Перейти к основному содержанию

Шуҳрати шоирии Абуабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад Рӯдакӣ (860-941) ва рӯзгору осори ӯ, ҳунару хислату сифоти ӯ дар тазкираву ашъори адабиёти беш аз ҳазорсолаи мо таърифу тавсиф шудааст.

Шеъри Рӯдакӣ, тибқи суханони ӯ, дар ҷаҳон рафта буд ва онро чун ҳазордастон мепазируфтанд. Шоир пешкори мирон ва ба шеъраш родмардон унс гирифта буданд. Қуллаи олии шеър ва мақоми шоириашро Рӯдакӣ дар ин мебинад, ки дар ҳама ҷаҳон онро менавиштанд. Замоне расид, ки ӯ шоири Хуросон, яъне саросари кишвари Сомониён буд. Ин мақоми волои иҷтимоӣ барои шоир аст, ки дар саросари мамлакат ӯро бидонанд ва шеърашро сурудгӯён бисароянд ва бинависанд.

Шуд он замона, ки шеъраш ҳама ҷаҳон бинавишт,

Шуд он замона, ки ӯ шоири Хуросон буд.

Ба ҳамин минвол шоирони ҳамасри Рӯдакӣ ва баъд аз ӯ ҳунари волои шеъофаринӣ, хую хислату ҳунару сифоти ӯро меситоянд.

Аз Дақиқӣ – шоири маъруфи асри Х мелодӣ дар ситоиши Рӯдакӣ ва сухани ӯ ду қитъа шеър боқӣ мондааст, ки шоирро “имоми фунуни суханвар” ва “тирачашми рушанбин” хондааст:

Киро Рӯдакӣ гуфта бошад мадеҳ,

Имоми фунуни суханвар бувад.

Дақиқӣ мадеҳ оварад назди ӯй,

Чу хурмо ба сӯи Ҳаҷивар бувад.

Дигар:

Устод Шаҳид зинда боистӣ

В-он шоири тирачашми равшанбин.

То шоҳи маро мадеҳ гуфгандӣ,

Б-алфози хушу маонии рангин.

Аз ҳамасрони Рӯдакӣ дигар каси бузурге, ки дар сухани ӯ мушоҳидаи сабки Рӯдакиро мебинем, Абулқосими Фирдавсист. Фирдавсӣ, ҳангоми гузориши сайри китоби «Калила ва Димна» аз кори Рӯдакӣ дар танзими ин китоби бузург чунин ёд мекунад:

Гузорандаро пеш биншонданд,

Ҳама нома бар Рӯдакӣ хонданд.

Бипайваст гӯё парокандаро,

Бисуфт инчунин дурри огандаро.

Бар он, к-ӯ сухан донад, осоиш аст,

Чу нодон бувад, ҷои бахшоиш аст.

Ҳадиси пароканда бипроганад,

Чу пайваста шуд, ҷону мағз оганад.

Қадимтарин назар дар бораи бузургии Рӯдакӣ фармудаи Самъонӣ ва иқтибоси Абӯсаид Идрисии ҳофиз аз гуфтори ӯст, ки ба наҳве Рӯдакиро нахустин каси ба форсӣ шеъри некӯ гуфта ва муқаддами шуаро хондааст.

Кисоии Марвазӣ (тав. 342/953-54 - ваф. баъди 391/1000-1001) агар шахсияти худро боиси ифтихори аҳолии Марв дониста бошад, Рӯдакӣ-устоди Самарқандро мояи ифтихори тамоми ҷаҳониён хондааст:

Зебо бувад ар Марв, бинозад ба Кисоӣ,

Чунонки ҷаҳон ҷумла ба устоди Самарқанд.

Рашидии Самарқандӣ Рӯдакиро сару сарвари шоирон ва чакомасарои номовару некубаён хонда ва гуфтааст:

Гар сарӣ ёбад ба олам кас ба некӯшоирӣ,

Рӯдакиро бар сари он шоирон зебад сарӣ.

Шеъри ӯро баршумурдам: сездаҳ раҳ сад ҳазор, Ҳам фузун ояд агар, чунон ки бояд бишмарӣ.

Шуҳрату шеъри Рӯдакӣ ба андозае буд, ки донишмандону суханварони аср мизони сухани мавзунро “Рӯдакивор” сурудан медонистанд, ки Унсурӣ гуфта:

Ғазал Рӯдакивор неку бувад,

Ғазалҳои ман Рӯдакивор нест.

