Перейти к основному содержанию
Мардуми шарифи Тоҷикистон хуб дарк мекунанд, ки истиқлолият ва озодӣ арзиши бисёр бебаҳо дар ҳаёти ҳар як шахси бонангу баори Ватан мебошад. Ва тули 33 сол аст, ки Суруди миллӣ ва Парчами давлатии мо дар саросари Тоҷикистон ва берун аз хоки он дар маросиму чорабиниҳои сатҳи олӣ ва дигар маъракаҳои муҳим баланд садо дода, партавфишонӣ намуда, Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд.

Гарчанде Истиқлолияти давлати мо ҷавон аст, аммо корнамоиҳои далеронаи фарзандони фарзонаи миллати тоҷик дар таърих бо ҳарфҳои заррин ифшо гардиданд. Ва аз муборизаҳои ҷоннисоронаи қаҳрамонони миллатамон, ки дар роҳи вахдату озодӣ, истиқлоли сарзамини тамаддунофар қурбонихо кардаанд, моро ба Истиқлолияти давлатӣ расонидааст. Истиқлолияти давлатии мо рангест, тобанда чун рангҳои парчамамон, озодиест барои миллат ва мамлакат, соҳибихтиёриест баҳри ватандорони ватандӯст. Мо дар муддати 33 - соли истиқлолият тавонистем, ки бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд пешрафти устувори ватанамонро таъмин созем, мақоми онро дар арсаи байналмилалӣ боло бардорем, пояҳои давлатдории мустақили худро тақвият бахшем, тамоми кӯшишу талош ва захираву имкониятҳои худро ба хотири фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии осоишта равона созем.

Сарбаландиву хушбахтии мо дар он аст, ки тақдири имрӯзу фардои ватанамон дар ихтиёри худамон мебошад ва ҳар фарди бонангу номуси миллат - ҳастӣ ва ҳаёти худро ба хотири озодиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ бахшидааст. Имрӯз Тоҷикистон роҳи мустақили инкишофи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавиро пеш гирифта, ба аслҳои озодии сухан, озодии виҷдон ва гуногунандешӣ, ки аз ҷумлаи асосҳои давлати демократӣ мебошанд, арҷи тамом мегузорад. Бо шарофати истиқлолият дар арсаи ҷаҳон мартабаи Тоҷикистон пайваста боло рафта, ташаббусҳои кишвари моро ба хотири амнияти мардуми сайёра дар сатҳи байналмиллалӣ мепазиранд.

Истиқлолияти ба дастовардаи мо, Тоҷикистонро бо ҷаҳон ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон пайванди ногусастанӣ ва ҳамешагӣ бахшидааст. Дарвозаҳои чаҳор самти оламро ба рӯи Тоҷикистон боз намуд. Танҳо бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ва заҳмату талошҳои содиқонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо тавонистем, ки кишварамонро ба оламиён муаррифӣ намоем ва ба сӯи фардои дурахшон сарбаландона пеш рафта истодаем. Боиси хушнудист, ки дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ соҳаҳои муҳими иҷтимоӣ аз ҷумла илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангу варзиш ба маҷрои куллан нав ворид гардида, сол аз сол беҳтар мешавад.

Бояд ёдовар шуд, ки Истиқлолияти давлатиро дар роҳи худшиносии милливу таърихӣ, эҳёи ойину суннатҳо ва рушди илму адаб метавон марҳалаи дурахшону пурифтихори фарҳангу тамаддуни миллӣ, даврони рушди нерӯи зеҳнӣ ва эҷодкорӣ арзёбӣ намуд. Маҳз ба шарофати истиқлолият сиришти маънавии миллати тоҷик расмияти сиёсӣ пайдо кард. Дастоварди бузургтарини мо тули ин солҳо барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдати пойдори миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ аст, ки маҳз ба шарофати хиради азалии мардуми соҳибмаърифату фарҳангдӯсти тоҷик ва роҳбари оқилу фарзона муяссар гардид.

