Перейти к основному содержанию

Дирӯз дар маркази омӯзишӣ - таълимии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти роҳбарии академики АМИТ, Улмас Мирсаидов семинари омузишӣ дар мавзуи “Масъалаҳои арзёбии мониторинг дар минтақаҳои таърихию сайёҳии Тоҷикистон” баргузор гардид.

Дар семинари мазкур олимони ҷавону ходимони илмии Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ ва дигар институтҳои зертобеи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иштирок намуданд.

Дар идомаи чорабинӣ, Фирӯз Шафиев - корманди Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ вобаста ба гузаронидани мониторниги радионуклидҳо ва вазъи партовгоҳҳои урандор, ки қаблан он дар минтақаҳои кишвар аз ҷониби кормандони Агентӣ сурат гирифт, баромад намуд.

Сипас, масъалаҳои вобаста ба омода намудани харитаи радиологии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва коркарди партовҳои саноати уран аз ҷониби олимону мутахассисон мавриди баррасӣ қарор гирифт.