Перейти к основному содержанию

Имрӯз, 21 апрел бо ташаббуси Маркази меросии хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҳфили рӯнамоии китоб баргузор гардид. Дар баргузории маҳфил китоби тозанашри доктор Соҳибназар Муродӣ “Тоҷикони Хуросон: таърих фарҳанг ва сарнавишт” рӯнамоӣ карда шуд.

Ба кори маҳфил саркотиби илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доктори илмҳои таърих, профессор Қосимшо Искандаров ҳусни оғоз бахшида, муҳтавои маҳфилро ба ҳозирин фаҳмонида сухани муқаддимавиро ба президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт вогузор намуданд.

Зимни баромади хеш президенти Аккадемияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт иброз дошт, ки китоби доктор Соҳибназар Муродӣ “Тоҷикони Хуросон: таърих, фарҳанг ва сарнавишт”, ки дар дар се ҷилд аз тарафи интишороти “Бадахшон” ба нашр расидааст, самимона табрик мегӯям.

Гуфта шуд, ки нашри ҳама гуна натиҷаи таҳқиқоти илмии вобаста ба таърих, фарҳанг ва сарнавишти таърихии тоҷикон воқеаи бисёр муҳимми илмию фарҳангӣ маҳсуб мешавад. Эҳёи суннатҳои давлатдории миллӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба таърих, забон, фарҳанг ва дигар арзишҳои миллӣ ба хотири таҳкими истиқлолияти кишвари соҳибистиқлоли мо, боло бурдани сатҳи маънавиёти қишрҳои гуногуни аҳолӣ дар меҳвари сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳатарм Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Таъкид гардид, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар заминаи таҳқиқи таърихи пурифтихор ва фарҳанги оламшумули халқи тоҷик корҳои зиёдро анҷом додааст ва дар оянда анҷом хоҳад дод. Тибқи Нақша - чорабиниҳо оид ба амалисозии Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 дар ин давра дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон китобҳои бунёдӣ дар соҳаи таърихи халқи тоҷик, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ба нашр мерасанд.

Бешубҳа, ҳама гуна таҳқиқот дар бораи таърих ва фарҳанги халқи тоҷик дар кадом кишваре, ки таҳия ва нашр нашуда бошад, бояд муаррифӣ ва нақд шавад, тақризҳо шаванд, то аҳли илму дониш иттилои бештаре пайдо намоянд. Боиси хурсандист, ки мо имрӯз чунин як китоби сеҷилдаи калоҳаҷмро дар бораи таърихи тоҷикони Хуросон - ро муаррифӣ мекунем.

Бояд гуфт, ки китоби “Тоҷикони Хуросон” китоби ҷомеъ ва аз назари хронологӣ аз замонҳои қадим то ба имрӯзро дар бар мегирад. Китоб дар маҷмуъ аз 15 фасл иборат аст ва тамоми паҳлуҳои зиндагии тоҷиконро дар бар гирифтааст. Хонандаи ин асар аз таърих, ҷуғрофиё, забон, адабиёт, фарҳанг, вазъи иҷтимоию иқтисодӣ, тарзи давлатдорӣ ва тамаддунофарии тоҷикон, мушкилоти тоҷикон дар тӯли таърих ва садҳо масъалаи дигари ҳаёти тоҷикон огоҳӣ меёбад. Дар китоб муаллиф аз манобеи хеле зиёд, адабиёти таҳқиқӣ ба забонҳои гуногун истифода намудааст, ки бешубҳа, арзиши китобро боло бурдааст.

Дар идомаи маҳфил як зумра олимону муҳаққиқон оид ба китоби тозанашр ибрози ақида намуда, ҷонибдорӣ намуданд.