Қазоқистон яке аз давлатҳои бузурги Осиёи Марказӣ буда, яке аз кишварҳои тезрушдкунанда ба шумор меравад. Бинобар маълумотҳои Бонки Ҷаҳонӣ дар даҳсолаи аввали асри XXI дар руйхати 25 давлати тезрушдкунанда дохил шуда, баъди Чин ва Қатар дар ҷойи сеюм қарор дорад. Дар миёни давлатҳои Ташкилоти Давлатҳои Туркӣ аз рӯйи масоҳат дар ҷойи аввал, дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ низ ҷойи аввалро касб менамояд. Инчунин дар миёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ҷойи дуюм пас аз Русия қарор дорад. Дар ҷаҳон бошад аз руйи масоҳат дар ҷойи нуҳум қарор аст. Яке аз кишварҳое ба шумор меравад, ки баромади мустақим ба баҳр надорад ва ягона давлати бузурге ба шумор меравад, ки чунин хусусиятро дорад. Ин омил дар шаклгирии инфрасохтори ҳозираи он заминаи мусоид фароҳам оварда, онро миёни кишварҳои бузург ҳамчун як камарбанди иқтисодӣ шакл додааст. Аз руйи тақсимоти маъмурӣ ба 14 вилоят тақсим шуда, ҳамзамон дорои се шаҳри аҳамияти стартегӣ дошта тақсим мешавад – Астана, Алмаато ва Чимкент. Тибқи маълумотҳои соли 2021 аҳолии мамлакат 19 млн нафарро ташкил медиҳад, ки дар ҷаҳон аз руйи шумораи аҳолӣ дар ҷойи 64 қарор дорад ва зиччи аҳолӣ дар як км² 6,94 нафарро ташкил медиҳад. Саҳми иқтисодиёти Қазоқистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ беандоза буда, он 60% - и ММД – минтақаро ташкил медиҳад. Тибқи ҳисобу китобҳои соли 2019 аз руйи ММД дар ҷаҳон миёни кишварҳо ҷойи 42 – ро касб кардааст. Қазоқистон яке аз кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравие ба шумор меравад, қарзи худро дар назди Хазинаи байналмилалии асъор 7 сол пеш аз муҳлат пӯшидааст. Соли 2015 ба Созмони ҷаҳонии савдо пайваст гардидааст. Инчунин аъзои комилҳуқуқи созмонҳои СММ, ИДМ, СААД, СДТ ва СҲШ ба шумор меравад. Баъд аз истиқлолият ба даст даровардан дар соли 1991 сиёсати хориҷии бисёрсамтаро пеш гирифтааст. Муносибатҳои дӯстонаро бо ду ҳамсояҳои бузурги худ – Русия ва Хитой, инчунин бо ҷаҳони Ғарб ва Амрико то имрӯз нигоҳ дошта омада истодааст.
Қазоқистон дар радифи Тоҷикистон яке аз ташаббускорони калидӣ дар равандҳои ҳамгироӣ дар доираи ИДМ ва инчунин дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад. Дар нишасти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, соли 1993 дар Ишқобод ва Тошкент аввалин кӯшишҳои ба вуҷуд овардани ҳамгироӣ миёни кишварҳои минтақа шурӯъ шудааст. Президенти собиқи Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев борҳо кишварҳои Осиёи Марказиро даъват кардааст, ки захираҳои худро муттаҳид созанд, иқтисодҳои муассир ва ба ҳам алоқамандро эҷод кунанд, ки иқтидор ва натиҷаҳои якҷояашон дар иқтисоди ҷаҳонӣ эътироф карда шаванд ва сифати баланди зиндагии мардумро таъмин кунанд. Ташаббуси Қазоқистон оид ба таъсис ва татбиқи ҳамгироии давлатҳои Осиёи Марказӣ ба шартҳои бунёдӣ – муштаракоти таърихӣ, ҷуғрофӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, забонӣ ва динии минтақа асос ёфтааст. 29 июли соли 1993 Созишномаи байниҳукуматии Алмаато дар бораи чораҳои умқи ҳамгироии иқтисодӣ байни Қазоқистон ва Ӯзбекистон ба имзо расид, ки баъдан Қирғизистон ба он ҳамроҳ гардид. 30 апрели соли 1994 байни Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон Аҳдномаи таъсиси Фазои ягонаи иқтисодӣ ба имзо расид, ки ба оғози Ҳамкории Осиёи Марказӣ (ЦАС) замина гузошт. Вале аз соли 1995 Туркманистон сиёсати бетарафиро интихоб карда аз равандҳои минтақавӣ дар канор монд
Соли 1998 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмон ҳамроҳ шуда, номи созмон ба – Созмони ҳамкории иқтисодии Осиёи Марказӣ (ЦАЭС) табдил ёфт. Дар маҷмӯъ, дар чаҳорчӯбаи он 50 лоиҳаи иқтисодӣ тасдиқ гардида, 160 ҳуҷҷат ба имзо расид.
