Перейти к основному содержанию

Истиқлолият барои миллати тоҷик яке аз арзиши муқаддасу сарнавиштсоз буда, таҳти парчами он хурду бузурги кишвар барои тақвияти пояҳои давлатдории навини худ бо азму талоши ватандӯстона заҳмат мекашанд ва дар зарфи cиву се соли истиқлолият дар ҷодаи расидан ба ҳадафҳои стратегии кишварамон ба дастовардҳои бесобиқа ноил гардидаанд. Зеро ин ҳадафҳои стратегии миллӣ заминаҳои бунёдии рушди устувору босуботи кишвар ва шарти муҳимтарини болоравии сатҳи некӯаҳволии сокинон ба шумор мераванд.

Мо имрӯз метавонем бо ифтихор изҳор намоем, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар ибтидои истиқлолият бо талошу заҳматҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имтиҳони сангини таърих сарбаландона гузашта, ба шукронаи соҳибихтиёриву соҳибдавлатӣ ва бо заҳмати содиқона сарзамини аҷдодии худро соҳибӣ карданд ва онро хеле ободу пешрафта гардониданд.

Ҳоло давлати озоду соҳибихтиёри мо дар арсаи байналмилалӣ соҳиби мақому манзалати шоиста буда, ҷаҳониён иқдому ташаббусҳои сулҳҷӯёнаву созандаи онро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд. Хусусан, ташаббусҳои глобалии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҳалли мушкилоти вобаста ба об пайваста ҷонибдорӣ мегарданд. Махсусан қабули ташаббусҳои ҷониби Тоҷикистон дар масъалаи ҳалли мушкилоти оби ошомиданӣ дар ҷаҳони имрӯза боиси сарфарозии ҳар як сокини мамлакати обиву сарсабзи мо мебошад.

Имрӯзҳо боиси хушҳолист, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ симои пойтахти давлати тоҷикон - шаҳри Душанбе ба куллӣ дигаргун шуда, дар натиҷаи заҳмати аҳлонаву ватандӯстонаи сокинон ва соҳибкорону тоҷирони бонангу номуси он ва ташаббусҳои созандаи Раиси ҷавони шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ амалҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза касб намудаанд.

Таъсиси корхонаву коргоҳҳои саноатӣ, бунёди муассисаҳои иҷтимоӣ, марказҳои варзишӣ, таъмиру азнавсозии роҳҳо ва инфрасохтори хизматрасонӣ ҳоло боиси рушди босуръати пойтахти маҳбубамон гардида истодаанд. Бо риояи санъати баланди меъмории милливу муосир бунёд гардидани иншооту биноҳо, боғу гулгаштҳои замонавӣ ва таҷдиду азнавсозии хиёбону кӯчаҳо ба шаҳри Душанбе ҳусни тоза бахшидааст.

Истиқлолият дар баробари ин, ки омолу орзуи деринаи халқи мост, инчунин лаҳзаи андеша ва таҳлили масъулияти ҳар фарди сарзамини аҷдодӣ барои расидан ба қадри гузашта ва кору фаъолияти созанда барои имрӯзу ояндаи Ватани маҳбубамон мебошад.

Ба Истиқлоли меҳан саҷда орам,

Намозамро ба даргоҳаш гузорам.

Бихонам ояти шукронааш беш,

Ки ҳаст он ҳадяи Парвардигорам.

Ҳамин ҳисси баланди масъулият дар назди гузашта ва имрӯзу ояндаи Ватан ва миллат ҳар яки моро водор месозад, ки ба хотири ободиву оромии кишвари азизамон бо тамоми ҳастӣ талош варзем, содиқонаву аҳлона заҳмат кашем, дар ҳифзи манфиатҳои милливу давлатиамон доим зираку ҳушёр бошем, то қарзи худро дар назди Ватан ва халқи Тоҷикистон ба таври сазовор адо намоем.

Бо дарки ин масъулияти бузург давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то ба имрӯз пайваста талош дорад, ки пояҳои сиёсиву иқтисодӣ ва заминаҳои иҷтимоиву маънавии истиқлолияти давлатиро тақвият бахшида, барои рушди бемайлони ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеаи кишвар шароити мусоид фароҳам созад.

Маҳз ҳамин сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар буд, ки мо имрӯз дар зарфи беш аз се даҳсолаи гузашта ба як силсила дастовардҳои бунёдие ноил гардидем, ки сарнавишти минбаъдаи давлати соҳибистиқлоламон ба онҳо вобастагии мустақим дорад. Муҳимтарин дастоварди мо дар ин давра таъмини сулҳу оромӣ, аз хатари нобудӣ наҷот додани давлатдории миллиамон ва аз парокандагӣ раҳо бахшидани миллатамон мебошад. Зеро тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар суханрониҳояшон қайд менамоянд:

"Бе доштани давлати озод орзу ва омоли таърихии миллат ва ҳадафу барномаҳои насли имрӯзу фардои он маънои худро аз даст медод. Аз ин рӯ, агар дар он тӯфоне, ки бадхоҳони миллати тоҷик дар сари роҳи кишвари тозаистиқлоли мо эҷод карда буданд, давлат аз байн мерафт ва миллат пароканда мегардид, наслҳои оянда моро ҳаргиз намебахшиданд".

