Перейти к основному содержанию

Бардошт аз дидори НБО-и Роғун,01 ноябри 2024

Имрӯз таърих бар дӯши мову шумо мардуми шарафманду сарбаланд ва озодаву худшиноси тоҷик боз як рисолати бузург – бунёди кохи нурро гузоштааст. Ин барои насли мо ҳам масъулияти азим ва ҳам ифтихору шарафи бузургест. Ҳоло майдони сохтмони ин иншооти барои мамлакат тақдирсоз ба корзори заҳмати созанда, майдони ҳиммату ҷавонмардӣ, арсаи озмоиши нангу номус ва гузашта аз ин, ба ғояи миллии мо табдил ёфтааст.

Эмомалӣ РАҲМОН

Минтақаи Осиё аз қораи бузуртарини ҷаҳон буда, бо тақсимшавии ҷуғрофиявии ҷолибу ҷаззоб, табиати тарабовару тобовар ва маданияту маърифат дорои аҳамиятҳои стратегӣ буда, омӯзишу баррасии он хело муҳим арзёбӣ мегардад. Сиёсатшиносону минтақашиносон қитъаи Осиёро дар баробари худ ба ҳудудҳои ҷуғрофӣ ҷудо кардаанд, ки иборатаз Осиёи Шарқӣ, Осиёи Ҷанубӣ, Осиёи Марказӣ, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ мебошад. Зимнан минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷануби Осиё аз манотиқи бузурги Осиё мебошанд, бо афзоиши аҳолӣ, тамаддуну таърих ва илму ҳунар, фаҳму фаросат ва манобеи табии муҳим арзёбӣ мегардад. Ҳаминтариқ, эҷоди амну субот ва рушд, ягона воситаи инкишоф, беҳбудӣ, тиҷорат ва савдо дарминтақа маҳсуб ёфта, заминаи кафолат барои зиндагии хуби мардум ва пешравии иқтисодӣ ва иҷтимоии онон гардад.

Диёри Тоҷикистон, ҳама гаштаст гулистон,

Зи Ваҳдатудӯстӣ, Ватан шудаст нуристон.

Ҳаминтавр, Тоҷикистони муосир дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҷойгир буда, бо гузаштаи таърихӣ ва донишмандони бузурги илму адабу фарҳанг ва манобеи табии нокашфшуда, обҳоимусаффову кӯҳҳои зебонманзари осмонбӯс ва захираҳои гидроэлектроэнергетикӣ бойбуда, дар ҷаҳон ҷойгоҳҳи хос дошта, истифодаи дуруст ва сарфи оқилонаи онҳо барои рушди устувори иқтисодию иҷтимоии давлат мусоидат намуда, заминаро барои тавсеаи ҳамкориҳои бештар бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ аз ҷумла Афғонистону Покистону Ҳиндустон фароҳам месозад. Тоҷикистон дар тӯли беш аз30 соли истиқлол тавонист ҳамкориҳои худро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ хуб роҳандозӣ намуда, дар самтҳои гуногун созишномаҳо барқарорнамояд. Мавриди зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аввалин саммити сарварони кишварҳои “Осиёи Марказӣ – Ҳиндустон”, ки дар шакли маҷозӣ баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ карда, ҳамкориҳои бисёрҷонибаи созандаи кишварҳои минтақа, бахусус дар доираи СММ, СҲШ, МҲТБО ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои кишварҳои минтақаро муҳим шумориданд.

Тоҷикистон бо ташаббусҳои созандаи марбут ба масоили иҷтимоӣ ва иқтисодӣ аз ҷумла амнияти обу иқлим, энергетика ва озуқаворӣ минтақаи Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубиро бештар дар пайванди муштарак нигоҳ дошта, бо ҳамаи ин кишварҳо равобити ҳасана дошта, ҳамкорӣ мекунад.

