Перейти к основному содержанию

Имрӯз (10.10.2024) дар маҷлисгоҳи Институти астрофизикаи АМИТ, Шӯрои олимон баргузор гардид. Шӯрои олимонро директори Институт, н.и.ф.-м. Бӯризода А.М. ҳусни оғоз бахшид. Дар шӯрои мазкур аъзоёни Шӯрои олимон, ходимони илмӣ ҳузӯр доштанд.

Дар кори Шӯро масъалаҳои зерин дида баромада шуд: ҳисоботи сафарҳои хизматии кормандони Институт, муҳокима ва баррасии рисолаи номзадии #Ҷонмуҳаммади А.И. барои дарёфти унвони илмии номзади илмҳои физикаю математика аз рӯи ихтисоси 01.03.00 - Астрономия (01.03.01 – астрометрия ва механикаи кайҳон) ва рисолаи номзадии #Сафаров С.Н. барои дарёфти унвони илмии доктори илмҳои фалсафа PhD, доктор аз рӯи ихтисоси 6D061100 - Астрономия (6D061103 – астрометрия ва механикаи кайҳон).

Пас аз баромади аъзоёни Шурои олимон масъалаҳои мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифта, Шӯрои олимон бо қарори якдилона, пешниҳод намуданд, ки ҳисоботҳои сафарҳои хизматӣ тасдиқ карда шаванд ва ба Раёсати АМИТ пешниҳод гарданд. Инчунин, кори рисолаҳои мазкур аз ҷониби Раиси Шӯрои олимони Институт н.и.ф.-м. Бӯризода А.М. ва аъзоёни Шӯрои олимон ҳамаҷониба дастгирӣ ёфта, тавсия дода шуд, ки минбаъд дар Шӯрои диссертатсионӣ КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шаванд.

Қайд кардан зарур аст, ки кори рисолаҳои мазкур барои амалисозии нақшачорабиниҳои “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” бахшида шудаанд.