Перейти к основному содержанию

«Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик мебошад, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш менависад, яъне низоми давлатдорӣ ва сиёсати дохиливу хориҷии худро мустақилона муайян менамояд»

Эмомалӣ Раҳмон

Иқтибоси дар боло овардашуда аз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Перзиденти муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳтавои асосии истиқлоли ҳар кишвари соҳибистиқлолро бо ҳифзи якпорчагии он ва пойбарҷо кардани абадияти миллат, ҳамчунин нишонаҳои асосии он - забон, фарҳанг, анъана, урфу одат ва рифоҳи миллиро ифода мекунад. Яъне истиқлол ҳамчун нишона ё вижагиии ҳар миллат, кишвар ё давлатест, ки дар он сокинон ва аҳолӣ бо доштани ҳокимияти худидоракунӣ ва соҳибихтиёр дар қаламрави он амал мекунанд фаҳмида мешавад. Баръакси фаҳмиши истиқлол мақоми як қаламрав ё колонияи вобаста ба ҳокимияти дигар давлат мебошад, ки масири зиндагии ӯро дигарон муайян месозад.

Таҷлили рӯзи истиқлоли як кишвар ё миллат замоне ҷашн гирифта мешавад, ки кишвар аз ҳама шаклҳои мустамликадорӣ озод аст ва озодона барои сохтани кишвар ё миллат бе ягон дахолати дигар миллатҳо иродаи мардум ё ормонҳои хешро метавонад воқеият бахшад.

Ин таърифи истиқлолият гарчанде куллӣ ва умумиятшудаи таҷрибаҳои истиқлолиятхоҳӣ дар тамоми ҷаҳон бошад ҳам, аз ҷониби дигар таҷрибаи талошҳои миллати моро дар ба даст овардани он ифода карда, ҳамеша ифодагари озодихоҳӣ ва ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ дар масири шебу фарозҳои давлатдорию миллатсозии мо тоҷикон мебошад. Албатта масири давлатсозию миллатсозии мо таърихи чандинҳазорсоларо дар бар мегирад, ки наметавон онро дар матни як мақола ё китоб ғунҷонид. Аммо барои худогоҳӣ ва бедории миллат сабақҳои андухтаамонро аз кору пайкори сиёсатмадори маъруфи сатҳи ҷаҳонии мо, ки Пешвои миллат, Президенти имрӯзи кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, дар ҳассостарин рӯзҳои сахтии кишварамон миллатро аз вартаи нокомӣ наҷот додаанд, қобили зикр ва ёдоварист.

Бо таҳаввули сиёсию иҷтимоии даҳаи охири асри XX тақдири миллати тоҷик боз ба гирдоби бозиҳои геоплитикӣ бо дасти гуруҳбозону фурсатталабони ҷоҳталаби дохилӣ афтода, бедории миллиро бо даҳшати маргбори гурӯҳҳои либерализими демократимаоби анархист ва исломи сиёсишудаи даҳшатафкану ифротие, ки таҷрибаҳои инқилобии худро дар Шарқи Миёна ва Наздик озмоиш карда буд, афтод ва долони Осиёи Марказиро, ки Тоҷикистон мебошад, ба ошуб оварда, ба гуфтаи мардумӣ “обро лой карда мехостанд моҳии тиллоии худро ” ба даст оваранд.

Гарчанде бедории мо низ як бедории тақлидӣ ва куркуронаю шиорӣ буд, бо вуҷуди он мардум бовар доштанд дар меъмори давлати миллии худ метавонанд ормонҳои миллии худро дар баробари дастовардҳои имрӯзаи ҷаҳонӣ татбиқ намоянд. Аммо ин як саробе буд, ки миллати порапоргаштаи моро фиребид. Яъне бозиҳо ва манфиатҷӯии гурӯҳҳои ҷоҳталаб кишварро ба вартаи бесарусомонӣ ва носуботии бардавом оғушта карда, мавҷудияти низоми сиёсии онро фалаҷ ва бекора сохт. Дар баробари пошхӯрии низоми шӯравӣ низоми дохилии мо низ вайрон гардида, ҳокимияти мавҷуда фаъолияти худро аз даст дод.

Таърихи куҳандиёри тоҷикон, ки ҳавзаи фарҳангии он минтақаи имрӯзи Осиёи Марказӣ, Ҷанубӣ ва қисмати зиёди Шарқи Миёна ва Наздикро дар бар мегирад саршор аз чунин таҳаввулоти бузурги сиёсӣ ва иҷтимоӣ аст, ки дар сарнавишти гузашта ва имрӯзаи халқи мо нақши тақдирсоз бозидаанд. Муҳимтарин ва волотарин воқеаи даврони навини таърихи тоҷикон, дастёбӣ ба истиқлоли давлатист. 9 сентябри соли 1991 Иҷлосияи 12 ғайринавбатии Шӯрои олӣ Эъломия дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуд. Ин санад роҳу равиши ҷомеа ва сарнавишти халқи тоҷикро ба куллӣ дигаргун сохт. Аммо рушди минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ, ки моҳи майи соли 1992 шурӯъ шуда буд, рӯзгори мардумро печидатар карда, харобаҳои гӯшношунидро ба бор овард.