Адабиётшиноси муътабар Х.Шарифзода мегӯяд, ки “ин сухани Унсурӣ ба назари мо такаллуф нест, балки эҳсоси сабке дигар, ҳоли бардошти гӯянда мебошад. Аз ин ҷо пайдост, ки Унсурӣ эҳсоси дурӣ ва инзиво аз сабки Рӯдакӣ ва оғози сабки тозаро дорад, ки ҳанӯз дарк ва шинохти ошкоро надорад”.

Сухан, чунон ки хоҳем дид, аз боби меъёрҳои умумии маърифатӣ ва ҳунарист ва Фаррухӣ ин маъниро пай бурда ва тасдиқ кардааст:

Аз диловезию таррӣ чун ғазалҳои Шаҳид

В-аз ғаманҷомию хубӣ чун таронай Буталиб.

ё ки:

Шоиронат чу Рӯдакию Шаҳид,

Мутрибонат чу Саркашу Саркаб.

Рӯдакию Шаҳидро «ҳакимони Хуросон» хондани Манучеҳрӣ як таркиби тасодуфии барои эътибори сухан гуфтан нест, балки дар як қитъаи 18-байтӣ шеъри даврони худро дар қиёс бо шеърӣ гузаштагон нақд ҳам кардааст:

Аз ҳакимони Хуросон ку Шаҳиду Рӯдакӣ,

Бушакурӣ Балхию Булфатҳи Бустӣ ҳаказо.

Рӯзгоре к-он ҳакимону сухангӯён буданд,

Буд ҳар якро ба шеъри нағз гуфтан иштиҳо.

Андар ин айёми мо бозори ҳазл асту фусӯс,

Кор Бубакри рубобӣ дораду танзи Ҷуҳо.

Ба қавли Низомии Арӯзии Самарқандӣ (1086-1991) номи Рӯдакӣ “дар саҳифаи рӯзгор мастур буд”. Дар бораи табъи латиф ва зеҳну хираду заковати Рӯдакӣ Муҳаммад Авфӣ (1172-1176) мегуяд: «Рудакӣ аз наводири фалакӣ будааст ва дар зумраи аном аз аҷоиби айём. Акмаҳ (кӯр) буд,... басар надошт, аммо басират дошт, макфуфе (нобино) буд, асрори латоиф бар вай макшуф, маҳҷубе буд аз ғояти лутфи табъ маҳбуб... Закӣ ва тезфаҳм буд..., маонии дақиқ мегуфт... ва ӯро Офардигори таъоло овозе хуш ва савте дилкаш дода буд».

Давлатшоҳи Самарқандӣ чанде аз сифатҳои нодираи рӯзгор - Рӯдакиро ёд мекунад. Аз ҷумла, мегӯяд: «Филҷумла, табъе карим ва зеҳне мустақим дошта ва аз ҷумлаи устодони фанни шеър аст» (Ҳамон ҷо, саҳ. 37), ки Наср ибни Аҳмади Сомонӣ бо таъсири шеъри Рӯдакӣ «аз тахт фуруд омад ва бе мӯза пой дар рикоби хинги навбатӣ оварду руй ба Бухоро ниҳод». Давлатшоҳи Самарқандӣ дар бораи ин воқеаи шигифтовар мегӯяд: “Уқалоро ин ҳикоя ба хотир аҷиб менамояд, ки ин назмест сода ва аз саноеъу бадоеъ ва матонат орӣ. Чи агар дар ин рӯзгор суханваре ин навъ сухан дар маҷлиси салотину умаро арз кунад, муставҷиби инкори ҳамгинон шавад». Поёнтар муаллиф камолоти ӯро чунин тавзеҳ медиҳад: «Балки ӯро дар фунуни илму фазоил вуқуф аст ва аз ақсоми шеър қасоиду маснавиро некӯ мегӯяд ва устод Рӯдакӣ азимушшаън ва мақбули хоссу ом буда» (саҳ. 38).

Шариф Муҷаллади Гургонӣ гӯяд:

Аз он чандон наими инҷаҳонӣ,

Ки монд аз оли Сосон в-оли Сомон,

Санои Рӯдакӣ мондасту мидҳат,

Навои Борбад мондасту дастон».

Донишмандони араб низ дар бораи ҳунар ва тариқи сухани Рӯдакӣ изҳори назар кардаанд. Дар шарҳи китоби Абӯнасри Утбӣ аз «Китоби Яминӣ» Аҳмад ибни Алӣ ибни Умар ал-Манонӣ – нависандаи «Китоб улфатҳ алваҳабӣ» мегӯяд, ки Рӯдакӣ шоири муфлиқ, пешвои шоирони форсӣ ва дорои қавли матин аст. Дар шарҳи ҳамин мазмун Наҷотии Нишопурӣ дар китоби «Шарҳи Яминӣ» Рӯдакиро «Шоири муфлиқ (он ки шеър наку гӯяд) ва мутриби фоиқ (баргузида) хондааст (Нафисӣ 1382, 509-510).

Мувофиқи ахбори сарчашмаҳо, аз ҷумла, Муҳаммад Авфии Бухороӣ Рӯдакӣ аз айёми кӯдакӣ навохтани барбатро омӯхта ва дар ҳунари суруд шуҳрат ёфта буд. Лекин дар қасидаи ба мадҳи Унсурӣ бахшидааш Манучеҳрӣ шоирро “Рӯдакии чангзан” хондааст. Аз ин ҷо маълум мешавад, ки чангзанӣ яке аз ҳунарҳои ин марди бодонишу пурҳунар будааст. Байти мазкури Манучеҳрӣ ин аст:

Дар Хуросон Бӯшуайбу Бӯзар он Турки Кашӣ

В-он Сабури Порсию Рӯдакии чангзан.

Аз ҷумлаи тағаззулоти устод Рӯдакӣ яке пора дар панҷ байт боқӣ мондааст, ки сареҳан чанг гирифтану навохтани ӯро зикр менамояд, яъне устод аз ин ҳунари худ лутфан ёд мекунад:

Рӯдакӣ чанг баргирифту навохт,

Бода андоз, к-ӯ суруд андохт.

Инчунин «Овози хушу савти дилкаш» ба сифатҳои шоирии Рӯдакӣ зам шудаанд.

Дар ин замон касоне буданд, ки таъна бар шеъри Рӯдакӣ мезаданд ва Муҳаммад Авфӣ яке аз онҳоро бидуни зикри ном бо эроде, ки бар шеъри Рӯдакӣ дошт ва посухи худ дар «Лубобулалбоб» зикр кардааст:

«Ва яке аз ҷуҳҳол дар назми ӯ таъне кард ва аройиси нафоис ва тавоифи латоифи ӯ тазйифе намуд. Низомии Арӯзӣ ин байтро дар ҳаққи ӯ иншо кард. Шеър:

Эй он ки таън кардӣ дар шеъри Рӯдакӣ,

Ин таън кардани ту зи ҷаҳлу зи кӯдакист.

К-он кас, ки шеър донад, донад, ки дар ҷаҳон

Соҳибқирони шоирӣ устод Рӯдакист.

(Авфӣ 1361, 494)

Шаҳиди Балхӣ сухани Рӯдакиро бо Қуръон баробар карда, онро «тилви нуби» гуфта буд. Шиблии Нуъмонӣ ба ҳар навъе аз анвои шеъри Рӯдакӣ назари хосе изҳор намуда, ӯро «дар тарсим ва кашидани сурати як матлаб ё як ҳолат ва вазъ ва таҷассум додани ин, ки аз аносири муҳимми шеър ва шоирӣ аст, дорои маҳорате басазо медонад» (Шиблии Нӯъмонӣ 1380, 30).

Абулфазли Байҳақӣ дар “Таърихи Байҳақӣ” борҳо аз шоири номвар ёд кардааст: “Ва устод Рӯдакӣ гуфтааст ва замонаро нек шинохтааст ва мардумонро бад-ӯ шиносо карда”.

Ба ҳамин тартиб, масъалаҳои таърихи шинохту таҳқиқи Рӯдакӣ дар китобҳои Саъид Нафисӣ (1382), Бадеъуззамон Фурӯзонфар (1380, 18-25), Бертелс Е. Э. (1988, 261-300), Мирзоев А. (1958), Брагинский И.С. (1964, 384-441), С. Айнӣ, Афсаҳзод А. (2003), А.Сатторзода, Х.Шарифзода, Асрори Раҳмонфар (1999, 3-39), дар муқаддимаҳои чопи ашъори шоир, дар мақолаҳои донишнома (энсиклопедия)-ҳо ва мақолаҳои таҳқиқӣ хеле батафсил баррасӣ шудаанд, ки феҳристи тамоми пажуҳишҳои мазкур дар китоби сеҷилдаи “Донишнома”-и Рӯдакӣ бо кӯшиши ходимони илмии Институт гирдоварӣ ва интишор ёфтааст.

Садриддин Айнӣ сухани Рӯдакиро монанди шоирони халқӣ пайвастаи шеъру оҳангу сози мусиқӣ медонад, ки ҳамагӣ ба тарзи бадеҳа будааст. Фазилати шеъри Рӯдакӣ дурӣ аз сохтагӣ ва сохтакориҳо, муболиғаҳои ғайритабиӣ, аз киноя ва истиораҳои каснофаҳм мебошад (Айнӣ 1963, 138-140). Назари куллии Айнӣ ин аст, ки агар шеъри Рӯдакиро «саҳли мумтанеъ» гӯем, ба ҳақиқат мувофиқ меояд. Ба назари Айнӣ, «саҳли мумтанеъ» чизест, ки дар дидан осон ва сода менамояд, аммо кардан ва ба вуҷуд овардани вай мумтанеъ, яъне номумкин аст. Бештарини шеърҳои Рӯдакӣ ҳамин хусусиятро доранд» (Айнӣ 1963, 148).

