӣ, озодӣ, сулҳу осудагӣ, тараққиёти иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва сиёсии ҷомеа муваффақ шудем.

9-сентябри соли 1991 вакилони Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум ҳуҷҷати «Изҳорот дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуданд. Маҳз бо шарофати санади таърихии мазкур Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунан дар саросари ҷаҳон эълон гардид. Ҳамин тариқ, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар харитаи ҷаҳон чун давлати соҳибистиқлол акс гардид. Аз ҷумла, дар миёни кишварҳои ҷаҳон ва ташкилотҳои байналхалқӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон чун давлати соҳибистиқлол эътироф гардид.

Ба даст овардани истиқлолият имконият барои ояндаи неки миллат ва пешрафти кишвари азизамон ба сӯи ҷомеаи соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ фароҳам овард.

Хушбахтона, дар ҳамон лаҳзаҳои таърихии ногувор сарварии кишвари маҳбубамон ба дӯши фарзанди барӯманд ва фарзонаи миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гирифта мешавад.

Моҳи ноябри солии 1992 дар Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғаффуров Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он сарвари давлатамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.

Пас аз баргузор гаштани он иҷлосияи тақдирсоз дар сарнавишти миллати пуршарафи тоҷик озодиву пешрафти диёр, сулҳу осоиш, ваҳдати миллӣ ва пойдории давлат барпо гардид. Мардуми шарифи Тоҷикистон ба ин дастоварди бузург маҳз бо сиёсати хирадмандона ва фикру мулоҳизаҳои дурандешонаи сарвари оқилу заковатманд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муваффақ гаштааст.

Бо эълон гардидани истиқлолият Пешвои муаззами миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин суханронӣ намуданд: «Орзуи ба даст овардани мустақилияти миллӣ амалӣ гашт». Барои ба ин ҳадаф расидан сарвари давлат саъю кӯшиш ва заҳмату талошҳои зиёдеро ба ҷо овардаанд, ки аз ҷасорату ҷавонмардӣ, садоқату ростқавлӣ, матонату қавииродагӣ, масъулияти баланди ватандорӣ ва мардонагии он шахси бузург дарак медиҳад.

Бо шарофати истиқлолияти давлатӣ барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои ҳар як инсон ва шаҳрванди мамлакат 6-ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Ҳамин тариқ, рукнҳои ҳокимияти давлатӣ вусъат дода шуданд ва самтҳои рушду инкишоф муайян гардиданд. Таъсисёбии ҷомеаи озоду адолатпарвар ҳадафи олии миллат ва давлат гардид. Як қатор қонун ва меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар қабул гардида, асъори миллӣ ба муомилот баромад ва шиносномаи миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардид.

Бо мақсади барпо гардидани сулҳу оштӣ ва ваҳдату якдилӣ барои мардуми ватанхоҳу ватандӯсти тоҷик, 27-июни соли 1997 Пешвои муаззами миллат кӯшиш намуданд, ки Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардад. Чунки ваъдае ки сарвари давлат ба мардуми шарифи Тоҷикистон доданд: «Ман ба шумо сулҳ меорам, корро аз сулҳ оғоз мекунам, тамоми гурезаҳоро ба Ватан бармегардонам», то айни замон софдилона иҷро намуда истодаанд.

Бо дастоварди истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар кишварҳои ҷаҳон ҳамкорӣ ва муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуд. 2-марти соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони Миллали Муттаҳид ва сипас узви дигар созмонҳои бонуфузи байналмилаливу минтақавӣ ба монанди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Ҳамкории Шанхай, Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории исломӣ ва дигарон гардид. Дар баробари он, мамлакати биҳиштосову меҳмоннавози мо мизбони як қатор конфронсу симпозиум ва форумҳои сатҳи ҷаҳонӣ мебошад. Шаъну шараф ва эътибори давлати соҳибистиқлол дар ҷаҳони мутамаддин пазируфта шуд.

Чуноне ки Пешвои муаззами миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд: «Озодӣ ва истиқлолият дар ҳар давру замон неъмати бебаҳо ва волои ҳаёти инсон, нишонаи барҷастаи симо ва ташаккули таърихӣ, кафили пешрафт, рамзи асолату ҳуввият ва шарти бақои миллат ва пойдории давлат мебошанд».

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки миллати шарифи Тоҷикистон аз хештаншиносӣ огоҳ гардида, кӯшиш менамоянд, ки дар оянда низ дастовардҳои пурарзиш ва дурдонаҳои пурқиммати ба даст овардаашонро устуворона муҳофизат менамоянд.

8-сентябри соли 2022 дар маркази пойтахт маҷмааи «Истиқлол» бунёд гардид, ки он нишонаи соҳибистиқлолӣ, пойдории давлат ва рамзи озодиву ватандӯстдориро таҷассум менамояд.

Табиати зебову дилоро, ҳавои софу беғубор, обу чашмаҳои софу шифобахш, мавзеъҳои хушманзару дилрабо, сарзамини сарсабзу хуррам ин ҳама дурдонаи диёри нозанини мо Тоҷикистони биҳиштосост.

Бигзор саодати рӯзгор, тинҷиву осудагӣ, пойдории давлат солҳои зиёд саросари кишвари азизу маҳбубамон ҳувайдо бод.

Ҳамдиёрони азизу гиромӣ, 33-юмин солгарди истиқлолияти давлатӣ ба мардуми покдилу заҳматкаш ва сулҳхоҳу ватандӯсти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!

Аюбӣ Фируза ходими пешбари илмии шӯъбаи Таҳқиқоти институтсионалии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.