Перейти к основному содержанию

Ба истиқболи Рӯзи Дониш

Ниёгони мо ҳанӯз дар ҳазорсолаҳои пеш аз солшумории масеҳӣ ба ҷамъоварии донишу маърифати инсонӣ машғул гардида, нисбат ба афроди донишпажӯ илтифот доштанд. Ин ҳарфро сангнабиштаҳо, бозёфтҳои бостоншиносон ва сарчашмаҳои хаттии бар мо меросмонда шаҳодат медиҳанд. Шоҳони каёнӣ ва силсилаи ҳахоманишӣ дар дарбор инсонҳои донишмандро ҷамъ оварда, онҳоро талқин менамуданд, ки таъриху фарҳангҳо нависанд, чунки ҳама гуна андеша тавассути хат ба ёдгор мемонад.

Онҳо буданд, ки Зардуштро гиромӣ доштанд ва бо ӯ мусоидат карданд то китоби “Авасто” – ро нависад. Дар Авасто бошад, гиромитарини гиромидоштҳо донишу донишпажӯ ба қалам омадаанд. Яъне, пос доштани инсонҳо ба хотири донишу лаёқат ва дигар сифатҳо дар миёни аҷдодони мо расм будааст. Гузашта аз ин, онҳо дар давраи асримиёнагӣ низ аз пажӯҳишу таҳқиқ ва донишандӯзӣ сарпечӣ нанамудаанд. Айни замон, дар давраи муосир низ тоҷикон ба омӯзиши илму фан рағбат доранд, гӯё онҳо бидуни донишандӯзӣ ва донишпажӯҳӣ зистан намехоҳанд. Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ашъори безаволи худ донишро “Ҷавшани ҷону тан” пиндошта, дар гиромидошти хирад марсияҳо навиштааст ва ба суоли “Чаро донишпажӯҳӣ гиромӣ гардид?”, чунин посухи мушаххас додааст:

Гирд карданду гиромӣ доштанд,

То ба санг андар ҳаме бингоштанд:

“Дониш андар дил ҷароғи равшан аст,

В-аз ҳама бад, бар тани ту ҷавшан аст””.

Ҳаким Абулқосим Фирдавсии Тусӣ, ки мусаннифи “Шоҳнома” асту имрӯз тамоми дунё ин шоҳкориро мутолиа мекунад, дар васфи донишу донишпажӯ ҳикматҳо гуфта, ба як хулосаи дақиқ омадааст, ки дониш дили марди солхӯрдаро ҷавон мегардонад:

Тавоно бувад, ҳарки доно бувад,

Ба дониш дили пир барно бувад.

Яке аз чеҳраҳои басе нотакрор дар таърихи фарҳанг ва тамаддуни ҷаҳонӣ пизишктоҷике бо номи Абӯалӣ ибни Сино мебошад, ки бинобар талаботи замонаш бо ду забон асарҳо нигоштааст ва имрӯз илми ҷаҳонӣ дар пояи таҳлилҳову таҳқиқҳои илмии ӯ баррасӣ мешаванд. Ин донишманди ҳамадон асаре бо забони тоҷикӣ таълиф карда, онро “Донишнома” номгузорӣ менамояд.

Дигар аз нобиғаҳои илму дониш аз зумраи ниёгонамон Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхист, ки ӯ низ зиндагиро бе донишандӯзиву донишпажӯҳӣ тасаввур намекунад. Мавсуф дар “Васиятнома” – аш мегӯяд: “Шуморо сифориш мекунам ба кам гуфтану кам хӯрдану кам хуфтан... ва ҳамоно беҳтарини шумо касест, ки барои мардуми худ муфид бошад”. Яъне, ҳадаф дар зиндагӣ суд овардан аст, на суд ҷустан ва инсони бомаърифат барои муҳите, ки дар он иқомат мекунад, фоида меорад, аммо инсони бехабар ва ғофилу аз донишҳо маҳрум иқдом мекунад, ки зимни муносибат аз дигарон манфиат бинад.

Дигар аз бузургони илму фан шайхи Шероз Муслиҳиддин Саъдии нотакрор аст, ки дар “Гулистон” – и бехазон нодониро баробар ба марг муаррифӣ кардааст: “Нодонро беҳ аз хомушӣ чизе нест ва агар ин маслиҳат бидонистӣ, нодон набудӣ”.

Ҳамаи бузургони тоҷик дар қарнҳои мухталиф дониш ва донишандӯзиро васф намуда, нисбат ба афроди донишманд эҳтироми хосеро иқрор кардаанд. Дар замони муосир бо ибтикор ва тавсеаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин посдорӣ ва гиромидошти илму дониш дубора эҳё гардид. Алҳол, таърихи 1 сентябр расман Рӯзи Дониш эълон гардида, дар ин рӯз Пешвои миллат дар ҳузури омӯзгорон ва донишандӯзон суханронӣ мекунад. Озмунҳое мисли “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат” бо пешниҳоди худи Президенти кишвар роҳандозӣ шуда, шавқу рағбати хонондагонро нисбат ба донишандӯзӣ бедор мекунад. Ҳадафи Пешвои миллат аз баргузории инчунин озмунҳо рушди тафаккури техникӣ ва ҷаҳонбинии илмӣ аст, чунки ояндаи кишвар аз сатҳи ҷаҳонбиние вобаста мебошад, ки алҳол мо онро интишор менамоем.

Инсон аз лиҳози табиӣ бо фарорасии синну соли балоғат кӯшиш мекунад, ки дар макотиби олӣ, ё худ дар хориҷи мамлакат таҳсилро идома диҳад. Ин фикрро аксар донишҷӯён дар қалби хеш мепарваранд.

Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳост, ки ҳангоми суханронии хеш мактабу маорифро асоси сиёсати худ муаррифӣ кардааст. Бешубҳа, дар кишвари мо ба сатҳи донишандӯзии наврасону мактаббачагон аҳамияти дилхоҳ дода мешавад ва дар мактабҳо ба онҳое, ки бо баҳои хубу аъло таҳсилро идома медиҳанд, ҳавасмандкунӣ мушоҳида шуда, бартарӣ дода мешавад.

Ҳанӯз аз замони Шӯравӣ бархе аз довталабон аз натиҷаи ҷамъбасти имтиҳонсупорӣ норизо гардида, пас аз муддате ба минтақаҳои саноатии Иттиҳоди Шӯравӣ пайи такмил додани донишҳои худ раҳсипор мешуданд ва ду даҳсолаи аввали истиқлолият низ ҳамингуна мушоҳидаҳо идома дошт. Бинобар ин, бо ибтикори Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон дар соли 2013 ташкил шуду шаффофият дар имтиҳонсупорӣ татбиқ гардид. Аз ҳамон сол инҷониб ошноёни худро баъзан мебинам, ки бо арзи сипос ба Маркази миллии тестӣ муроҷиат карда, аз он хушҳоланд, ки адолати иҷтимоӣ дар ин самти фаъолият ҳаддалимкон роҳандозӣ шудааст. Сатҳи дониш ва савияи донишандӯзӣ бинобар талаботи Марказ рӯз аз рӯз меафзояд ва донишҷӯён пайваста мекӯшанд, ки мактабро бо хониши хубу аъло ба анҷом расонанд.

Ҳамасола санаи 1-уми сентябр дар Ватани азизамон Рӯзи Дониш ва дарси Сулҳ ҷашн гирифта шуда, зимни баргузории он Пешвои миллат чандин муассисаҳоро барои истифода ифтитоҳ намуда, дастуру супоришҳои навро ба кормандони соҳаи маориф ироа менамояд.

1-уми сентябр рӯзи байналмилалии дониш эътироф шудааст. Аз рӯйи анъана дар ин рӯз дар мактабҳо линейкаҳои ботантана, соатҳои тарбиявӣ, дарсҳои дониш, сулҳ, бехатарӣ ва мардонагӣ шуда мегузаранд. Хуллас, рӯзи 1-уми сентябр рӯзи тантанаи Дониш асту донишандӯзон дар ин рӯз ид доранд.

Тоҷикон аз зумраи миллати донишпажуҳ маҳсуб мебошад. Яке аз омилҳои он ин аст, ки тоҷикон дар гузашта ва имрӯз китобро азиз доштаанд ва бархе аз онҳо китобхонаҳои шахсӣ низ доранд. Дар ин маврид хостам иқтибосе аз суханрониҳои Президенти мамлакат оварам, ки дар ситоиши китоб барҳақ фармудааст:

Тоҷикон мо аз даврони қадим китобро сарчашмаи ақлу донишу заковат, ахлоқи ҳамида, ва беҳтарин ҳамнишину ҳамроз, омӯзгори беминнат, ҳамсуҳбати хушгуфтору беозор мепиндоштем. Ва бузургони мо китобро аниси кунҷи танҳой ва фурӯғи субҳи доной медонистанд”.

Ҷои дигар овардааст: “Китоб як рукни муҳими тамаддуни башарӣ ва ҷузъи ҷудонопазири зиндагии инсон аст. Аз ин ҷост, ки мардуми олам бо арзи эҳтиром ба ганҷинаи маънавии ниёгон китобҳоро дар хазинаҳои миллии хеш нигахдорӣ мекунанд, то ин ки наслҳои имрӯза ва оянда аз онҳо барои рушду камолоти маънавии худ истифода баранд”.

Чунонкӣ аз осори ниёгон бармеоянд, бузургони илму дин дар ситоиши дониш ва тафаккури илмӣ махдияҳо гуфтаанд:

Дониш андар дил чароғи равшан аст,

В-аз ҳама бад бар тани my ҷавшан аст.

Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз,

To тоҷи наберагони Одам бошӣ.

Дониш талабу бузургй омӯз,

То беҳ нигарад рӯзат аз рӯз...

Рӯзи Дониш ва дарси Сулҳро ба ҳамватанони азиз шодбош мегӯям ва таманно дорам, ки онҳо пайваста дар донишандӯзӣ талош варзанд, ки ҳама гуна тараққӣ дар дилхоҳ кишваре аз гиромидошти илму донишандӯзӣ оғоз меёбад. Рӯзи дониш бо дарназардошти дарси сулҳ ҳумоюн бод, ҳамватанони гиромӣ!

Ширин ҚУРБОНОВА, доктори илмҳои таърих, Муовини раиси КИИ “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар АМИТ