Комёб гаштан ба шинохти асолати таърихии миллат, мақому мартаба ва ҷойгоҳи он дар таърихи тамаддуни башарӣ аз ҷумлаи муҳимтарин самтҳои сиёсати давлати Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ва ин сиёсати ваҳдатсоз аз бузургдошти таъриху фарҳанги деринаи тоҷикон ва симои барҷастаи фарҳангӣ оғоз гардида, барои пешрафт дар роҳи давлатсозиву давлатдории навини тоҷикон фазои мусоид фароҳам меоварад.

Бинобар ин, мо бояд ҳамеша аз истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, ки аз ҷумлаи муқаддасоти ормонии миллати тоҷик мебошанд, шукрона карда, онро чун арзиши бебаҳо ҳифз намоем.

Дар марҳалаи гуногуни таърихӣ, мардуми тоҷик таҷрибаи мавҷудаи давлатсозиву давлатдориҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ ва фарҳангии миллиро омӯхт. Ҳамчунин рамзҳои давлатӣ, азҷумла Нишон, Парчам ва Суруди миллиро қабул кард. Артиши милливу Қушунҳои сарҳадиро ташкил дода, бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ ва майлу ормонҳои халқамон роҳи эъмори кишвари ҳуқбунёду дунявиро пеш гирифт.

Дуруст тарбия намудани насли наврас шарти асосии пешравии ҷомеаи солим ба ҳисоб рафта, ин кори муҳим на танҳо вазифаи оила ва мактаб, балки вазифаи давлат ва тамоми ҷомеаи мо аст. Ба хотири эмин мондан аз таъсири омилҳои манфии раванди ҷаҳонишавӣ аҳли ҷомеаи кишвар бояд тафаккури солими миллиро дар зеҳни наврасон ва ҷавонони ватандуст инкишоф диҳанд. Талқин намоем, ки ҳифзи марзу буми ватан, хифзи арзишҳои миллиро аз таҳдидҳои хатарбор ва руйдодхои ахир қарзи ҷонию афсаронаи худ донанд. Ҷавонону наврасони мо бояд аз аслу насли хеш, пояҳои тамаддуни аҷдодӣ, забону фарҳанги миллӣ ва ойинҳои давлатдории ниёгони худ огоҳ бошанд. Ба хотири мустаҳкам ва бегазанд гардонидани пойдевори давлатдории навин доимо дар талош бошанд. Дар шароити хело душвору печидаи ҷаҳони муосир ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои онро вазифаи худ шуморида, масъулияти баланди ватандориро эҳсос бикунанд.

Ифтихор аз таърих, фарҳанг, забон ва анъанаҳои наҷибу ҷовидонаи миллат як рукни бисёр муҳимми истиқлолияти давлатӣ мебошад. Аз ин хотир, моро зарур аст, ки насли наврас ва ҷавонро бо суннатҳои воло ва мероси бузурги ниёгонамон ошно намуда, дар зеҳну шуури онҳо ҳисси ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба суннатҳои ниёгонамон, эҳтиром ба истиқлолияти пурарзиш, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ифтихор аз ватани маҳбубро пурра гардонем.

Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ ду боли тавоное ҳастанд, ки Тоҷикистонро ба парвозҳои баланд ҳидоят менамоянд. Пойдории ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар саросари кишвар ва рушди ҳамаи соҳаҳо дар натиҷаи хизмати бузургу қаҳрамононаи халқи хирадманд ва Сарвари сулҳовару бунёдкори тоҷик ба воқеият табдил ёфтааст.

Ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки соҳибватан будан хушбахтӣ ва ифтихори бузург аст. Ҳамзамон бо ин, ба қадри ин неъмати бебаҳо - яъне ватан ва истиқлолияти он расидан масъулияти аз ин ҳам бузургтар мебошад.

Пойдору ҷовидон бод истиқлолияти миллати куҳанбунёд, сулҳдӯст, бунёдкор ва фарҳангпарвари тоҷик, ки дар роҳи адолат зери пайроҳаи таърих дар шебу фарозоҳо, шикасту пайвастҳо, ахиран соҳибистиқлол гардид!

Аминов Асламбек - номзади илмҳои физика ва математика, ходими калони Институти математикаи ба номи А.Ҷураеви АМИТ