Ризозода Шафақ устодии Рӯдакиро дар суханпардозӣ ва таносуби алфоз ва маонии бисёр дақиқ ба кор бурдан ва адабиёти ҳакимона ба ёдгор гузоридан медонад (Шафақ 1369, 50).

Сухани Бадеъуззамон Фурӯзонфар дар мавриди сабки сухани Рӯдакӣ дақиқтар ва бо вусъати диди ҳунарӣ ва маънои ашъор изҳор шудааст: «Ашъори Рӯдакӣ, ҳарчанд девонаш мавҷуд нест, ба балоғати услуб ва табиӣ будани маънӣ мумтоз аст. Сабки ӯ дилкаш ва мутаносибу латиф ва дар ҳамин ҳол ҷазолати махсусе дорад, ки барои камтар кас аз шуаро муяссар шудааст” (Фурӯзонфар 1380, 18).

Холиқ Мирзозода шеъри Рӯдакиро дорои ду услуб медонад: яке «автологӣ – аз забони худ, бе образи сухан ва санъатҳои шеърӣ фикр баён намудан» ва дуюм услуби метологӣ-маҷозӣ сухан гуфтан (Мирзозода 1987, 281). Дар охир назари худро роҷеъ ба услуби Рӯдакӣ чунин хулоса мекунад: «Рӯдакӣ бештар дар ду тарзи услуби баён асар эҷод кардааст: услуби бадеӣ ва услуби илмӣ. Услуби бадеиро бештар дар шеърҳои лирикӣ ва достонҳояш ба кор бурдааст» (Мирзозода 1987, 283).

Брагинский И. С. аз ҷумлаи муҳаққиқонест, ки сабки шеъри Рӯдакиро бо роҳи шарҳи ашъори шоир баррасӣ менамояд. Бо изҳори таассуф аз ин ки муҳаққиқони шеъри Рӯдакӣ бештар ба маҳорати бадеии (ҳунарии) шоир дар муқаддамоти зоҳирии поэтикаи шеъри ӯ таваҷҷуҳ кардаанд, ки кори каме нест ва ба суоли чаро Рӯдакӣ дар асрҳои миёна ҳамчун шоири бузург шинохта шудааст, посух медиҳад. Аммо ин нукта ба суоли дигаре ҷавоб намегӯяд, ки чаро шеъри Рӯдакӣ қалби мардумро дар қарни бистум ҳам ба xeш меорад (Рӯдакӣ 1964, 386-387).

Барои ҳалли ин мавзуъ, ба ақидаи ин муҳаққиқ, маҳорати бадеии (ҳунарии) Рӯдакиро аз мавқеъҳои илми зебоишиносии муосир, бо назардошти оҳанги (нафиси) фосилаи замонии таърихӣ бояд баҳо дод. Барои расидан ба ҷодаи матлуб ба мо суханони шоироне, ки шеъри Рӯдакиро дарёфтаанд, кӯмак карда метавонанд.

Адабиётшиноси маъруф Худоӣ Шарифзода бар ин бовар аст, ки “шеъри комили Рӯдакӣ ҳосили қудратҳои завқӣ, фаросат ва зеҳнии шахсияти ӯ дар вобастагӣ ба замону макони ҷунбонандаи қувваҳои офаринандагиаш мебошад”.

Чунон ки дидем, Рӯдакиро бартари шоирони Арабу Аҷам, ифтихори шоирони ҷаҳон, устоди шоирон, соҳибқирони шоирӣ, Одамушшуаро, наводири фалакӣ, нодираи рӯзгор, ҳакими Хуросон, шоири муфлиқ, мутриби фоиқ хондаанд. Ҳамаи инҳо сифатҳои олитарини шеъру шоирӣ мебошанд, ки бо асос бар онҳо Рӯдакиро метавон шоири бузурги ҳама давру замон хонд. Шахсияти мумтози Рӯдакиро Шоири халқии Тоҷикистон Рустам Ваҳҳобзода чунин тарсим кардааст:

Аз сухан пайкаре гар ороянд,

Андар он шеъри Рӯдакӣ ҷон аст.

Аз ҳазорон яке аз ӯ монда,

Ҳар яке беш аз ҳазорон аст.

Директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии АМИТ Шарифзода Фарангис