Перейти к основному содержанию
Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои нави сиёсӣ буда, дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи наверо боз намуд. Ҳама пешрафту нумӯи давлатдории миллии феълии тоҷикон аз файзу баракти Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳури Тоҷикистон сарашма мегирад.

Зеро маҳз ҳамин Иҷлосия чун субҳи босафо бар шоми торики миллат ғолиб омада, ба хушбахтии мардум заминаи мусоид фароҳам овард. Ва барои дигар сокинони манотиқи гуногуни кишварро ба дурандешиву бунёдкорӣ ҳидоят намудан, як навъ аз худкунии асосҳои давлату давлатдории муосир ва гузаштан ба ҷомеи демокративу дунявӣ рӯ овардан заминаи асосӣ гардид. Дар ин росто, баҳри оромии кулл ва ҳифзи сарватҳои зеҳниву маданӣ саҳми муассири худро гузошт ва шодию нишот, дӯстиву рафоқат пайдо гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид доштаанд: «Иҷлосияи шонздаҳум имконият дод, ки тамомияти арзии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ягонаи мустақил ҳифз карда шавад».

Воқеан ҳам, Иҷлосияи таърихию сарнавиштсози XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти барқарор намудани сохти конститутсионӣ, таъмини амнияти миллӣ, пойдорӣ ва таҳкурсии давлатдории миллӣ, рушди муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва байнал-милалӣ заминаи муҳим ва мусоид фароҳам овард. Яке аз ҷараёнҳои хеле муҳим дар он солҳо, ки барои рушди давлатдорӣ мусоидат мекард, ин пойдории сулҳу ваҳдат ва дар ин замина фароҳам овардани шароит маҳсуб меёфт. Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олӣ дар пойдории сохт ва низоми ҳуқуқии кишвар, қонуният ва рушди қонунгузории миллии кишвар нақши барҷаста ва муассир гузошт.

Маҳз ҳамин Иҷлосияи тақдирсоз бақои миллатро таъин намуда, дастгоҳи нави давлатиро, ки омили пешрафту тараққиёти ҷомеа мебо-шад, рӯи кор овард. Дар ин Иҷлосия ба Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколати Сардори давлат дода шуд. Ба ӯҳдаи Сардори давлат таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, Конститутсия ва Қонунҳои ҶТ вогузор гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақш ва мавқеи Иҷлосияро ба сифати рӯйдоди сарнавиштсози миллат муайян намуданд, ки он дар кишвар гардиши куллиеро ба вуҷуд овард: «Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор шуд, ба ташкили давлату ҳукумати нави Тоҷикистон замина гузошт».

Маҳз дар Иҷлосияи тақдирсоз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби намояндагони мардуми кишвар ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд ва Сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат назми ҷомеаро ба вуҷуд оварда, мардумро ба ояндаи дурахшон раҳнамун сохт.

Бо шарофати Иҷлосияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлолият бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ Қонуни асосии кишварро таҳия ва қабул намуд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии пешрафти ҳокимияти давлатӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрвандро мушаххас ва муайян намуд.

Иҷлосияи XVI заминаи сохти давлатдории навини тоҷикон, бунёди давлати демократии дунявии ҳуқуқбунёдро ибтидо гузошт ва он оғози ваҳдати миллӣ, сулҳи пойдору суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва фазои озоди бунёдкориву созандагӣ ба ҳисоб рафта, ба беҳокимиятӣ, хатари нестшавии халқи тоҷик нуқта гузошт ва якпорчагии марзу буми кишварро таъмин намуд.

Маҷидзода Р.М., н.и.ф. Ходими илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