Ҷумҳурии мардумии Чин бо Тоҷикистон аз солҳои 90 – уми асри гузашта то ин ҷониб ҳамчун шарики боэътимоди стратегӣ ба ҳисоб рафта дар тамоми самтҳои илмию таълимӣ, иқтисодию иҷтимоии кишвар нақши муҳимро мебозад.
Дар доираи ҳамкориҳои муттақобилан судманди кишварҳои Тоҷикистону Чин давоми чандин сол аст, ки соҳаи астрономияи тоҷик низ ривоҷу равнақ ёфта олимон ду кишвар баҳри омӯзиши Кайҳон табодули андеша менамоянд.
Бояд қайд намуд, ки тибқи ҳамкориҳои мазкур доктор Chen Qinming ва Shen Chao аз Расадхонаи астрономии Шанхайи Ҷумҳурии мардумии Чин ба Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташриф оварданд, ки меҳмони мазкурро ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Амонзода Илҳом Темур ба ҳузур пазируфта оид ба ҳамкориҳо дар ин самт изҳори назар намуданд.
Дар рафти вохурӣ Амонзода Илҳом Темур оид ба ҳамкориҳои олимони Чин бо Тоҷикистон изҳори қаноатманди намуда, қайд намуданд, ки Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷиистон ва Президенти он Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳамеша мекӯшанд, ки ҳамкориҳои судмандро сол то сол тақвият бахшида дар ҳамҷоягӣ бо олимони кишварҳои пешрафта аз ҷумла Ҷумҳурии мардумии Чин дар ҷодаи пешрафти илми ватанӣ кор ва фаъолияти якҷояро ба роҳ монанд.