Перейти к основному содержанию
Дар ҳама давру замон вазифаи асосии давлат танзим намудани муносибатҳои ҷамъиятӣ маҳсуб меёбад. Давлат дар навбати худ дар раванди танзимнамоӣ аз механизмҳои мухталиф истифода менамояд, ки самараноктарини он қонун маҳсуб меёбад. Махсусан, қонуни асосӣ ва ё Конститутсия, ки дар ҳама кишварҳо сарчашмаи асосии ҳуқуқ шумурда мешавад.

Хушбахтона имрӯз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон эътироф шуда, он ҳамчун бахтномаи миллат ва шоҳсутуни давлатдории миллӣ ба шумор меравад. Бояд гуфт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ормонҳои миллӣ ва мардумии халқи мо қабул шудааст. Конститутсия давлати соҳибистиқлоли тоҷиконро ба самти комёбиҳои бузург раҳнамоӣ мекунад.

Дар муддати 30 соли баъди қабули Конститутсия ҷумҳурии соҳибистиқлоламон таҳти сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ ва кулли паҳлӯҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ як қатор пешравиҳои бузург ба даст овард. Фароҳам омадани фазои осоиштаву босубот, таъмини сартосарии сулҳу ваҳдати миллӣ, барқарор гардидани муносибатҳои судбахши байналмилалӣ ва сиёсати сулҳҷӯёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рисолати таърихии ин санади бебаҳои сарнавиштсоз ва олии ҳуқуқӣ сарчашма мегирад.

Воқеан ҳам, Конститутсия кафили сулҳ, якпорчагӣ, ваҳдати миллӣ ва пойдориву таҷассумгари давлату давлатдории мо, барномаи амал ва зиндагии шоиставу раҳнамои ояндаи дурахшони мардуми тоҷик мебошад.

Конститутсия санади меъёриву ҳуқуқӣ буда, эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва арзиши олии миллату давлат ҳисобида мешавад. Дар Конститутсияи Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон аз ҷониби давлат эътироф ва кафолат дода шуда, дар моддаи 5-уми он омадааст: “Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд”.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шиносномаи давлату миллат буда, дар он номи давлат, шакли давлатдорӣ ва сохтори он инъикос мешавад. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки “Бузургӣ ва аҳаммияти ин санади муҳимми таърихӣ, пеш аз ҳама дар он ифода меёбад, ки он бори нахуст аз ҷониби худи халқ бо роҳи ифодаи озодонаи майлу иродаи шаҳрвандони мамлакат қабул карда шудааст”.

Дар асл Конститутсия ҳуҷҷати таърихӣ ба шумор меравад. Конститутсия дар шакл ва мазмуни ҳозираи худ ҳамагӣ зиёда аз дусад сол боз амал мекунад. Конститутсия ҳанӯз дар Руми қадим маъмул гардида буд. Дар як вақт чандин конститутсияҳои мухталиф амал мекарданд. Ҳамчунин, дар бархе аз мамолики Аврупо дар асрҳои миёна низ мавҷудият доштанд. Аммо дар шакл ва мазмуни муосири худ бошад, Конститутсия дар натиҷаи ғалабаи инқилоби буржуазӣ-демократӣ ва ба сари ҳокимияти давлатӣ омадани синфи нави буржуазӣ пайдо гардид.

Дар замони муосир Конститутсия сарчашмаи асосии ҳуқуқи инсон ба ҳисоб рафта, тамоми меъёрҳои ҳуқуқии дохили давлатӣ, ки ба ҳуқуқу озодии инсон мутааллиқанд, дар асоси он қабул карда мешаванд. Халқи Тоҷикистон тибқи дебочаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон худро қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта, садоқатмандиашро ба арзишҳои ҳуқуқи башар пайваста изҳор намудааст. Ҳамин тариқ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, волоияти ҳуқуқ, таҷзияи ҳокимият, фаъолияти озоди иқтисодӣ, гуногунандешӣ, бисёрҳизбӣ, ки дар Конститутсияи кишвари соҳибистиқлол дарҷ гардидаанд, аз ҷумлаи арзишҳои умумибашарӣ маҳсуб меёбанд.

Имрӯз ҳар як узви ҷомеаро зарур аст, ки новобаста аз касбу кор ба Конститутсия арҷ гузошта, онро ҳамчун роҳнамои хеш истифода намояд.

Абдулмуминзода Гесу Насимҷон корманди маркази инноватсионии илм ва технологияҳои АМИТ