Бо чунин ормону орзуҳои хуб мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол, бо истифода аз донишу хирад ва роҳнамоии фарзандони фарзонаи худ таҳти сарпарастии сиёсатмадор ва ташаббускору созанда Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои эҳёи арзишҳои фарҳангиву миллӣ талошу мубориза намуда, Ватанро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намудаанд. Ҳаминтариқ, бо чунин арҷгузорӣ метавон корнамоии қаҳрамононаи Президенти кишварро, ки Роғунро ба воқеият табдил додааст, заминаи асосии сулҳу суботу созандагӣ эътироф кард.

Неругоҳи барқи обии “Роғун” аз ҷумлаи онҳо мебошад, ки боиси рушди иқтисоди кишвар ва ғанӣ гардондани буҷети давлат гардида, Тоҷикистонро ҳамчун давлати ободу зебо ва худкифо дар арсаи байналмилалӣ обрӯ ва нуфуз мебахшад.

Барои нависандаи сатрҳо мояи ифтихору шарафмандист, ки санаи 01.11.2024 дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдатимиллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, таҳти сарпарастии директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳайдарзода Рустам Ҷӯра дар доираи сафар ба шаҳри Роғун аз ҷараёни кор дар сохтмони бузурги аср НБО- Роғун дидан намуда, бо рафти кор дар сарбанди он ва идома аз толори мавҷудияти агрегатҳои неругоҳ шиносоӣ пайдо кардем.

Мавриди зикр аст, ки НБО “Роғун” нуҳумин силсиланеругоҳ дар дарёи Вахш ба ҳисоб рафта, тавоноиаш аз иқтидори истеҳсолии НБО “Норак” яку ним маротиба зиёдмебошад. Беҳтариву бартарии он аз дигар неругоҳҳо дар он аст, ки толори мошинҳо ва бинои трансформаторҳо дар зери замини он бунёд карда мешаванд. Хусусияти дигари НБО “Роғун” эҷоди муҳити солиму созанда бо истифодаи самаранок аз захираҳои обӣ, ҳифзи пиряхҳо аз ифлосшавӣ ё ба ибораи дигар “энергияи сабз” мебошад. Тибқи маълумоти овардаи сармуҳандиси НБО-и Роғун сарбанди нерўгоҳ бо баландии 335 метр баландтарин сарбанди аз санг дар ҷаҳон буда, обанбори он ҳаҷми умумии 13,3 км3 ва ҳаҷми муфиди 10,3 км³ ташкил медиҳад. Он ҳамчуняк маҷмааи бузурги гидроэнергетикии гуногунҳадаф, аз ҷумла барои тавлиди нерӯи барқ, танзими об, коҳиш додани хатари обхезӣ ва коҳиш додани хушксолӣ ба нақша гирифташудааст.

Бояд қайдкард, ки санаи 5-уми январи соли 2010 Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони НБО “Роғун”-ро ҷабҳаи нангу номус номида, даъват ба амал овард, ки саҳми худро дар бунёди Неругоҳ гузоранд. Даъвати ватандӯстонаи Сарвари давлат ба хотири ҳарчи тезтар суръат бахшидан ва анҷом додани корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти бузург буда, заминаи зиндагии созанда мегардад.

Ин ҷо бояд таъкид кард, ки бунёд НБО “Роғун” собиқаи таърихӣ дошта, солҳои70-ум оғоз ёфта, бо пошхӯрииШӯравӣ ва сабабҳои дигар дар аввали солҳои90-ум сохтмони он идома наёфт. Тарҳи Роғун, ки бори аввал дар соли 1959 пешниҳод шуда буд, беш аз2,2 миллиард доллар арзиш дошт.

Ҳамин тариқ, барои бунёди нерӯгоҳи мазкур дар солҳои 91-уми даврони оғози Истиқлолияти Тоҷикистон мушкили зиёде пеш омад, аммо бо азму иродаи қавӣ ва ҷасорати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи монеаҳо бартарафшуда, эъмори дубораи он эҳё гардид.

Дертар соли 2007 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти талабот ва стандартҳои муосири бехатарӣ барои идомаи бунёди НБО-и Роғун ба Бонки Ҷаҳонӣ барои ташхиси байналмилалии лоиҳа муроҷиат намуда, тавассути машваратҳои судманду музокирот санаду ҳуҷҷатҳои лозимаро омода карда, шарафманд шуданд, ки то ба имрӯз ду чархаи ин Неругоҳро баҳризиндагии созандаи башар фаъол созанд. Асосноккунии техникии иқтисодӣ ва арзёбии таъсири муҳити зист ва иҷтимоӣ соли 2011 таҳти сарпарастии Бонки Ҷаҳонӣ бо иштироки ширкатҳои байналмилалӣ ва ду гурӯҳи коршиносони мустақил роҳандозӣ шуд.

Ҳаминтариқ, мутобиқу мувофиқи Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030, таъмини амнияти энергетикӣ ва истифодаи самараноки неруи барқ, сохтмон, азхудкунии захираҳои бузурги гидроэнергетикии мамлакат барои дигаргунсозии иқтисоди кишвар афзалияти аввалиндараҷа дошта, бунёди НБО “Роғун”бо мақсади рушду амалисозии сиёсати истиқлолияти энергетикӣ ва дипломатияи обу иқлим идома хоҳад ёфт. Зеро тавассути он таввлиду тақсими “энергияи сабз” дар кишвар ва минтақа бештару беҳтар таъмин мегардад. Ҳаминтавр, бо истифодаи дурусту саривақтии он Тоҷикистон метавонад яке аз истеҳсолкунандаи автомобилҳои барқӣ дар минтақа мубаддал гардида, иқтисодиёти кишварро истеҳком бахшад.

Мавриди зикр аст, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи оғози расмии сохтмони НБО “Роғун” 26-уми сентябри соли 2005 сӯханронӣ намуда чунин таъкид карданд: “...Ин иншооти азими стратегӣ ҷаҳиши бузурге дар роҳи таъмини истиқлоли энергетикии Тоҷикистон буда, дар ин кор саҳми арзандаи кишварҳои Тоҷикистону Россия дар самти наҷот бахшидани баҳри Арал аз хушкшавӣ хоҳад буд, ки аҳамияти муҳими минтақавӣ дорад”.

Ҳаминтариқ, эъмору эҳёи НБО-и Роғун рамзу расми озодиву ободиву оромии Тоҷикистонимуосир буда, заминаи рушду тараққиёти саноат мебошад.

Мавриди зикр аст, ки омӯзишуарзиши об ва қудрати иҷтимоии он аз ҷониби ҷомеашинос Виттфогель соли 1957, муҳитшиносДоналд Ворстер соли 1985, архиолог Рейснер 1993 ва мардумшинос Гиглиолӣ ва ҷуғрофидон Эрик соли 2008 мавриди таҳлил қарор гирифта, чӣ гуна давлатмардону роҳбаронисиёсӣ метавонанд тавассути роҳандозии иншооти бузурги гидротехникӣ нақш бозида, ҷомеаро осудаву ором нигоҳ доранд ва бо далелу санадҳо оварда шудааст. Ҳамин тариқ, чӣ гуна метавон аз арзиши аҳамияти тарҳи бузурги гидротехникӣ барои бунёд ва эҷоди идеяи миллӣ назару андешаҳои гуногун вуҷуд дорад. Дар ин зимн, арзиши аҳамияти НБО-и Роғунзери унвони “эъмори миллат тавассути сарбанд: НБО-и Роғун дар Тоҷикистон” аз ҷониби Филиппо Менга омӯзиши ин нерӯгоҳ ва нишон додани стратегияҳои қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон барои тарҳрезии сарбанд ҳамчун лоиҳаи муттаҳид ва ватандӯстӣ истифодашуда, дар рушди некуаҳолии мардум саҳм мегузорад. Ба андешаи ӯ ташаббуси Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ чун як манбаи фаровони манобеи табиӣ ва обҳои тоза бояд бештар дастгирӣ ёбад, ки ба манфиати ҳамаи кишварҳоиминтақа истифода мешавад[1].

