Перейти к основному содержанию
123124Олимони соҳаи тандурустӣ тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои зиёде ноил гардида, барои рушди илми тибби тоҷик ва татбиқи корҳои илмӣ дар амал хизматҳои шоён намуданд. Танҳо ҳаминро гуфтан ба маврид аст, ки солҳои 2010-2022 кормандони муассисаҳои илмии соҳаи тиб 200 патент оид ба ихтироот ва 1170 пешниҳоди навоварӣ гирифтанд.

Истиқлол ҳамчун падидаи нави озодӣ ва раванди ҳувияти миллии тоҷикон имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи ҷумҳурӣ ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ равона гардад.

Муҳимтарин вазифаҳои ҷомеа дар сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хуб дарҷ ёфтааанд ва барои пешрафти минбаъдаи самтҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла сиёсату иқтисодиёт, соҳаи тандурустӣ ва илму маориф роҳҳои васеъ кушодаанд.

Солҳои соҳибистиқлолӣ бо роҳбарии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Рахмон олимони тоҷик дар рушди илм мақоми калидӣ дошта, ҷиҳати дар амал тадбиқ намудани натиҷаҳои корҳои илмӣ ва ворид намудани технологияи инноватсионӣ кору пайкор доранд. Илму олим дар ҳама давру замон қувваи пешбарандаи давлату ҷомеа ҳаст.

Дар Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маориф бори дигар ин нуқта таъкид гардид: «Дар ҷаҳони муосир танҳо кишварҳое метавонанд ҳастии худро ҳифз карда, рушд ёбанд, ки шаҳрвандонашон дорои сатҳи баланди саводнокӣ ва маърифату фарҳанг, илмдӯсту донишманд ва соҳибҳунар бошанд». Аз ин гуфтаҳо метавон хулоса баровард, ки рушду пешрафти кишвар бар пояи илму дониш, ихтироъкориву истеҳсол ва истифодаи техникаву технологияҳои муосир асос ёфта, бе илм наметавон кишварро аз буҳронҳои гуногун наҷот бахшид, миллат низ маҳз бо тамаддуну илми пешрафт ва нобиғаҳояш машҳур буду ҳаст.

Масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи омӯзиш, ташаккули дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ, инчунин сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмӣ дар мамлакат вазифаи аввалиндараҷаи олимон ба шумор меравад.

Президенти кишвар иброз доштанд, ки Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, бо мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст.

Имрӯз саҳми олимони тоҷик ба илми ҷаҳонӣ кам нест. Махсусан, пешрафти илми тиб ва дастовардҳои олимон дар ин соҳа дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар ҷолиби диққат мебошад. Ҳамин аст, ки дар амалияи тибби кишвар онҳо рӯз аз рӯз амалӣ гашта истодаанд.

Иқдоми наҷибонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби олимони соҳаи тиб ва кормандони тандурустии кишвар дар бораи таъсис ёфтани Академияи илмҳои тиб хеле хуб пазироӣ гардида, ҷиҳати ғамхории доимӣ ва боло бардоштани нуфузи илми тиб дар ҷомеъа такони ҷиддие ба шумор меравад.

Ин иқдом афзоиши дастовардҳои олимони соҳаи тиб ва иҷрои КИТ-ро афзун намуда, масъулияти олимонро дар назди мардум зиёд мегардонад ва ба ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои илмӣ, омодасозии кадрҳои баландихтисос, тайёр кардани олимони ҷавон дар аспирантура, мигистратура ва докторантура мусоидат мекунад.

Амалӣ намудани супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тайёр намудани доруворӣ аз растаниҳои шифобахши ватанӣ ва таҳияи корҳои нави илмӣ-тадқиқотӣ дар ин самт, истифодаи технологияи муосир ва робитаи илмӣ байни пажуҳишгоҳҳои илмии хориҷи кишвар тарафи дигари масъала ба ҳисоб мераванд. Равобити илмӣ ва омӯзиши таҷрибаи пешқадами олимони соҳа сабаби пешрафти илми тоҷик мегардад.

Соли равон кормандони муассисаҳои илмии соҳаи тиб аз рӯи 36 мавзуъҳои аз буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда корҳои илмӣ бурда, 4 лоиҳаи Фонди Президентии тадқиқоти бунёдӣ дар самтҳои гастроэнтерелогия, акушерӣ ва перинатологӣ, бемориҳои сил ва муҳити зист мавриди амал қарор дорад.

Дар солҳои 2023-2024 дар Шӯрои диссертатсионии МД “Пажуҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон” ҳимояи 11 рисолаҳои номзадии илмҳои тиб гузаронида шуд, ки 4 рисола дар КОА тасдиқ карда гардид ва дар Шӯрои диссертатсионии МД “Марказии ҷумҳуриявии ҷарроҳии дилу рагҳо» дар ин давра ҳимояи 5 рисолаи номзадии илмҳои тиб гузаронида шуд.

Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соли гузашта 75 ҳимояи рисолаи номзади илмӣ, аз он 7 рисолаи докторӣ ва дар соли 2024 бошад 32 ҳимояи рисола сурат гирифт.

Дар Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин нишондод дар соли 2023 11 рисолаи номзади илмӣ ва 3 рисолаи докторӣ мебошад.

Миқдори патентҳо дар муассисаҳои илмии соҳаи тиб дар соли 2023 14 адад ва дар соли равон 2 ададро ташкил доданд, дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино 31 патент ба даст оварда шуд, ки қисман дар амалияи тиббӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.

