Перейти к основному содержанию

Ҷаҳонишавӣ ҳамчун раванди объективӣ омили асосии дигаргуниҳои фарҳангӣ ва маънавии сохтори ҷомеа гардид. Зери таъсири он дар ҷомеа арзишҳои комилан нав пайдо шуданд, ки қаблан дучор нашуда буданд ва дар бисёр мавридҳо бо арзишҳои анъанавӣ, ки дар ин ҷомеа муддати тӯлонӣ дар заминаи фарҳангӣ ва таърихӣ инкишоф меёбанд, мухолифат мекунанд.

Яке аз гурӯҳҳои бузурги иҷтимоии ҷомеа, ки ба таъсири ҷаҳонишавӣ бештар осебпазир аст ва ба арзишҳои он ба осонӣ рӯ меоваранд, насли навраси ҷомеа, мухтасар гуем, ҷавонон мебошанд. Дар замони соҳибистиқлолии кишвар маҳз бо таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонон ҳамчун қувваи бузург баҳри пешрафти ояндаи миллат нақши арзишмандеро касб мекунанд. Ҷавонон дар инкишофи сиёсӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва маънавию мадании ҳаёти ҷамъият манбаи асосии кадрҳо мебошад. Ҷавонон фаъолтарин, вале осебпазиртарини қишри ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Заифии онҳо дар зуд дучор шудан ба оқибатҳои манфии ҷаҳонишавӣ ва деформатсияи иҷтимоӣ зоҳир мегардад.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ, бархӯрдҳои геополитикӣ ва бархӯрди арзишҳои фарҳангӣ, ҳамкории фаъолона бо ҷавонон чи дар сатҳи давлати ва чи дар сатҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ вазифаи аввалиндараҷаи ҳар ҷомеаи мутамаддин ба шумор бояд равад.

Самтҳои асосии кор бо ҷавонон аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мураттаб гардида, қайд намуданд, ки «Ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати тарбияи наврасону ҷавонон бояд ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва инсонпарварии онҳо таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода шавад» [5]. Мутаассифона, натиҷаҳои таҳқиқоти сотсиологӣ нишон медиҳанд, ки ҳоло ҳам ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии қисме аз ҷавонон дар сатҳи паст қарор дорад. Бо сабаби паст будани сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ ва носолим будани муҳити иҷтимоӣ ба қадри миллат ва сулҳу ваҳдат намерасанд. Бояд гуфт, ки ватандӯстии ҷавонон то ҷое аз ҳолати иқтисодии онҳо низ вобаста аст. Аммо таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки баъзе аз ҷавонон шароити хуби зиндагӣ доранд, аммо худшиносу ватандӯст нестанд. Сарчашмаи ин зуҳуроти манфӣ ба ҷаҳонбинии маҳдуд, муҳити носолими тарбия ва саводи пасти онҳо вобастагӣ дорад. Сабабҳои паст рафтани сатҳи худшиносии миллӣ ва ҳисси ватандӯстии ҷавононро дар таъсири маданияти бегона ва тақлид ба арзишҳои бегона медонанд [4].

Терроризм яке аз ҷанбаҳои хатарноки ҷомеаи имрӯза ба ҳисоб рафта, на танҳо давлати моро, балки тамоми ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Дарвоқеъ, терроризм падидаи номатлуби ҷаҳони муосир буда, бештар ба қишри фаъоли ҷомеа - ҷавонон таъсири манфӣ мерасонад.

Дар замони муосир дар мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ ду ҷанбаро метавон мушоҳида кард: аввалан, таҳдидҳои глобалӣ, ки ҷавонони муосири тоҷик дар шароити онҳо осебпазиранд ва он ба вазъи тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷомеа таъсир мерасонанд. Асосан чунин таҳдидҳо терроризм ва ифротгароии динӣ мебошанд. Сониян, роҳҳои ҳифзи ҷавонони тоҷик аз ин падидаҳои номатлуби иҷтимоӣ мебошад. Яке аз корҳои афзалиятнок дар ин самт баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон ва дарки ҷаҳонбинии муосир, рушди худшиносии миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ мебошад. Тарбияи ҳуқуқии ҷавонон дар ин масъала, бахусус дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ҷорӣнамудани тартиботи ҳуқуқӣ дар ин муҳити иҷтимоӣ нақши муҳим дорад.