Дар қадамҳои баъдӣ вобаста ба мустаҳкамнамоии соҳибихтиёрии кишвар Ҳукумати мамлакати мо тамоми талошро ба харҷ дод, то ки сохтори мукаммали идоракунӣ, Ҳукумати муосир, парламенти касбӣ, артиши миллӣ, ниҳодҳои босалоҳияти низомиву амниятӣ ва дигар рукнҳои зарурии давлатдории худро тибқи меъёрҳои замонаи нав бунёд намояд.

Насли солори кишвари азизамон, ки ин роҳи таърихиро тай кардаанд, хуб дар ёд доранд, ки эҳё ва барқарор кардани ҳар як рукни давлатдорӣ ва ҳар як сохтори фалаҷшудаву аз фаъолият бозмондаи давлатӣ чӣ заҳмати бузургеро талаб мекард. Ва боиси хушнудии мо насли ҷавони кишвар аст, ки бо талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонин роҳи пурпечутобу сангинро миллати тоҷик тай намуда имрӯз дар ҷаҳон аз миллати ҷангдида ҳамчун миллати сулҳпарвар шинохта мешавад.

Ҳамзамон қадами бисёр устувори дигар дар бунёди давлати муосири тоҷикон интихоби дурусти сохти давлатдорӣ буд. Дар асоси воқеияти таърихиву сиёсии гузаштаву муосир ва бо дарназардошти манфиатҳои имрӯзу ояндаи милливу давлатӣ, халқи Тоҷикистон бо майлу иродаи худ ва бо изҳори раъйи озодона сохти давлатдории демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро интихоб намуд, ки акнун он ҳамчун иродаи қатъии мардуми кишвар дар моддаи аввали Конститутсияи мо барои ҳамеша сабт гаштааст.

Ҳоло Тоҷикистон дар роҳи бунёди ин низоми давлатдорӣ бо сиёсати оқилонаи фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадамҳои устувор гузошта истодааст. Таҷрибаи ҳосилшуда ва таҳаввулоте, ки имрӯз дар ҷаҳони муосир мегузарад, бори дигар собит месозад, ки интихоби давлатдории дунявӣ интихоби дурусту дурбинонаи Пешвои муаззами миллат буда, имрӯз худи ҳамин ғоя ба яке аз заминаҳои асосии ҳаёти осоиштаи ҷомеа табдил ёфтааст.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба Ҳукумати мамлакат муяссар гардид, ки бо бунёди роҳу нақбҳо, нерӯгоҳу хатҳои интиқоли барқ ва садҳо корхонаи саноатӣ зерсохтори асосии коммуникатсионӣ ва энергетикиву саноатии кишварро эҳё намуда, Тоҷикистонро ба як қаламрави воҳид табдил диҳад.

Дар баробари ин ҳама,ҳамзамон муяссар гардид, ки бо пуштибониву дастгирии самимонаи мардуми шарифи кишвар аз сиёсати пешгирифта Ҳукумати мамлакат сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро дар кишвар барқарор намуда, барои зиндагии осудаи халқамон шароити мусоид фароҳам гардад.

Ҳоло дар вазъияти ошуфтаву бесуботи ҷаҳони муосир ва зиндагии фоҷеабори баъзе халқу миллатҳо ҳар як шаҳрванди огоҳи Тоҷикистон бо камоли шукргузорӣ дарк мекунад, ки аз баракати сулҳу субот мо ба чӣ неъмати бузурге даст ёфтаем. Дар ин лаҳзаҳо, ки ба ҷашни мубораки истиқлолият омодагӣ мегирем, зикри ин дастовардҳои бунёдии давлат ва мардуми Тоҷикистон саривақтӣ ва зарурӣ мебошад. Зеро шиддатёбии бархӯрди манфиатҳои геополитикии қудратҳои ҷаҳонӣ, тамоюли дубора ба қутбҳои сиёсиву низомӣ ҷудо намудани олам, паҳншавии тафаккури харобиовари ифротгароӣ, қувватгирии фаъолияти ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ ва монанди инҳо суботу амнияти давлатҳои ҷаҳонро, дар маҷмӯъ, ба таҳдиди ҷиддӣ рӯбарӯ намудааст.

Бинобар ин, бо зикри дастовардҳои бунёдии даврони истиқлолият мехостам бори дигар ин нуктаро таъкид намоям, ки ифротгароӣ ва дигар таҳдиду хатарҳои муосир, пеш аз ҳама, ба ҳамин арзишҳои усулӣ ва ҳаётӣ таҳдид менамоянд.

Бо дарназардошти тамоми ҳодисаҳои ҷаҳони имрӯза мо миллати тоҷикро зарур аст, то ки якдилона сиёсати имрӯзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун меҳвари рушду пешрафти худ қарор дода пайваста барои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол талош намоем.

Тавре шоири ширинкаломи тоҷик нигоштааст:

Неъмате беҳтар зи истиқлол нест,

Ҳоҷати бисёр қилу қол нест.

Бори дигар 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи ҳамватанони кишвари азизамон муборак бошад!

Раҳимзода Алишер Орзӯ - н.и.ф.м., Директори Институти математикаи ба номи А. Ҷураев-и АМИТ. Кариомв О.Х.- д.и.ф.м., муовини директор оид ба илм.

Назрублоев Н.Н., котиби илмӣ.