Перейти к основному содержанию

08 октябри соли равон дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар асоси Нақшаи фаъолияти Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон барои соли 2024, ки аз ҷониби Раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ шудааст, Конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзуи “Душанбе – пойтахти тоҷикон ва шаҳри сулҳ” баргузор гардид.

Дар Конференсияи ҷумҳуриявӣ Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон – Рудобаи Мукаррам, Муовини Раиси шаҳри Душанбе – Дилбар Одилзода, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон – Лутфия Абдухолиқзода, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Зулфиқор Гулаҳмадзода, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва Директори Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Солеҳ Завқизода иштирок ва суханронӣ намуданд.

Инчунин, дар Конференсия роҳбарону намояндагони вазорату кумита ва идораҳои давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, аъзои Шурои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.

Ба кори конфронс Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон – Рудобаи Мукаррам ҳусни оғоз бахшида, таъкид дошт, ки воқеан имрӯз таҳти сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо талошҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ шаҳри Душанбе ободу зебо гардида, ба яке аз шаҳрҳои амнтарин дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифии бештар гардидааст.

Дар идома муовини Раиси шаҳри Душанбе – Дилбар Одилзода дар суханронии хеш таъкид дошт, ки заҳмату талошҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар рушду пешрафти шаҳри Душанбе бесобиқа аст. Имрӯз шаҳри Душанбе ҳамчун қалби Тоҷикистони азиз дар сатҳи ҷаҳонӣ бо рушду пешрафти худ шинохта гардидааст. Таъкид гардид, ки маҳз бо ибтикори бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯзҳо дар пойтахти азизамон шаҳри Душанбе чорабинҳои сатҳи байналмилалӣ баргузор гардида истодаанд, ки барои боз ҳам муаррифӣ гардидани кишвари Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ имконият фароҳам хоҳанд овард.

Сипас, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар суханронии хеш таъкид дошт, ки воқеан ҳам мо таҳти сиёсати дурбинона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ташббусҳои бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ тавонистем пойтахти Тоҷикистони азизамон шаҳри Душанберо ба кишвари сулҳ табдил диҳем. Маҳз ин пешрафту ободонии шаҳри Душанбе барои рушду инкишофи тамоми соҳаҳои фаъолияти кишвар мусоидат хоҳад кард. Дар ин замина Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун маркази бонуфузи илмӣдар пешбурди сиёсати илмии кишвар саҳми бориз дошта, маҳз олимону кормандони ин ниҳод дар якҷоягӣ барои рушду пешрафти пойтахти азизамон шаҳри Душанбе нақши бориз хоҳанд гузошт

Дар идомаи конфронс муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон – Лутфия Абдухолиқзода, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Зулфиқор Гулаҳмадзода, Директори Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Солеҳ Завқизода суханронӣ намуда, доир ба рушду пешрафти шаҳри Душанбе ва иқдому ташаббусҳои созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ андешаронӣ намуданд.