Перейти к основному содержанию
123Ҳамасола 5-уми октябр дар қаламрави Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил мешавад, ки он бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад.

Ҷараёни босуръати нестшавии забонҳо дар замони муосир аҳолии сайёраро ба таҳлука андохтааст. Дар чунин лаҳзаи ҳассос, ки ҳатто хатари нобудшавии забонҳои машҳури дунё ба миён омадааст, месазад, ки барои ҳифзи забони шевои тоҷикӣ ва мероси ниёгонамон чораҳои зарурӣ ва натиҷабахш андешида шавад. Иқтибос аз суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Забон воситаи муҳиммтарини робитаи байни одамон аст. Ҷомеа ва забон баробар пайдо шудаанд ва инчунин зуҳури ҳарду ба меҳнат вобастагӣ дорад. Забон хоси инсон буда, яке аз нишонаҳои асосии миллат, яъне ойинаи фарҳанги халқ аст. Инсон фикри худро бо роҳҳои мухталиф (имову ишора, рафтор, ранг, садо) ифода карда метавонад, аммо воситаи умдаи ифодаи афкори инсон забон аст. Ҳар як забони зинда аз ҳастии ин ё он миллат дарак медиҳад. Вобаста ба рушди ҷомеа забонҳо низ инкишоф ёфта, ба дараҷаи миллӣрасиданд.

Тибқи маълумоте, ки Донишномаи озоди тоҷикӣ овардааст, танҳо бо гӯиши тоҷикӣ 38,6 миллион нафар гап мезананд. Бори аввал Қонун дар бораи забони тоҷикӣ 22 июли соли 1989 қабул карда шуд. Аммо 5 октябри соли 2009 тарҳи нави Қонуни забони тоҷикӣ ба тасвиб расид ва рӯзи «Иди забон» ба 5-уми октябр гузаронида шуд.

Забон рукни асосии нишони давлатдорӣ ба шумор меравад. Ҳар як миллат маҳз ба василаи забон ҳамчун миллати соҳибихтиёр ва соҳибтамаддун шинохта мешавад. Забон воситаи ягонаи ҳифзи мероси гаронбаҳои моддӣ ва маънавии ҳар як халқ ба ҳисоб рафта дар таҳвили ин навъи мерос саҳмгузор будааст. Тибқи қарори Созмони байналмилалии ЮНЕСКО аз 21-уми феврали соли 2000-ум сар карда, имрӯзро ҳамчун «Рӯзи байналмилалии забони модарӣ» эълон намудааст. Ин иқдом дар ҳамон замон саривақтӣ дониста шуд. Зеро коршиносон чунин хулоса баровардаанд, ки ҳар як ҳафта тақрибан як забон аз байн меравад.

Мувофиқи тадқиқоти рӯзномаи бритонии Independent дар рӯйи замин сатҳи нобудшавии забонҳо аз ҳайвоноту парандагон дида баландтар будааст. Масалан, дар 500 соли охир дар рӯйи замин тақрибан 4,5 дарсади забонҳои дунё нест шудаанд, дар ҳоле, ки дар ин муддат дар дунё 1,3 дарсади парандаҳо ва 1,9 дарсади навъҳои ҳайвонот ба коми нестӣ рафтаанд. Дар тамоми тӯли таърихи инсоният тақрибан 9 ҳазор забон аз байн рафтааст. Дар ин миён ҳатто забонҳои кишварҳои абарқудрате аз байн рафтаанд. Аз ҷумла, забонҳои қадимаи санскрит, порсии қадим, оромӣ, юнонӣ, лотинӣ, ведӣ, ошӯрӣ ва русии қадим.

Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои бостонӣ ва соҳибхати олам маҳсуб ёфта, се марҳалаи тӯлонии инкишофро аз сар гузаронидааст. Зиёда аз ҳазор сол аст, ки халқи тоҷик бо забони шевои тоҷикӣ гуфтугӯ карда, фарҳанги беназири худро чун хатти сабз аз як китоб ба як китоби дигари таърих сабт мекунад. Адибону донишмандони оламшумул ба тимсоли устодон Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Шайх Камоли Хуҷандӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Саъдии Шерозӣ, Абдулқодири Бедил, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ ва дигар бузургонамон асарҳои безавол ва ҷовидонаву орифонаи худро ба забони ноби тоӣикӣ эҷод карда, шуҳрати ин забонро боз ҳам афзунтар кардаанд.

Халқи тоҷик забони худро ниҳоят дӯст медорад ба он ҳамеша арҷмегузорад. Бояд қайд намуд, ки новобаста аз фишори чандинкаратаи аҷнабиён ин забон завол наёфта, баръакс асолати таърихии худро нигоҳ дошт. Маҳз тавассути ҳамин забон халқи тоҷик ҳастии худро ҳифз намуд. Чуноне, ки Шоири халқии Тоҷикистон, устод Мӯъмин Қаноат дар шеъри худ бо номи “Ба ҳаводори забони тоҷикӣ” таъкид намудаанд:

…Баҳри ман танҳо забони модарист,

Ҳамчу шири модар аст,

Баҳри ӯ ташбеҳи дигар нест, нест,

Чунки меҳри модар аст.

З-ин сабаб чун шӯхиҳои дилбарам,

Дӯст медорам варо

Чун навозишҳои гарми модарам,

Дӯст медорам варо.

Ҳамин тариқ, ҳастии ҳар як халқу миллат ба гиромидошти забони ӯ марбут аст. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон низ муваззаф аст, ки забони модарии худро гиромӣ дошта, дигаронро низ баҳри фарогирии он талқин намоянд. Татбиқи ҳамаҷонибаи Қонуни забон дар ҳаёт ба нангу номуси ҳар яки мо вобастагӣ дорад. Ҳифзи ин сарвати беназири миллат барои омӯхтану аз худ кардани дигар забонҳо мусоидат менамояд. Ба ифодаи шоири ширинкалом Аскар Ҳаким:

Аз миллату аз забони худ ёд кунед.

Арвоҳи гузаштагони худ шод кунед.

То ҳарф занад ба тоҷикӣ тифли Шумо.

Дунёи варо тоҷикӣ бунёд кунед.

Хоҷаев М.А. Котиби илмии Маркази инноватсионии

биология ва тибби АМИТ.