Перейти к основному содержанию

2321🇹🇯🇹🇯🇹🇯Воқеан ҳам Истиқлолият иззату озодии ҳар як фарди комилҳуқуқи давлат, доштани муҳаббат ба ватан, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ, азму кушиши ҳар як шаҳрванд баҳри пешрафту нумӯи кишвар ва мусоидат кардан ба беҳдошти ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодию фарҳангӣ мебошад.

🇹🇯🇹🇯🇹🇯Маҳз шарофият ва саҳми беандозаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки мо ба истиқлоли комил расидем, ҳамчун давлати мустақил эътироф гаштем ва ҳамасола ин рӯзро ҳамчун рамзи озодӣ ва қудрат ҷашн мегирем. Истиқлоият ба мо имкон дод, ки кишвари азизамон ба пешрафтҳои азим ноил гашт ва бо ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат эътирофи ҷаҳониро соҳиб гаштем.

🇹🇯🇹🇯🇹🇯Сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва ҳамдилию ҳамбастагии мардуми кишвар аст, ки дар пояи истиқлол Ҳисору Хатлону Зарафашону Бадахшону дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ба сарзамини ободу биҳиштосо табдил ёфтаанд, дар шимолу ҷануби кишвар бунёду ба кор даровардани корхонаҳои саноатӣ дар авҷ аст ва нуфузу эътибори Ватани азизамон дар арсаи ҷаҳон боз ҳам баланд гардида истодааст.

🇹🇯🇹🇯🇹🇯Барои ин мардуми ориёинажот, ки қарнҳо гузаштагонашон дар партави империяҳои бузурги миллӣ бо нишоту ғурур умр ба сар бурданд, Эъломияи Куруши Кабирро сарчашмаи кафолати озодии мазҳабу эътиқоди динӣ, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон дониста, ба ояндаи дурахшон некбин буданд, муддате аз даст додани озодию истиқлолияти миллат бисёр сангину таҳаммулнопазир буд.

🇹🇯🇹🇯🇹🇯Аз ин рӯ Истиқлолият имрӯз барои ҳар як фард рамзи ҳувияти миллӣ, инъикоси симои миллат, нишони барҷастаи пойдории давлат, амалишавии ормонҳои мардум, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.

🇹🇯🇹🇯🇹🇯Ҳамватанони азиз, бигузор ҷашни муқаддаси истиқлолият барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, фатҳу кушоишҳо оварад ва ҳамеша ваҳдату ягонагӣ ҳамсафари доимии мо бошад!

🇹🇯🇹🇯🇹🇯Истиқлолияти давлатӣ пояндаю ҷовидон бошад ва рӯзи Истиқлолияти давлатӣ ба ҳамагон муборак бод!

Директори Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, д.и.ф.м. Зарифзода Афзалшоҳ Қаҳрамон