Танҳо худшиносӣ, худогоҳии миллӣ ва ҳифзи хотираи таърихӣ ягона роҳҳое мебошанд, ки майли ҷавононро ба сӯи ҳар гуна ҳаракатҳои иртиҷоӣ пешгирӣ мекунанд. Аз ин рӯ, бояд дарраванди тарбияи ватанпарастии ҷавонон ҳамаи субъектҳои тарбия барои расидан ба як ҳадаф талош варзанд ва танҳо ҳамон вақт натиҷаи дилхоҳ ба даст хоҳад омад.

Ҳолат ва сатҳи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷомеа аз сатҳу самти тарбияи ҷавонон низ вобаста аст, зеро дар ҷомеа ҳуқуқвайронкуниҳои азим аз ҷониби шаҳрвандони тоифаи ҷавонон содир карда мешаванд. Он вақте, ки аз ҷиҳати иҷтимоӣ хавфнок аст, дучанд аҳамият пайдо мекунад, чунон ки Е. Атагимова дуруст кайд мекунад, мушкилоти ҷиноӣ шудани ҷавонон боиси нигаронии ҷиддие мегардад, зеро ҷинояткорӣ дар байни наврасон аксар вақт ба ҷинояти такрорӣ табдил меёбад [1, 16]. Аз ин рӯ, кори профилактикӣ бо ҷавонон бояд мунтазам ба роҳ монда шавад. Дар ин бобат тарбияи ҳуқуқӣ нақши асосӣ мебозад. Чунон ки М.В. Харников зикр мекунад: «Маърифати ҳуқуқӣ як самти муҳими фаъолияти пешгирикунанда дар ташкилоти таълимӣ ҳамчун муассисаи муҳимтарини иҷтимоӣ, ки ба таври оммавӣ ва мунтазам бо кӯдакони наврас кор мекунад, мебошад» [6, 82].

Дар тарбияи ҳуқуқии ҷавонон муносибати махсус лозим аст. Дар ин масъала Е. Атагимова дуруст кайд мекунад, ки ба назар гирифтан бамаврид аст, ки таълиму тарбияи ҳуқуқӣ барои табақаҳои гуногуни синну соли аҳолӣмуносибати индивидуалиро талаб мекунад. Аз ин рӯ, тарбияи ҳуқуқии ҷавонон хусусиятҳои ба худ хос дошта, механизмҳои мушаххаси татбиқи худро дорад [1, 20].

Барои муайян кардани моҳияти тарбияи ҳуқуқӣ мафҳуми онро муайян кардан лозим аст. Таърифи мафҳуми «тарбияи ҳуқуқӣ» манзараи пурраи ҳадафи иҷтимоии онро дар баланд бардоштани саводнокии ҳуқуқӣ, фарҳанги ҳуқуқӣ ва шуури ҳуқуқии шаҳрвандон дар ҷомеа медиҳад. Пас, А.С. Дотсенко тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандонро ҳамчун фаъолияти мақсаднок ва мунтазами давлат ва ҷомеа оид ба ташаккул ва баланд бардоштани шуури ҳуқуқӣ ва фарҳанги ҳуқуқӣ бо мақсади муқовимат ба нигилизми ҳуқуқӣ ва таъмини раванди ташаккули маънавии шахсият муайян кардааст [3, 83].

Тарбияи ҳуқуқӣ ба ҷомеаи ҳуқуқии ҷавонон ва ҷалби тадриҷан ба ҳаёти ҳуқуқии кишвар мусоидат мекунад. Маҳз бо ҳамин роҳ ҷинояткорӣ дар байни ҷавононро самаранок пешгирӣ кардан мумкин аст.

Дар марҳилаи муосир усулҳои куҳнаи тарбияи ҳуқуқӣ аҳамият ва қобилияти таъсиррасониро ба шуур ва рафтори шаҳрвандони ҷавон гум кардаанд. Имруз, механизмҳои муосир, муассир ва созандаи таълими ҳуқуқӣ заруранд, ки ҷаҳонбинии ҷавонони муосирро инъикос намуда, талаботи ҳуқуқии шаҳрвандони ҷавони кишварро қонеъ карда тавонанд.

Пеш аз ҳама, ин заминаи ҳуқуқие, ки ҳаёти ҳаррӯзаи ҷавононро, аз қабили гирифтани маълумот, бунёди оила, гузаронидани вақти фароғат, муносибат бо падару модар ва дигар аъзоёни ҷомеа ва ғайраро танзим мекунад. Аз ин рӯ, дар навбати аввал ҷавононро дар бораи низоми маориф, механизмҳои ба даст овардан ва истифода бурдани он маълумоти ҳуқуқӣ додан лозим аст. Азхуд намудани маълумоти пурраи ҳуқуқӣ дар соҳаи маориф ва имкониятҳои худ ба онҳо имкон медиҳад, ки ояндаи худро мустақилона муайян кунанд, касбу ихтисос интихоб кунанд ва худро пурра амалӣнамоянд. Дар самти пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои гуногуни террористиву экстремистӣ пеша аз ҳама ба онҳо дастрас будани барномаву, консепсияву ва стратегияҳои давлатӣ мебошад. Масъалан, санаи 01 июни соли 2021 Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва Нақшаи амал оид ба амалисозии он бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №187 тасдиқ карда шудааст. Афсус, ки то ба имруз ҷавонон дар бораи ин стратегияи давлатӣ ҳатто хабар ҳам надоранд.

Яке аз масъалаҳои асосии баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонони муосир тарбияи ҳуқуқии онҳо мебошад. Гузашта аз ин, сухан на дар бораи тарбияи ҳуқуқии худи ҷавонон меравад, балки маҳз марҳалаи пеш аз он, яъне кӯдак метавонад асос гузорад ба дурустии тарбияи ҳуқуқии ҷавонон. Ин ба тарбияи фарзандон дахл дорад. Сухан дар бораи марҳилаи қаблии ҳаёти ҷавонон меравад, яъне кӯдакӣ. Вақте ки онҳо бештар ба таъсири беруна дучор мешаванд, аммо дар айни замон онҳо тамоми иттилооти аз ҷониби табиат ва ҷомеа пешниҳодшударо хеле фаъолона азхуд мекунанд. Ин марҳилаест, ки волидайн бояд ба тарбияи фарзанд дуруст ва ҷиддӣ муносибат кунанд. Ҳануз дар замони шӯравӣ ба тарбияи ҳуқуқии мактаббачагон диққати калон дода, таҳқиқоти хеле амиқӣ илмӣ бурда мешуд. Дар ин самт ҳам дар заминаи институтҳои юридикӣ, аз ҷумла, дар Институти умумииттифоқии омӯзиши сабабҳо ва кор карда баромадани тадбирҳои пешгирии ҷинояткорӣ, дар факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Ленинград ба номи А.А. Жданов ва дар институтҳои Академияи илмҳои педагогӣ таҳқиқот гузаронида мешуд. Дар асарҳои олимон, ҳуқуқшиносон ва омӯзгорон мақсади умумии тарбияи ҳуқуқӣ - ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ дар талабагон муайян карда шуда, таълими ҳуқуқӣ ҳамчун ҷузъи тарбияи ҳуқуқӣ ба ҳисоб мерафт.

Айни замон дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ аз синфи 8 сар карда, аз қабили таълими «Асосҳои давлат ва ҳуқуқ» ва «Ҳуқуқи инсон» ба сифати фанҳои ҳатмӣ ва дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба сифати хатмии фаннӣ «Хуқуқшиносӣ» пешбинӣ шудааст. Маълумотхои оморӣ нишон медиҳанд, ки тадбирҳои ташкили тарбияи ҳуқуқии мактаббачагон ба қадри имкон кифоя нестанд. Маълум мегардад, ки дар замони муосир дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди илму технология танҳо таълими ҳуқуқӣ дар тарбияи ҳуқуқии ҷавонон уифоя нест. Мо чунин мешуморем, ки барои расидан ба максадҳо оид ба тарбияи мактаббачагон муносибати комплексӣ зарур аст. Ин маънои онро дорад, ки дар баробари таъмини иттилооти ҳуқуқӣ ва таълими ҳуқуқӣ, ҳамзамон ба мактаббачагон бо таърих, фарҳанг, анъана ва шаклҳои зиндагии ҷамъиятии халқи тоҷик ошно карда шавад.

Дар рафъи пешгирии нигилизми ҳуқуқӣ дар байни ҷавонон аз воситаҳои мавҷудаи таълиму маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, усулҳои муосири илмӣ, равишҳои мукаммал, аз ҷумла дастовардҳои муосири файласуфон, равоншиносон, ҷомеашиносон, омӯзгорон ва ҳуқуқшиносон ҳарчи бештар истифода бурдан зарур аст. Донише, ки дар рафти таълими ҳуқуқӣ гирифта мешавад, бояд ба эътиқоди шахсӣ, ба муносибати қатъӣ ба риояи катъии меъёрҳои ҳуқуқӣ табдил ёбад.

Дар масъалаи таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони чавон бояд аҳли ҷамъият нақши асосиро бозад. Ба ин муносибат И.Кант навишта буд: «Тарбияи ҷамъиятӣ бартариҳои раднашаванда дорад, ки ба шарофати он кӯдакон ба баробар кардани ҳуқуқҳои худ бо ҳуқуқи дигарон одат мекунанд. Дар ин ҷо фаҳмиши масъулият пайдо мешавад. Шахсеро тарбия кардан лозим аст, ки озодона амал мекунад, хисси шаъну шараф дошта бошад ва масъулияти як узви ҷамъиятро бошуурона ба души худ гирад» [2, 57]. Ҷомеа набояд аз тарбияи ҷавонони муосир дар канор монад. Дар бисьёр мавридхо маҳз афкори ҷамъиятӣ нисбат ба рафтори ҷавонон қувваи тарбиявӣ бештар дорад.Аз давраҳои қадим халқи тоҷик дар тарбияи ҷавонон анъанаи амиқ дошт, ки масъалан куҳансолон барои ҷавонон дар ҷомеа чӣ гуна рафтор кунанд, намунаҳо нишон медоданд ва дар сурати руҳ додани қонуншиканӣ ба роҳи дурусти ҳаёти ҷамъиятӣ ҳидоят мекарданд. Аз ин ҷост, ки эҳёи ин анъанаҳо ҳамеша дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони ҷавон таъсири судманд хоҳад дошт. Дар ин раванд ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд фаъолона иштирок кунанд.

Ҳамин тариқ, тарбияи ҳуқуқии ҷавонон дар шароити ҷаҳонишавӣ, зиддиятҳои геополитикӣ ва бархӯрди арзишҳои фарҳангӣ вазифаи муҳимми давлатӣ дар таъмини пешгирии онҳо барои шомилшавии ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ дар давлат мебошад. Барои бомуваффақият татбиқ намудани он муносибати комплексӣ зарур аст, ки дар худ тадбирҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангиро дарбар мегирад.

Нематов А.Р. доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ

Адабиёт:

1. Атагимова Э.И. Правовое просвещение и предупреждение молодежной преступности // Мониторинг правоприменения. – М., 2015. – № 4 (17). – С. 16-22.

2. Гулыга А.В. Кант. М., «Молодая гвардия», 1977. – 304 с.

3. Доценко А.С. О понятии правового просвещения // Актуальные проблемы российского права. – 2020. – Т. 15. – № 1 (110). – С. 179-188.

4. Насурова Б.А. Тарбияи ватандӯстии ҷавонони Тоҷикистон // [Захираи электронӣ]. - Реҷаи дастрас: https://amit.tj/tj/tarbiyai-vatandustii-chavononi-tochikiston (Санаи муроҷиат: 09.10.2024)

5. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» // [Захираи электронӣ]. – Реҷаи дастрас: https://president.tj/event/missives/36370 (Санаи муроҷиат: 09.10.2024)

6. Харников М.В. Организационно-педагогические условия, способствующие эффективному правовому просвещению подростка в образовательной организации // Вестник Тамбовского университета. Серия: Гуманитарные науки. – Тамбов, 2019. – Т.24, № 179. – С. 81-89.