Перейти к основному содержанию

Бо ташаббуси Шурои олимони ҷавони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияи тарғиботӣ доир карда шуд.

Дар рафти аксияи мазкур олимони ҷавони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ ба аҳли кормандон китобҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақдим намуда, якояки онҳоро ба муносибати ин рӯзи таърихӣ ва ҷашни миллӣ табрику муборакбод гуфтанд.