Перейти к основному содержанию
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашмаи сарбаландии ҳар як сокини Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва барои ҳар як шаҳрванд рӯйдоди муҳими таърихӣ ва тақдирсоз ба шумор меравад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд. 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли2003 ва 22 майи соли2016 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти давлатии кишвари моро аз лиҳози ҳуқуқӣ расмӣ гардонид ва чун шиносномаи миллату давлати тоҷикон онро бо номи давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона расман ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кард. Дар Моддаи 1-уми он зикр гардидааст: Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад.

6 ноябри соли 2024 ҷашни 30 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷлил мегардад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: “Бузургӣ ва аҳамияти ин санади муҳими таърихӣ, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки онбори нахуст аз ҷониби худи халқ ва барои халқ бо роҳи ифодаи озодонаи майлу иродаи шаҳрвандони мамлакат кабул карда шудааст. Дар ҳақиқатан бузургӣ ва аҳамияти ин санади муҳими таърихӣ мебошад, ки бо роҳи ифодаи озодонаи майлу иродаи шаҳрвандони мамлакат кабул карда шудааст”.

Конститутсия баробарии ҳамаро дар назди қонун эълон намуда, кафолати ҳуқуқу озодиҳоро ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва моликият ба дӯши давлат вогузор намудааст.

22 майи соли 2016 мардуми шарифи Тоҷикистон бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ бори сеюм тавассути раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсия тағйиру иловаҳо ворид намуданд, ки онҳо матни ин ҳуҷҷати сарнавиштсозро такмил дода, нишонаи ба зинаи нави рушд ворид шудани Тоҷикистонро собит намуданд.

Ин раъйпурсӣ, ки дар фазои сулҳу суботи комил ва сатҳи баланди сиёсӣ баргузор гардид, бори дигар исбот сохт, ки мардуми Тоҷикистон соҳиби фарҳангу маърифати пешрафтаи сиёсӣ ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ мебошанд. Имрӯз бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки ин санади сарнавиштсози таърихӣ манфиатҳои олии миллат ва давлати соҳибистиқлоламонро инъикос намуда, ба омили муҳимтарини кафолати устувории ҳаёти сиёсии ҷомеа мубаддал гардид.

Маврид ба зикр аст, ки Конститутсия аз як тараф, барои рушди давлати демократӣ ва таъсиси низоми самарабахши ҳокимияти давлатӣ заминаи ҳуқуқӣ гузошта, аз ҷониби дигар, барои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар саросари мамлакат шароити мусоид фароҳам овард. Конститутсия ҳамчун муҳимтарин омили таъмини истиқлоли миллӣ ва якпорчагии кишвар тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлатро кафолат дода, халқи Тоҷикистонро сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намуд.

Дар Конститутсия меъёрҳои принсипҳои демократӣ, аз ҷумла асосҳои демократии сохти давлатдорӣ, моҳияти дунявӣ ва иҷтимоии давлат, афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, принсипи гуногунфикрии сиёсӣ, фаъолияти парлумони касбӣ, бунёдҳои ҳуқуқии ҷомеаи шаҳрвандӣ, дахлнопазирии моликияти хусусӣ, таъмини адолати судӣ, баробарии ҳама дар назди қонун, асли озодии виҷдону эътиқод ва ғайра дар бар мегирад.

Соҳиби Баҳруло, - ходими хурди илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон