Перейти к основному содержанию

Ҳамасола рӯзи 16-уми ноябр мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Паёми нахустини мавсуф аз Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки 19-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд барпо гардида буд, сарҷамъсозии миллат ва берун овардани Тоҷикистон аз ҷанги шаҳрвандӣ буд. Мардуми кишварамон суханони таърихии Эмомалӣ Раҳмонро, ки гуфта буд: “Ман барои Шумо сулҳ меоварам”, «То вақте ки як фарди миллат дур аз Ватан ва дар ғурбат қарор дорад, ман худро орому хотирҷамъ намеҳисобам», “То ки бошам барои миллатам, барои халқам, барои давлатам хизмат мекунам” хуб дар хотир доранд.

Баробари истиқлолият Худованд ба халқи мо роҳбареро насиб гардонид, ки бо кирдору амалҳои некаш тавонист мардуми парешонро муттаҳид, дар кишвар сулҳу ваҳдатро пойдор ва ба ҷанги бемантиқ хотима дод. Дар натиҷаи заҳмату талошҳои Сарвари давлат ва Пешвои миллатамон дар тӯли солҳои гузашта тамоми рукнҳои давлатдорӣ барқарор шуда, сулҳ ва ваҳдати комили миллӣ пойдор, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин, худшуносиву худогоҳӣ таҳким, ҳисси ватандӯстии тамоми табақаҳои ҷомеа афзуд. Ба ҳамаи ин дастовардҳои беназир мо тавассути роҳбарии оқилонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, хиради халқи сулҳпарвар, меҳнатдӯсту соҳибмаърифатамон ноил шудем.

Бузургон фармудаанд: «Қудрати роҳбарӣ ва малакаи пешоҳангии халқ як имтиёзест, ки Офаридгор онро на ба ҳар кас ато мекунад.

Аммо шахсиятҳои қудратманд ва ба қавле, назаркардаҳои Эзид, ба пиндору гуфтору рафтор ва дигар зарфиятҳои феълӣ аз дигарон ба куллӣ фарқ мекунанд ва кору пайкори онҳо аз ҷониби омма қобили муҳокима нест».

Тақдир ин ниёзи миллиро дар шахсияти барҷаста, фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ато кард.

Ин шахсияти таърихсозу тақдирсоз дар муддати кӯтоҳи роҳбарӣ ду рисолати таърихиро ба ҷо овард, ки он дар таърихи навини тоҷикон нигошта хоҳад шуд: яке бунёди давлати миллӣ ва дигаре тафаккури нави миллӣ. Ин рисолати таърихии сулҳофарӣ дар арсаи байналмилалӣ аз ҷониби сиёсатмадорону доираҳои илмии сатҳи ҷаҳонӣ мавриди омӯзиш қарор гирифта, чун падидаи нодиру боарзиш дар таърихи сулҳсолории оламиён пазируфта шудааст.

Собиқ Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Кофи Аннан бо назардошти хизматҳои таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд: «Тоҷикистон барои бисёр мамлакатҳои дигар дар ҳалли муноқишаҳои дохилӣ сабақи беназир дорад».

Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангию маънавии халқи тоҷик тозатарин сафҳаи таърихӣ ва гардиши куллиро оғоз бахшид ва он нахустин татбиқи ормони миллӣ дар оғози асри нав буд.

Пажӯҳишгари олмонӣ Карл Ясперс гуфтааст: «Таърих бо зуҳури симоҳо ва шахсиятҳо оғоз меёбад ва маҳз шахсияту симоҳои абарқудрат созандагони таъриханд». Корномаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон далели равшани андешаи бузургон аст.

Мо эътимоди комил дорем, ки кормандони соҳаи илм, ҷавонони бо ору номуси кишвар бо Ватани соҳибистиқлол, бо Сарвари маҳбуб ва Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихор карда, бо меҳнати ҳалол, дар рушду нумуъ ва шукуфоии Ватани азиз саҳм хоҳем гузошт.

Норов Исроил – ходими илмии Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии АМИТ