Дар ин давра дастовардҳои зерини илмии олимони тиб назаррас буд:

- Ба феҳристи маҷаллаҳои Scopus ворид гардидани маҷаллаи “Паёми Сино” (Avcenna Bulletin) мебошад, ки Шуъба яке аз муассисони он мебошад. Паёми Сино аввалин маҷалла аз Тоҷикистон ва нахустин маҷаллаи тиббии Осиёи Марказӣ мебошад, ки ба ин феҳрист ворид шудааст;

- Маҷаллаи “Паёми тиббии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон”, ки нашрияи расмии Шуъба мебошад, аз 15 феврали соли 2023 такроран ба феҳристи маҷаллаҳои тақризшавандаи КОА Федератсияи Россия бо иловаи 7 ихтисос ба қайд гирифта шуд;

- Коркард ва ба таври васеъ истеҳсол ва истифода намудани маводи безараргардонандаи зиддивирусии гипохлорити натрий, ки дар давраи пандемияи коронавируси нави COVID-19 аҳамияти ниҳоят муҳими иқтисодию иҷтимоӣ дошт;

- Коркард ва сохтани намунаи саноатии дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ ва технологияҳои ватанӣ;

- Таҳияи маҳлули воридотивазкунанда барои гемодиализ бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ;

- Дар ҳамкорӣ бо олимони Институи физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови АМИТ ихтироъ ва бори аввал истифода намудани дастгоҳи нав барои иҷрои Криохолесистэктомия (бурида гирифтани талхадон бо истифодаи нитрогени моеъ), сазовори патенти Авру Осиё гардид;

- Кашфи генотипҳои нави ротавирусҳо ва намунаҳои нави канаи табларзаи хунин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳҳои пешгирии сирояти онҳо;

- Муайян намудани омилҳои нави хатари норасогии гурдаи пайвандшуда (бемориҳои ғадуди сипаршакл) ва роҳҳои пешгирии он;

- Омӯхтани пурраи генотипҳои гепатитҳои вирусии дар Тоҷикистон даврзананда ва таҳияи нақшаҳои нави табобати гепатитҳои вирусии ҳамҷоя - В ва С; В ва Д; С ва Е;

- Пешниҳоди ҷарроҳии думарҳилавии нуқси инкишофи ҷоғи поён ва забон - макрогнатияи поёнӣ бо макроглосия, ки сараввал резексияи қисмии забон, баъд - остеотомияи ҷоғи поён гузаронида мешавад;

- Усули такмилдодашудаи эндопротезгузории буғуми чаккаву ҷоғи поён ҳангоми саратон ва анкилози он;

- Муайянсозии таъсири манфии сирояти COVID-19 ба хунгардиши модар-ҷанин ва ҳамроҳак ва афзудани оризаҳои давраи ҳомиладорӣ, фавти дохилибатнии ҷанин ва таваллуди пеш аз мӯҳлат;

- аввалин маротиба бо муваффақият ва натиҷаи аъло иҷро шудани ҷарроҳии бартарафсозии алоими Киммерлӣ - фишурдашавии шараёни сутунмӯҳра бо мӯҳраи якуми гардан ҳангоми ҳаракати сар;

- таҳияи регламенти фармокопеӣ ва шароити техникӣ оид ба истеҳсоли маводҳои фаъоли биологӣ аз шираи камол “ХОЛАГОН, “ФЕРУЛИН” “МЕВАИ ЗЕЛОЛ”; “Ширинии тути сафед”, маҳлули Ширинбия, субстрат ва хокаи Ҳинги Сайёр

Ҷиҳати амалӣ намудани супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тайёр намудани доруворӣ аз растании ватанӣ 28-уми сентябри соли 2019 сехи истеҳсоли маводи доруворӣ аз растаниҳои шифобахш дар Маркази илмию тадқиқотии фарматсевтӣ кушода шуд ва 12 намуд маводи доруворӣ аз растаниҳои маҳаллӣ истеҳсол карда мешаванд.

Ба андешаи Пешвои миллат, имрӯз кишварҳои мухталифи дунё бар пояи илму дониш, ихтироъкориву истеҳсол ва истифодаи техникаву технологияҳои муосир ба пешрафту тараққиёти баланд ноил мегарданд. Ҳоло истифодаи «зеҳни сунъӣ» дар ҷабҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаи ҷаҳонӣ торафт густариш пайдо менамояд. ки дастоварди олимон на танҳо пешрафти як давлату миллатро такон мебахшад, балки метавонад мавриди истифодаи башарият қарор гирад.

Олимону донишмандон ва роҳбарони муассисаҳои илмиро мебояд, ки ҷавобан ба дастгириву ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иҷрои рисолати худ фаъолият намуда, дар ҳифзи дастовардҳои Истиқлол ва муаррифии илми ватанӣ – саҳми бевосита гузоранд.

Мо –кормандони илмии соҳаи тиб бояд вобаста ба ғамхориҳои Пешвои миллат ва пеш рафтани илми ҷаҳонӣ дар соҳаи тиб ҷавоби сазовор гардонему дастовардҳои илмиро бештар намоем. Беҳуда таъкид нагардид, ки : “барои давлат миллати солим даркор аст ва барои миллати солим табибони баландихтисос заруранд».

С. Т. Ибодзода, ноиби президенти АМИТ, раиси шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фарматсевтии АМИТ,

д.и.т., профессор, Ш.Қ. Каримов, сармутахассиси шуъба