Бо назардошти афзудани таъсири хатарҳои муосир ва болоравии нақши амният соли 2001 созмон дар мулоқоти Тошканд ба Созмони ҳамкории Осиёи Марказӣ (ОЦАС) тағйири ном кард. Таваҷуҳи асосӣ аз масоили иқтисодӣ ва мушкилоти амниятӣ – сиёсӣ равона гардид. Бо назардошти узвияти Россия соли 2005 Созмон бо Ҷомеаи иқтисодии Авру-Осиё (ЕврАзЭС) пайваст шуда, фаъолияташро қатъ намуд.
Вақте ки ҳамгироии иқтисодӣ ба вуҷуд ояд, пас ҳатман ҳамгироии сиёсӣ ба вуҷуд хоҳад омад. Тавонмандии иқтисодии кишварҳои минтақа барои ба вуҷуд овардани ҳамгироии иқтисодӣ басанда буда, танҳо механизмҳои ҳуқуқӣ ва идорӣ бояд коркард карда шаванд. Таҷрибаи Иттиҳоди Аврупо чунин буд, ки аввал онҳо ҳамгироии иқтисодӣ ба вуҷуд овардан ва минбаъдан дар заминаи он ҳамгироии сиёӣ ба вуҷуд омад. Аз ин рӯ, дар соли 2024 суръат гирифтани раванди ҳамгироии минтақавӣ имкони васеъ барои фароҳам овардани ҳамгироии иқтисодӣ миёни кишварҳои минтақаро тавлид намуд. Бо бовари метавон қайд намуд, ки раванди ҳамгироӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ суръат пайдо кардааст. Буҳрон дар Аврупои Шарқӣ, Ховари Миёна ва мушкилиҳо дар самти ҳамлу нақли молу коло тариқи киштиҳо ва коҳиш ёфтани истифодабарии роҳҳои байналмилалии баҳрӣ имкони ба вуҷуд овардани роҳҳои алтернативӣ тариқи минтақаи Осиёи Марказӣ ба вуҷуд омадааст ва диққати қудратҳои минтақавӣ ва ҷаҳонро рӯ ба минтақаи Осиёи Марказӣ нигаронидааст. Аз ин имконият истифода бурдани кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамгироии иқтисодиро миёни кишварҳо таъмин мекунад.
Мақсади асосии стратегии иқтисодии давлатҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистону Қазоқистон ташкили фазои ягонаи иқтисодӣ, минтақаи ягонаи тиҷоратӣ ва гумрукӣ, иттиҳоди ягонаи асъор ва стратегияи ягонаи иқтисодӣ мебошад. Ба гуфтаи коршиносони қазоқистонӣ, кишварҳои Осиёи Марказӣ бо таҷрибаи муштараки таърихии худ зарфияти як минтақаи тавоно ва мустақил шуданро доранд ва дар солшоии охир ин минтақа барои иқтисоди ҷаҳонӣ аҳамияти стратегӣ пайдо кардааст. Осиёи Марказӣ бозори ҷаҳониро бо молҳои пурқиммат, нефту газ, маъдан ва ашёи хоми хоҷагии қишлоқ таъмин менамояд. Ба эътиқоди коршиносон, ҳамгироӣ дар ин минтақа дар шароити ҷаҳонишавии имрӯза самараноктарин роҳи истиқлолияти ҳарбию сиёсӣ ва иқтисодии давлатҳои Осиёи Марказӣ мебошад.
Шарифов И.И. - ходими илмии Шуъбаи ИДМ -и Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон