Перейти к основному содержанию

12312414ДУШАНБЕ, 04.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Паёми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2013 хеле воқеъбинона ин нукта иброз гардида буд: «Забони мо дар марҳилаҳои ҳассоси таърихи халқамон ҳамеша нақши тақдирсоз бозида, аҷдоди бошарафу тамаддунсози моро аз гирдоби ҳаводиси пуртазоди асрҳои миёна то ба имрӯз эмин нигоҳ доштааст. Ин аст, ки мо давоми солҳои соҳибистиқлолӣ оид ба эҳё ва густариши забони давлатиамон силсилаи тадбирҳои судмандро амалӣ намудаем».

Дар воқеъ, забон яке аз бузургтарин омилҳое аст, ки на танҳо бартарияти инсонро аз дигар махлуқоти олам нишон медиҳад, балки бузургӣ, ифтихор ва бобарории ҳар миллату халқиятро муаррифӣ менамояд. Дар бораи таърих, мақом, бузургӣ ва ширину гуворо будани забонҳо таҳқиқоти хеле мухталиф мавҷуд ҳастанд, ки инсонҳо дар бораи мавҷудияти забонҳои гуногун, мураккабу одӣ будани гуфтори онҳо қисса ва таълимоти зиёд доранд. Ҳамин тавр, маънои забон бо тамоми гуногунии системаи аломатҳояш муҳимияти худро абадан нигоҳ дошта, моро водор менамояд, ки нисбат ба бузургии чунин арзиши бебаҳо ифтихор дошта бошем ва забони модарии хешро муқаддас донем.

Мувофиқи таҳқиқоти Академияи илмҳои Фаронса, дар дунё зиёда аз 2796 забон мавҷуд аст, ки онҳо ба ёздаҳ гурӯҳи калон ва понздаҳ гурӯҳи забонҳои хурд тақсим мешаванд. Мардумоне, ки бо ин забонҳо гуфтугӯ доранд, аз ҳафт то ҳашт ҳазор лаҳҷаро истифода мебаранд. Олимони немис тасдиқ менамоянд, ки имрӯз халқҳои ҷаҳон бо 4 ҳазор забон суҳбат мекунанд. Дар таҳқиқоти илмӣ қариб 5600 забони зинда ва мурдаро мавҷуд медонанд.

Дар баъзе мамлакатҳо забон ва лаҳҷаҳои зиёде мавҷуд ҳастанд, ки ҳар кадом ба худ хусусияти хос дорад. Дар Доғистони Федератсияи Русия тахминан зиёда аз сӣ забон мавҷуд аст. Аз ҷумла, аварӣ, лезгинӣ, даргинӣ, лакӣ, табосаронӣ (ҳамаи ин забонҳо хат доранд), инчунин андийгӣ, картинӣ, ахвахӣ, багвалинӣ ва ғайра. Дар байни ин забонҳо равандҳои гуногуни лаҳҷа ба амал меоянд, ки боиси омезиш, рушд ва аз байн рафтани баъзе аз онҳо шуда метавонанд. Ҳамаи ин тақозои онро дорад, ки забон низ ҳамеша дар рушду такомул ва тағйирпазирӣ қарор дорад.

Бояд гуфт, ки забони модарии мо давоми таърихи чандҳазорсола мақому мартабаи бузурги фарҳангсолорӣ дошта, ба бисёр миллату халқият ва қавмҳои гуногун таъсир расонида, онҳоро ба ҳам овардааст. Ба онҳо маданияти муошират, рафтори некро омӯхта, баъзан бо ин забон ҳувияти ягона сохта шуд. Аз ин рӯ, эҳтиром ва донистани забони тоҷикӣ кушодани пайраҳа барои аз бар намудани дигар арзишҳое аст, ки барои рушду такомули халқияту миллатҳо мусоидат менамояд. Ин аст, ки ҷаззобият ва бузургии забони модарии мо дар қатори забонҳои бузурги дунё имрӯз забони давлатдорӣ ва ифтихори мо аст.

Дар воқеъ, ин масъалаҳо ҳоло на танҳо барои муҳаққиқони илмҳои ҷомеашиносӣ, балки барои тамоми шаҳрвандони мо муҳиммият ва фазои махсуси таҳлилӣ доранд. Зеро баъди таҳкими соҳибистиқлолӣ рушду такомули забони давлатӣ ва мақому мартабаи он дар ҷумҳуриамон ранги дигар гирифт. Махсусан, таваҷҷуҳи Пешвои миллат ва Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон ба ин самт хеле зиёд гардид. Гузаронидани чорабиниҳои зиёди маърифатӣ, аз ҷумла озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм-фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ва чопи дигар китобу монографиияҳои тахассусӣ нисбат ба таъриху фарҳанги забон ба рушди забони давлатӣ такони ҷиддӣ бахшид.

Дар айни замон раванди соҳибистиқлолӣ ба рушди забони давлатӣ шароит ва муҳити хуби миллӣ бахшидааст, ки муҳиммияти махсус дорад. Ҳамзамон рушди забони давлатӣ ин воситае аст, ки ба давлат ва миллат дар арсаи байналмилалӣ афзалияти стратегӣ дода, худшиносӣ ва худмуайянкунии миллиро баррасӣ карда метавонад.

Ифтихору эътиқод ва рушди забони давлатӣ эҳтироми миллати куҳанбунёди тоҷик ва муқаддастарин дастоварди замони соҳибистиқлолӣ мебошад, ки мо бояд нисбат ба он қадршиносӣ ва шинохти хосса дошта бошем. Умед дорем, ки забони сиёсату шеъру сухани мо ҳамчун омили бузурги таҳкими истиқлоли давлатӣ ҳамеша бегазанд боқӣ монад.

Абдураҳмон МУҲАММАД, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор