Перейти к основному содержанию

18 октябри соли равон дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор гардид, ки дар он Мансурӣ Дилрабо - раиси комиссияи ҷумҳуриявии озмуни «Илм фурӯғи маърифат», муовини Сарвазири кишвар, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, Саидзода Раҳм Ҳамро – Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қувватзода Сайдулло намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзоёни комиссия, ҳайати ҳакамони даври чоруми озмун, комиссияи аппелятсионӣ, намояндагони раёсату шуъбаҳои маориф ва дигар масъулон ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.

Дар ҷаласа муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси комиссияи озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат» Дилрабо Мансурӣ, ҳозиринро бо ҷадвали баргузорӣ, ҳайати комиссияи назоратӣ, ҳакамон ва масъулони даври чоруми озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат» шинос намуд.

Сипас, ҳисоботи ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, котиби озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат» Амонзода Илҳом Темур оид ба ҷамъбасти даври сеюм ва омодагӣ ба даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат» суханронӣ намуд.

Дар идома аз ҷониби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат» Дилрабо Мансурӣ зикр гардид, ки ҷадвали макон ва замони баргузории даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат» ҳарчи зуддтар тасдиқ ва ба масъулин дастрас карда шавад. Инчунин, ҳайати ҳакамон, комиссияи аппелятсионӣ, ҳайати ҳакамони иловагӣ ва масъулони даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат» муайян шуда, тасдиқи он ба муассисаҳои мавҷуда дастрас карда шаванд.

Инчунин, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат» Дилрабо Мансурӣ таъкид дошт, ки ба хотири таъмини пурраи шаффофият, пешгирӣ аз ҳолатҳои баҳогузории ғайримеъёрӣ ва қонеъ гардонидани дархости иштирокчиён зарур аст, ки рафти даври чоруми озмун пурра ба навор гирифта шуда, тариқи шабакаҳои телевизионӣ ва радиоии кишвар инъикос карда шавад.

Ҳамзамон ба муассиси озмуни мазкур Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои дахлдор дастур дода шуд, ки барои баргузории даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат» тадбирҳо андешида, даври ҷамъбастиро дар сатҳи баланд баргузор намоянд.