Перейти к основному содержанию

Директори Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, доктори илмҳои фалсафа Ҳайдарзода Рустам Ҷӯра ва муовини директори Институт Хоҷаев Ҳикматулло дар Мулоқоти ҳамоҳангсозӣ оид ба татбиқи Стратегияи миллӣ ва Нақшаи амал оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ки бо ташаббуси Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва САҲА рӯзи 9 октябри соли равон дар ш.Душанбе ташкил карда шуд, иштирок ва суханронӣ намуданд.

Прокуратураи генералии кишвари мо сипари боэътимоди Истиқлоли Тоҷикистон аст. Бо чунин чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ, ки Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил менамояд, нуфузу обруи кишвари моро дар сатҳи глобалӣ таҳким мебахшад!

Чорабинии мазкур аз ҷониби Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба муқовимат ба экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бомуваффақият гузаронида шуд! 9.10.2024