Тиргон баробари ҷашнҳои Сада, Наврӯз ва Меҳргон яке аз ҷашнҳои қадимтарини мардуми тоҷику форси бостон аст ба шукронаи раҳоӣ аз хушксолӣ ва ҳифозати марзҳо, ки ҷашни он дар сездаҳуми моҳи тир (якуми июл) баргузор мегардад.
Дар кишвари мо ҳам, бо ба даст овардани Истиқлоли миллӣ, бо ташаббусу заҳматҳои раҳбари давлатамон, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ин ҷашнҳои таърихиву бостонии тоҷикон ба мисли Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон аз нав эҳё шуданд ва истиқболу ҷашнгирии ин маросимҳои ҷашнии арзишманди гузаштагонамон аз нав муяссар гардид, ки ин дар худшиносии миллии мардуми кишварамон низ нақши босазое хоҳад дошт.
Дар боби ба вуҷуд омадани ҷашни Тиргон чанд ривояте зикр шудааст, ки инҷо ба яке аз он ривоятҳо ишора мекунем. Тиргон дар гиромидошти ситораи Тиштар, ки бо унвони ситораи бороновар дар сарчашма ва фарҳанги тоҷику форси даврони бостон машҳур буд, гузаронида мешуд. Дар ойини Меҳр ва ё митроизм, зардуштия ва сарчашмаҳои таърихӣ «Бундаҳишн», «Динкард» ва ҳамчунин дар «Авесто» дар бораи Тиштар ва мавқеияту иртиботи вай бо олами ҳастии заминӣ ва дигар ахтарони осмонӣ ривояту матнҳои зиёде вуҷуд дорад.
Ҷашни Тиргон дар фарҳанги бостонии тоҷикон ҷашни тобистонии табиат мебошад ва чунонки дар боло зикр гардид, дар ибтидои моҳи июл, ки ба 13-уми тирмоҳ мутобиқат мекунад, оғоз мегардад. Ин ҷашн дар шаҳру вилоятҳои Эрон дар канори дарёчаҳо ва чашмаҳо, ҳамроҳ бо базмҳои вобаста бо обу обпошӣ ва орзуи боридани борону покии дарахту гиёҳони рӯи замин, бо нияти аз байни бурдани касофату разолатҳо ва монанди инҳо гузаронида мешавад. Дар айни ҳол мардум дар ин маросим бо пошидани об ба якдигар орзӯи боридани борон, баракати осмонӣ ва наҷот ёфтан аз хушксолию неруҳои бад мекунанд.
Дар бисёр сомону бумсорҳо ва маҳалҳои тоҷику форснишин садҳо сол аст, ки ин маросими ҷашнӣ бо равиши бошукуҳ дар оғози тирмоҳ баргузор мегардад, ки маросими об пошидан ба якдигар бо дуо ва дархости дар давоми сол бориши борони матлуб ва дур будан аз хушксолӣ, аз муҳимтарин саҳнаҳои ин ҷашн ба ҳисоб меояд.
Дар байни мардум ва сарчашмаҳои таърихӣ ривояте дар робита бо ситораи Тиштар, ки «фаришта»-и боронаш мегӯянд ва он рамзи муборизаи неруи некӣ бар бадӣ, рушноӣ бар зулмот, ростӣ бар дуруғ аст, вуҷуд дорад. Аз ин ҷо, Тир исми изади борон дар асотири тоҷику форси бостон аст. Махсусан дар «Авесто» бахши «Тир Йашт» пурра дар бораи сифату хусусиятҳо ва нақши ситораи Тиштар дар ҳастии ҳаёт дар рӯи замин ва наҷоти он аз офату бадбахтиҳои пешомади аҳриманӣ бахшида шудааст. Албатта дар ин ҷо, агар қисса каме ба шакли устуравӣ бошад ҳам, вале донишмандони дунёи бостон, дар шахси Зардушт ва пайравони ӯ тавонистаанд, иртиботу ҳамоҳангии кайҳони осмонӣ – ахтарон ва саёраҳои онро бо олами заминӣ – маъданӣ, наботӣ, ҳайвонӣ ва инсонӣ хуб муаррифӣ кунанд. Аз ин ҷо, бар меояд, ки онҳо худро аз хурофот канор гирифта, дар паи кашфи воқеият ва беохирии дунёи ҳастӣ қарор додаанд.
Дар «Авесто» дар кардаи якуми бахши «Тир Йашт» дар бораи сифату хусусиятҳо ва нақши ситораи Тиштар омадааст, ки Тиштар – ситораи ройуманди фароманд ва Сатависи обрасони тавоно… Тиштар – ситораи бахшанда, фурри сафедафшони дурахшони дармонбахши тезпарвози тобону рушноии покафшон… Тиштар – ситораи ройуманди фарраманд, ки тухмаи об дар ӯст. Аз ин рӯ, Тиштар – ҳаётбахшанда аз осмон ба замину хок ва обу гиёҳу чашмаҳои об ва кулли ҳастии рӯи замин ва оварандаи соли хушу хушбахтиҳо барои тамоми мавҷудоти заминӣ ва аз он ҷумла инсонҳо мебошад.
Бо ин навиштаи мухтасар дар бораи ҷашни Тиргон умедворем, ки мардуми сарзамини мо дар оянда бо огоҳӣ ин маросими ҷашнии баракату раҳмати ҳаётбахшро бо хушнудӣ ва тантана пешвоз мегиранд ва аз заҳмату талошҳои Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи ин фарҳангҳои бостонӣ, ки аз ҳувияти миллӣ ва худшиносӣ доштани мардуми тоҷик гувоҳӣ медиҳад, қадрдонӣ мекунанд.
Муродова Тоҷинисо – н.и. фал., ходими пешбари илмии ИФСҲ ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