Перейти к основному содержанию

Дар доираи баргузории конфронси сатҳи байналмилалӣ дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент олимону муҳаққиқони Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз мавзеъҳои таърихии шаҳри Панҷакент боздид намуданд.

Мақбараи Хоҷа Муҳаммади Башоро дар деҳаи зебоманзари Мазори Шариф дар ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ ҷойгир мебошад. Ин ёдгории меъморӣ ба асрҳои XI-XIV тааллуқ дорад.

Ин ёдгории таърихиро олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон А.А. Семёнов, М.Е. Массон, В. Чейлитко, А.Ю. Якубовский, JI.С. Бретанитский, B.JI. Воронина, К.С. Крюков, А.Н. Дяконов, С. Хмелитский, Т. Туренкулов ва Н. Туренкулова, А. Мухторов, А. Шарифзода, Г. Каримова ва дигарон дар давраҳои гуногун таҳқиқ намудаанд.

Дар идомаи сафар олимону муҳақиқони Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз мавзеи таърихии САРАЗМ – 5500 боздид намуданд.

Ёдгории аҳди қадими кишоварзии Саразм тирамоҳи соли 1976 аз тарафи Абдулло Исҳоқов кашф гардидаст. Муҳаққиқон исбот намудаанд, ки масоҳати авалаи ёдгорӣ тахминан 100 гектарро ташкил медод. Шаҳрак масоҳати калон дошта, дар муддати каму беш то 1000 (хазор сол) сол дар ахди мису санг (энеолит) ва ибтидои аҳди биринҷӣ босуръат тараққи намудааст.

Инчунин, дар идомаи сафар олимону муҳаққиқони Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз Оромгоҳи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ боздид намуданд.

Ҳамасола 22 сентябр дар Тоҷикистон иди бузургдошти сардафтари адабиёти оламгири тоҷику форс, иди мероси адабию илмӣ, фаннӣ ва ахлоқии беш аз ҳазорсолаи тоҷик, рӯзи ифтихор аз камолоти тамаддуни миллӣ, рӯзи тавонотарин шоири даврони Сомониён- устод Абӯабдулло Рӯдакӣ таҷлил карда мешавад.

Бояд қайд кард, ки бузургдошти Рӯдакӣ, таҷлилу тақдир аз ӯ танҳо баъд аз ба Истиқлол расидани Тоҷикистон ҷилову ранги тозаву хос ба худ касб карда, халқи тоҷик бо роҳнамоиву роҳбарии Пешвои миллат, Асосгузори ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар солҳое, ки Тоҷикистон пояҳои истиқлоли давлатии худро устувор менамуд, Рӯзи Рӯдакиро дар 22- юми сентябр барқарор намуд.