Ҳамин тариқ, бо амалисозии комили нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” мушкилоти норасоии барқи минтақа ҳалли худро ёфта, МВт-и изофӣ тавлидшуда метавонад ба Тоҷикистон имкон диҳад, ки на танҳо аз ҷиҳати энергетикӣ бехатар боқӣ монад, балки тавассути содирот ба Афғонистон ва Покистон тавассути хати интиқолиCASA-1000 фоидаҳои иқтисодӣ ба даст оварад. Ҳамин тавр, дар он нишон дода шудааст, ки то чӣ андоза қудрати "нарм" аз ҷониби Тоҷикистон барои қонунӣ дар сатҳи байналмилалӣ ва ҳам дар сатҳи дохилӣ роҳандозӣ мегардад[2].

Роғун ҳамчун сохтмони тақдирсоз омили боз ҳам баландтар гардидани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвари азизамон мебошад. Оғози фаолияти ду агрегати ин нерӯгоҳ рӯйдоди муҳимми таърихӣ буда, он дарайни замон аҳамияти хеле бузурги энергетикӣ дорад. Чунки нерӯи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсолшуда тамоми эҳтиёҷоти кишвари моро ба нерӯи барқ ​​пурра қонеъ намуда, ба рушди иқтисоди миллии кишвар боис мегардад[3].

Таҳқиқот оиди муайян кардани имконпазирии лоиҳаи пешниҳодшудаи НБО Роғун ва арзёбии мустақилона ва объективии лоиҳаи пешниҳодшуда бо назардошти омилҳои техникӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ пайваста гузаронида шуда, ҳисоботҳои пешакӣ ва ниҳоии баҳогузорӣ соли 2014 интишор ёфтанд, ки натиҷаи ба охир расидани раванди арзёбӣ маҳсуб мешавад.

Ҳаминтариқ, бунёди НБО “Роғун”аз ҷиҳати техникӣ, экологӣ ва иқтисодӣ мувофиқ ва мутобиқ ба стандартҳоибайналмилалӣ эътироф шуда, аввалин агрегати он бо иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва намояндагони ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ, корпусҳои дипломатӣ, бинокорон ва намояндагони тамоми минтақаҳои кишвар санаи 16 ноябри соли 2018 ба истифода дода шуд.

Хулоса, НБО-и Роғун аз баландтарин нерӯгоҳи барқи обӣ дар ҷаҳон буда, ки ба ин кишварҳои минтақа имкон фароҳам меоварад, то норасоҳии барқӣ раҳоӣ ёбанд. Он истеҳсоли энергияро дар мамлакати тақрибан ба нуҳ миллион нафар аҳолӣ ду баробар зиёд карда, камбуду норасоии энергетикиро коҳиш дода, энергияи изофии он ба кишварҳои ҳамсоя, ба мисли Афғонистон, Покистон ва Узбакистон интиқол дода мешавад.

Тибқи маълумотҳо корҳои сохтмонӣ-васлкунӣ дар НБО Роғун бо ҷалби беш аз 70 ташкилоту муассиса, пудратчиёни маъруфи ватанию хориҷӣ аз ҷумла ширкати итолиёвии Salini Impregilo, 22 ҳазор мутахассисон ва коргарон, ки беш аз 90% -и онҳоро шаҳрвандони Ҷумҳурии Точикистон ташкил медиҳанд, ба сомон расонида шуданд[4].

Аз соли 2016 давлати Узбекистон оғози корҳои НБО-и Роғунро ҷонибдорӣ карда, яке аз муштариёни он маҳсуб меёбад. Муовини сармуҳандис Сӯҳроб Очилов пеш аз оғози кор сӯхаронӣ намуда чунин ишора кард: "Ман ин лаҳзаро интизор будам". “Ба кор даромадани Роғун, маънои бунёди корхонаҳои нав, пешрафти иқтисодӣ ва ҷойҳои корӣ барои мардуми мо хоҳад буд”[5].

Ҳамин тариқ, роҳабарияти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон низ изҳор дошт, ки кор оғоз кардани "НБО Роғун мо омодаем, ки ба Покистон нерӯи арзону тоза ироа кунем, то эҳтиёҷоти ин кишварро дар оянда қонеъ гардонем. “Ҳамин тавр, изҳори умедворӣ гардид, ки бо роҳандозии НБО-и Роғунва лоиҳаи CASA 1000 кишвари Покистон дар қонеъ кардани ниёзи худ ба нерӯи барқ ​​истифода хоҳадкард”[6].

Мавриди зирк аст, ки Тоҷикистону Қирғизистон Покистону Афғонистонсозишномаи байниҳукуматӣ оид ба воридоти 1300 МВт аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубӣ ба имзо расониданд, ки бисёр ҷанбаҳои муҳим, аз ҷумла тиҷоратӣ, ҳуқуқӣ, амниятӣ, тарифӣ ватехникӣ дошта, иҷроишикомили он вақт, нерӯ ва ӯҳдадориҳои зиёдеро талаб мекунад.

Покистон дар тобистон, вақтесистемаҳои энергетикии Осиёи Марказӣ аз нерӯгоҳҳои барқи обии худ изофаи зиёд доранд, бештар истифода хоҳадкард. Тақрибан70 фоизиаҳолӣ ё беш аз 50 000 мардум дар деҳа зиндагӣ мекунад, ки метавонад бо нерӯи барқ истифода кунанд[7].

Мавриди зикр аст, ки лоиҳаиCASA-1000, ки вазорати молияи Тоҷикистон гуфта буд, то соли2019 анҷом мешавад, нерӯи барқ ​​аз Қирғизистону Тоҷикистон ба Афғонистону Покистонро интиқол хоҳад дод. Ҳарчанд як муваффақияти муҳими дипломатия унвон мешавад, аммо таҳлилгарон ба он шубҳа доранд, ки Осиёи Марказӣ метавонад қудратеро, ки Афғонистон ва Покистон ба он ниёз дорад, таъмин кунад [8].

Ҳаминтариқ, моҳи марти соли 2024 ҳайати мудирони Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ сафари худро ба кишварҳои Осиёи Марказӣ бо таваққуф дар Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ки қисман фаъол аст, анҷом доданд.

Бо иқтидори гидроэнергетикии худ, Тоҷикистон метавонад ба зудӣ як тавлидкунандаи бузурги энержӣ гашта, дар масоили геополитикаи минтақавӣ нақш бозида, ҷойгоҳи худро баландтар намояд[9].

Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ бо ҳам муштаракоти зиёд доранд. Дар ин зимн, обу энергетика барои боз ҳам мустаҳкам намудани робитаҳо имконият фароҳам меорад. Ҳаминтариқ, Осиёи Ҷанубӣ барои таъмини рушди худ ба энергия ниёз дошта, аз манобеи фаровони Осиёи Марказӣ истифода хоҳадкард. Гидроэнергетика соҳаест, ки потенсиали ҳамкорӣ миёни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ бештар нигоҳ медорад. Нерӯгоҳи Роғун бузургтарин тавлидкунандаи энергияи тоза дар Осиёи Марказӣ ва манотиқи атрофи он буда, имкон медиҳад, ки корхонаҳои нави саноатӣ бо ҷойи кор таъмин шуда, ба рушди шароити иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мусоидат намоянд.

Амалишавии пурраи НБО-и Роғун ва истифодаи дурусти лоиҳаи CASA-1000, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубиро бо хати баландшиддати 1300 МВт дар робитаи зич нигоҳ дошта, нерӯи барқи изофии Тоҷикистону Қирғизистон ба Покистон ва ба нерӯи барқталаб интиқол дода мешавад. Ин лоиҳа аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ оғоз шуда, ҳоло боинтиқоли нерӯи барқ дар соли 2024 амалӣ мешавад. Дар чаҳорчӯби лоиҳаи CASA-1000, изофаи умумии ду кишвар дар як сол 6,0 миллиард кВт/соат пешбинӣ шуда, дурнамои рушди соли 2035 низ баррасӣ гардидааст. Ҳаминтариқ, лоиҳаи CASA-1000 як ҷузъи калидии интиқоли нерӯи барқ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ мебошад. Дар ниҳояти кор, ин лоиҳа дурнамои рушди ҳарду минтақаро беҳтар хоҳад кард[10].

Бояд таъкид кард, ки Покистон дар бӯҳрони энержӣ қарор дошта, 51 миллион нафар аҳолӣ ба нерӯи барқ ​​дастрасӣ надоранд, дар ҳоле ки 90 миллиони дигар аз таъминоти ноустувори нерӯи барқ ​​ва сарбории ҳаррӯза азиятмекашанд. Чунин вазъ ба иқтисодиёт таъсир мерасонад. Бо вуҷуди ин, гидроэнергетика барои эҳёи он омода аст ва дар ҳалли ин камбуди нерӯи барқ ​​нақши муҳим мебозад. То соли 2030 ҳиссаи нерӯи обӣ дар тавлиди умумии нерӯи барқ ​​метавонад беш аз 40% афзоиш ёбад[11].

Илова аз он раванди омодасозии лоиҳаиCASA-1000 муайян кардааст, ки то соли 2030 иқтидори тавлиди беш аз 90 000 МВт ба кишварҳои минтақа лозим аст. Ҳатто бо нерӯгоҳҳои эҳтимолии мавҷуда, дар соли2030 касри тақрибан 10 000 МВт вуҷуд хоҳад дошт. Яке аз истеъмолкунандагони асосии об дар Покистон соҳаи кишоварзӣ мебошад, ки беш аз 90% ҳаҷми умумии обро ташкил медиҳад. Кишоварзӣ тақрибан чоряки ММД-и кишварро ташкил медиҳад ва 44% қувваи кориро бо кор таъмин мекунад.

Таҳлилу баррасии вазъ дар кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон ва Афғонистон, Покистон нишон медиҳад, ки обва энергетика то чӣ андоза бо ҳам алоқамандандбуда, истифодаи дурусту сарвақтиионҳо то чӣ ҳад фоида меорад. Дар ҳоле, ки тағирёбиииқлим, аз ҷумла, ба баланд шудани ҳарорат, тағирёбии давраи гидрологӣ, зиёд шудани хушксолӣ ва дигар падидаҳои гидрометеорологӣ, кам шудани маҷрои дарёҳо, инчунин дар ин арзҳо афзоиши истифодаи нерӯи барқ, аҳолӣ афзоиш боиси афзоиши талабот ба об, озуқа, энергия ва дигар маводи зарурии ҳаётан муҳиммебошанд. Илова аз ин, ишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ба таъсири тағйирёбии иқлим хеле осебпазир дониста шуда, суръати баланди афзоиши аҳолӣ доранд[12].

Хулоса, ба андешаи донишманд ва рӯзноманигори тоҷик Мухбирҷон Кенҷаев, ки солиёни дароз НБО-и Роғунро бо таври комил омӯхта арзёбӣ кардааст, “онро метавон сохтмони бузурги аср ва байналмилалӣ номид”[13]. Зеро дар бунёди он намояндагони кишварҳои Аврупову Амрикои Лотинӣ аз ҷумла Россия, Украина, Молдова, Гурҷистон, Италия, Британияи Кабир, Фаронса, Аргентина, Португалия, Бразилия, Перу, Сербия, Колумбия, Панама, Чили ва Осиёву Африқо ба хусус Чин Туркия, Ҳиндустон, Непал Покистон, Миср, Эрон, Эфиопия, Малайзия, Филиппин, Марокаш, Нигерия, Камерун, Намибия ва Зимбабве фаъолона иштирок доранд.

Бояд зикр шавад, ки бо вуҷуди он ки дар кишварҳои ҷаҳон аз ҷумла Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ баъзе аз масоили экологӣ ва амалишавии дурусти “энергияи сабз” ҳанӯз боқӣ монда, роҳбарону сокинони онҳоро зарӯр аст то барномаҳои марбут ба муҳити зисти худро ба таври дурусту муносиб ҳаллу фасл кунанд. Ҳамин тавр, ҳомиёну ташкилоту фаъолони сиёсати энергияи сабз дар минтақа бештар ба кӯмаку пуштибониҳои пайвастаи давлату мардуми худ ниёз доранд.

