Перейти к основному содержанию

Имрӯз, 31-октябри соли 2024 дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ ҷаласаи навбатии Шурои олимон баргузор гардид. Маҷлиси мазкурро директори Институт, доктори илмҳои фалсафа Ҳайдарзода Рустам Ҷӯра, ҳусни оғоз бахшид.

Дар ҷараёни ҷаласа масъалаи омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Конститутсияи Тоҷикистон, сазовор пешвоз гирифтани Рузи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷлили Рӯзи Парчами миллӣ, ҷамъбасти корҳои инфиродии ходимони илмӣ, ба чоп омода намудани натиҷаи таҳқиқоти илмӣ дар шакли мақолаи тақризшаванда, риояи қатъии интизоми меҳнат ва иштирок дар шанбегиҳо баррасӣ гаштанд.