Сад шукр, ки Сессияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати XII (аз 16.XI. то 2.XII. соли 1992) дар қасри «Арбоб»-и ноҳияи Хуҷанд (ҳоло ноҳияи Б. Ғафуров) бо интихоби Раиси созанда ва наҷотбахши миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин бесарусомониҳо хотима бахшид.

Тоҷикон баъди ҳазор сол аз нав соҳибдавлат гардиданд. Тавлиди давлати тозаистиқлоли Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ бо қаноатмандӣ истиқбол намуд. Бозшинохти ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо оғоз ёфт. Истиқлолияти давлатӣ барои миллати соҳибтамаддуни мо падидаи бемислу боазамати таърихиест, ки силсилаи воқеаҳои сарнавиштсозро дарбар мегирад ва бинобар ин, мо бояд онҳоро аз дидгоҳи фарохтару баландтар аз нав арзишгузорӣ намоем.

Роҳи таърихие, ки мову шумо дар масири истиқлол тай кардем, шоҳроҳи ҳамвор набуд ва ёфтани миёнроҳи тиллоӣ низ амри маҳол менамуд.
Тамоми мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла мову шумо – хуб огоҳем, ки то расидан ба дастовардҳои имрӯза мо чӣ қадар мамониату маҳрумият ва мушкилоти сахту сангинро паси сар кардем.

Аз нахустин қадамҳои истиқлолият доираҳои муайяни бадхоҳ бо истифода аз таҷрибаи даврони гузашта ва усулҳои озмудаи худ, бо роҳи барангехтани низоъҳои дохилӣ ва бозиҳои сиёсие, ки бар асари онҳо ҳанӯз ҳазор сол пеш давлати бузурги Сомониён завол ёфта буд, тавонистанд миллати моро ба гирдоби мухолифат ва муқовимати сиёсӣ кашида, баъдан давлати ҷавони Тоҷикистонро дучори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардонанд. Дар натиҷа беш аз сад ҳазор шаҳрвандони мо ҷони худро аз даст доданд, қариб як миллион нафар иҷборан хонаву дари худро тарк карда, ба кишварҳои ҳамсоя фирор намуданд. Ҷанги таҳмилӣ ба иқтисодиёти мамлакат дар маҷмӯъ беш аз 10 миллиард доллари амрикоӣ зиёни моддӣ расонид. Даҳҳо ҳазор хонаҳои истиқоматӣ сӯзонда шуда, ҳазорҳо иншооти иҷтимоӣ харобу валангор гардиданд. Зарари маънавии ҷанг ҳадду ҳисоб надорад. Зеро бар асари он даҳҳо ҳазор модарон аз фарзандонашон, даҳҳо ҳазор занон аз шавҳарашон маҳрум гардида, зиёда аз 50 ҳазор кӯдакон ятим монданд. Зиёда аз ин, миёни доираҳои сиёсии беруна ва шарикони дохилии онҳо нақшаи қисмат намудани Тоҷикистон, пароканда сохтани миллат ва бо ҳамин роҳ аз байн бурдани давлатдории тоҷикон тарҳрезӣ мешуд. Вале бархилофи азму талошҳои гурӯҳҳои бегонапараст, нерӯҳои тундрави дохилӣ ва баъзе доираҳои манфиатдори хориҷӣ қувваҳои солими ҷомеаи мо дар як муддати кӯтоҳ зери парчами нангу номус ва ягонагии миллӣ ба ҳам омада, роҳи расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллиро интихоб карданд.

Бо мақсади барқарор намудани сохти конститутсионӣ моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи XVI - уми Шӯрои Олии мамлакат даъват гардид ва дар назди вакилони халқ масъалаи ҳалли мусолиматомези муноқишаҳои сиёсии тарафҳои даргир гузошта шуд ва роҳбари ояндаи миллати тоҷик интихоб гардид, ки тамоми мушкилот ва масъулияти сангинтарини кишвари порапорагаштаро бар уҳда гирифт, ки президенти имрӯзаи кишварамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Имрӯз бо гузашти сиюсе сол бо возеҳияти тамом дарк менамоем, ки Иҷлосияи XVI - уми Шӯрои Олӣ дар сарнавишти миллати мо чӣ нақши муҳиме бозид ва ба дӯши мо, яъне онҳое, ки бо амри тақдир дар айни ҷанги хонумонсӯз зимоми давлатдориро ба даст гирифта буданд, чӣ масъулияти бузурге афтода буд. Ба назари аввал иҷрои нақшаҳое, ки дар он иҷлосияи таърихӣ ба хотири оштии миллӣ ва таъмини сулҳи деринтизор кашида шуданд, ғайриимкон менамуд.
Бо ташаббус ва кӯшишҳои пайвастаи роҳбари тозаинтихоби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтушунид бо мухолифин ба хотири ҳамдигарфаҳмӣ ва истиқрори сулҳ оғоз гардид. Дар натиҷаи музокироти тӯлонӣ, ки зиёда аз 40 моҳ идома ёфтанд, ба мо муяссар шуд, ки барои амалӣ намудани ҳадафҳои созандаи худ 21 маротиба бо иттиҳоди мухолифин музокира анҷом дода, 40 ҳуҷҷати барои миллат муҳимро ба имзо расонем.

Баъди зиёда аз панҷ соли мухолифати мусаллаҳона Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки дастоварди нодиртарини халқи тоҷик дар даврони истиқлолият мебошад ва ҳоло таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, ба мактаби омӯзиш табдил ёфтааст.

Дар чаҳоряки асри XXI мо падидаву омилҳои сиёсиву таърихӣ ва иҷтимоиву фарҳангии миллиро дар марҳалаҳои гуногуни таърихи халқамон омӯхта, бо дар назардошти таҷрибаи давлатсозиву давлатдории кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон роҳи эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро пеш гирифтем.
Дар ин давра бори нахуст аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ 6-ноябри соли 1994, Конститутсияи нави мамлакат қабул гардида, дар асоси он парламенти касбии иборат аз ду палата ба фаъолият оғоз намуд. Дар ин замина фаъолияти мақомоти олии қонунгузор ва иҷроияи мамлакат таҳким ёфта, аввалин хиштҳои пойдевори истиқлоли воқеӣ ва давлатдории миллӣ гузошта шуданд.

Дар ин росто, қабл аз ҳама, дарк бояд кард, ки истиқлолият волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик дар масири даҳ асри охир мебошад. Тоҷикистон маҳз ба шарофати истиқлолият ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Дар ин муддат ҷумҳурии мо аз тарафи 193 давлати дунё ба расмият шинохта шуда, робитаҳои дипломатӣ барқарор намудааст. Истиқлолияти давлатӣ заминаи мусоидро барои шомилшавӣ ба ниҳодҳо ва созмонҳои байналхалқӣ фароҳам сохт. Дар даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон ба чандин ниҳодҳо ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ шомил гардида, дар онҳо фаъолияти пурсамари судмандро ба роҳ андохтааст.

Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣмебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад.

Истиқлолият дар таърихи давлатдорӣ ва сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ва оғози марҳалаи сифатан нави рушд гардида, дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро пеш гузошт.

Маҳз дар ҳамин давра мо ба ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки тамоми халқу миллатҳои мутамаддин барои эъмори он талош меварзанд, шурӯъ намудем. Имрӯз аз ҷониби ҳукумати кишвар барои рушду такомули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дар ин замина таъмин намудани фаъолияти озодонаи ҳизбу созмонҳо ва воситаҳои ахбори омма тамоми имкониятҳо фароҳам оварда шудаанд.

Ба шарофати мустақилият халқи мо соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ гардид. Асосҳои сохтори конститутсионӣ, рукнҳои нави идоракунии давлат, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар муқаррар гардида, асъори миллӣ ба муомилот бароварда шуд. Яке аз рукнҳои асосии давлатдории мустақил – Артиши миллӣ ва нерӯҳои сарҳадӣ таъсис ёфта, ҳифзи сарҳади давлатӣ таҳти назорати онҳо қарор дода шуд.

Бо дарназардошти роҳи пуршебу фарози дар тӯли ин солҳо тайшуда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доим таъкид месозанд, ки сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои мо ҳамчун арзишҳои бисёр азизу муқаддас аҳамияти ниҳоят калон доранд ва ҳифзу таҳкими онҳо вазифаи ватандӯстонаи ҳар як шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон мебошад.

Мо вазифадорем, ки барои тақвият ва таҳкими бештари мавқеи минтақавӣ ва байналмилалии Ватани маҳбуби худ, бо дастгирии сиёсати созанда ва ваҳдатофарини Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки талошҳо ва ташаббусҳояшон ҳамасола дар сатҳи байналмилалию минтақавӣ амалӣ мешаванд - пайгирона ва муназзаму хастанопазир талош намоем.

Ниёзӣ Ёрмаҳмад Бобо, - доктори илмҳои фалсафа, сарходими илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон