Перейти к основному содержанию

Имрӯз (18.10.2024) бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ - назариявии ҳизбиёни пойтахт таҳти унвони "Тоҷикистон бо Пешвои миллат ба пеш" бахшида ба "30- солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон" ва Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ин ҳамоиш як зумра аз роҳбарону кормандон ва муҳақиқони муассисаҳои илмию таълимӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Инчунин, дар кори ин ҳамоиш Махмедов Муҳаммад олими ҷавони Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доир ба дастовардҳои соҳаи илм дар замони Истиқлолияти давлатӣ суханронӣ намуд.