Перейти к основному содержанию

10 октябри соли равон мулоқоти президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо ноиби президенти Академияи илмҳои Русия Чернешев Сергей Леонидович баргузор гардид.

Зимни мулоқот дурнамои ҳамкориҳо дар самти беҳтар намудани фаъолияти муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба дар самти илмҳои физикаву техника мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт меҳмононро барои иштирок дар конфронси байналмилалӣ бахшида ба 60- солагии Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хайрамақдам гуфт.

Таъкид гардид, ки барои боздиди Шумо ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва нияти таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи мутақобилан судманд, ки ба анъанаҳои чандинсолаи дӯстии мустаҳкам, эҳтиром ва дастгирии ҳамдигар асос ёфтааст, изҳори сипос намоям.

Мулоқоти имрӯза ба низом даровардани муносибатҳои мост ва заминаи иловагии равобити дуҷонибаи мо дар соҳаи илм, аз ҷумла физикаю техника хоҳад шуд.