Ҳаминтариқ, дар амалисозии сиёсати энергияи сабз бо модели сохтани ҷомеаи сабзу хуррам ташаббус нишон дода мешавад, ки ин як қадами мусбат барои ҳифзи муҳити зист буда, восита барои беҳбудии ҳар як сокини кишвари худ мебошад. Дар ин зимн, «Энергияи сабз» аз омилҳои калидии амалии «Иқтисоди сабз» ба ҳисоб рафта, барои рушди иқтисодии кишварҳо, ҳифзи муҳит аз харобиву заҳролудшавии табиат замина ба вуҷуд меорад. Ташаббусҳои созандаи кишварҳо, аз ҷумла экологикунонии рушдииқтисодии Тоҷикистон ба диверсификатсия ваафзоиши содироти маҳсулот бо ҳиссаи баланди коркарди захираҳои табиӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии ширкатҳои ҷумҳурӣ дар бозорҳои хориҷӣ мусоидат хоҳад кард. Ҳамин тавр, баҳри мубориза ва пешгирӣ аз хатарҳо ва роҳ надодан ба фоҷиаҳои навбати пешниҳоди нави роҳбари Тоҷикистон «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» муҳим ва саривақтӣ ҳисобида шуда, ба хотири суботу созандагии мардуми сайёра пешбинӣ шудааст.

Ҳамин тариқ, мо донишмандону шаҳрванди бо нангу номусро лозим меояд то дар бунёди он саҳм гузошта, хонаи худро ободу зебову хуррам гардонем ва ё ба ибораи дигар,

Ҳар ки Роғун мекунад бунёд,

Хонаи хешро мекунад обод...., намуда, диёру Ватани худро озоду орому обод нигоҳ дорем.

Мирсаид Раҳмонов- ходими калони илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмии Тоҷикистон

АДАБИЁТИ ИСТИФОДАШУДА

1. Building a nation through a dam: the case of Rogun in Tajikistan. Menga, F. ORCID: https://orcid.org/0000-0001-5712-7748(2015) Building a nation through a dam: the case of Rogun in Tajikistan. Taylor & Francis. Nationalities Papers, 43 (3). pp. 479-494. ISSN 0090-5992 doi: https://doi.org/10.1080/00905992.2014.924489

2. Fostering Tajik Hydraulic Development: Examining the Role of Soft Power in the Case of the Rogun Dam. www.water-alternatives.org Volume 9 | Issue 2 Menga, F. and Mirumachi, N. 2016. Fostering Tajik hydraulic development: Examining the role of soft power in the case of the Rogun Dam. Water Alternatives 9(2): 373-388

3. РОҒУН -СОХТМОНИ ТАҚДИРСОЗИ МИЛЛАТ//https://tajmedun.tj/tj/akhbor/?ELEMENT_ID=25620

4. Нерӯгоҳи барқи обии Роғун. 19.06.2019. https://www.mewr.tj/?p=3079&lang=tj

5. Tajikistan launches giant dam for power export to Pakistan. Nation. November 16, 2018 https://www.nation.com.pk/.../tajikistan-launches-giant...

6. Tajikistan offers cheap electricity to Pakistan.January 12, 2019https://www.dawn.com/news/1456947

7. Energy security and foreign reliance. August 11, 2008. https://www.dawn.com/.../energy-security-and-foreign...

8.Catherine Putz. August 04, 2015. https://thediplomat.com/.../uzbekistan-still-hates-the.../

9.Rogun Hydropower Plant Nears Completion in Tajikistan SITUATION REPORTS - March 25, 2024 By Alec Solteshttps://www.geopoliticalmonitor.com/rogun-hydropower.../

10. the CASA-1000 project //www.casa-1000.org.

11.Pakistan country profile on the website of the International Hydropower Association, www.hydropower.org/country-profiles/pakistan. (санаи муроҷиат 4 ноябр 2024)

12.Water-Energy Equation in Central and South Asia: A Perspective from Tajikistan. Sulton Rahimzoda. 04 August 2024. pp 79–96. https://link.springer.com/chapter/10.1007/978-3-031-29035-0_4#Fn4

13.Кенҷаев М . “РОҒУН”. Саҳифаи тоза дар таърихи давлатдории миллӣ. Ҷумҳурият.28.10.2024 №: 212-213