Перейти к основному содержанию

https://www.president.tj/event/news/46720

29 июл таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маҷлиси Ҳукумати кишвар нахуст натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2024 ва вазифаҳо дар нимаи дуюми сол баррасӣ карда шуд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодиро дар нимсолаи якуми соли 2024 ҳамаҷониба таҳлил намуда, барои ислоҳи камбудиҳо дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки бо амалӣ гардидани иқдомҳои созанда ва пайгиронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-июни соли 2024 тамоюли мусбати рушди иқтисоди миллӣ нигоҳ дошта шуда, раванди афзоиши ҳаҷми истеҳсолот дар аксар соҳаҳои воқеии иқтисоди миллӣ идома ёфт.

Таъкид карда шуд, ки дар моҳҳои январ-июни соли 2024 суръати рушди иқтисодии кишвар дар сатҳи 8,2 фоиз таъмин шуда, ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба 61,7 млрд сомонӣ баробар гардид.

Рушди иқтисоди миллӣ дар ин давра асосан аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 11,5, кишоварзӣ 9,6, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 15,7, гардиши савдо 11,9, хизматрасонии пулакӣ 16,6, боркашонӣ 13,8, мусофиркашонӣ 9 ва гардиши савдои хориҷӣ 29,3, аз ҷумла содирот 47,1 фоиз таъмин гардид.

Президенти кишвар таъкид намуданд, ки сатҳи таваррум дар ин давра 1,9 фоизро ташкил дод.

Нақшаи даромади буҷети давлатӣ дар моҳҳои январ-июни соли 2024 дар сатҳи 107,9 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 21,2 млрд сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақша 1,5 млрд сомонӣ зиёд аст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари таъмин гардидани нишондиҳандаҳои мусбати рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ тақвияти фаъолияти мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои дигари давлатиро зарур шумурданд.

Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳо супориш гирифтанд, ки бо дарназардошти таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ, бахусус шиддат ёфтани бархӯрдҳои геосиёсӣ, таҳримҳо, низоъҳои тиҷоратӣ, инчунин пайомадҳои тағйирёбии иқлим фаъолиятро дар самти татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳои давлатӣ ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ тақвият диҳанд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохторҳои давлатиро вазифадор намуданд, ки ҷиҳати таъмини минбаъдаи рушди устувори кишвар ва устувории иқтисоди миллӣ, ҷалби бештари сармоя, бахусус сармояи мустақими хориҷиро вусъат бахшида, бо мақсади таъмини суръати рушди иқтисодӣ ба андозаи на кам аз 8 дарсад ва устувории макроиқтисодӣ корҳоро ҷоннок намоянд.

Сарвари давлат ба вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати рушди шабакаҳои таҳвил ва хизматрасониҳои молиявии рақамӣ ва рушди инфрасохтори ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дастурҳои мушаххас доданд.

Таъкид гардид, ки тавассути васеъ истифода намудани технологияҳои рақамӣ, коҳиш додани омилҳои инсонӣ ва амалҳои коррупсионӣ имкон аст ҳаҷми даромадҳо ба буҷети давлатӣ хеле афзоиш дода шавад.

Барои татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар супориш дода шуд, ки дар самти ба кор андохтани иқтидорҳои бозистода ва пешгирии раванди аз фаъолият бозмондани корхонаҳои саноатӣ, бахусус пешгирии раванди коҳиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли як қатор маҳсулоти саноатӣ чораҳои иловагии таъхирнопазир андешида шавад.

Дастуру супоришҳо ҳамчунин ҷиҳати васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ, зиёд намудани майдони гармхонаҳои доимоамалкунанда, сохтмони сардхонаҳо барои нигоҳдории маҳсулот ва таъмини мунтазами аҳолӣ бо маҳсулоти тару тоза, баланд бардоштани ҳосилхезии замин ва ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ва рақамикунонии соҳа, дода шуд.

Таъсиси портали интернетӣ бо мақсади робитаи доимӣ ва ташаккули махзани маълумоти иттилоотию таҳлилӣ дар бораи диаспораҳои тоҷикон, ҳамватанон ва тоҷикони бурунмарзӣ, баланд бардоштани сатҳи касбият ва забондонии онҳо зарур шумурда шуд.

Ҳамчунин сохторҳои марбута дастур гирифтанд, ки соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти кишварро ба фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 ҳаматарафа омода намоянд.

Доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2024 ҳисоботи роҳбарони вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, раисони кумитаи андоз ва хадамоти гумрук, инчунин роҳбарони дигар мақомоти дахлдор шунида шуд.

Дар идомаи маҷлиси Ҳукумати кишвар лоиҳаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ” муҳокима ва барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.

Нақшаи амали Стратегияи ҳифзи молиявӣ аз офатҳои табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2037 барои солҳои 2024-2026, масъалаҳои Парки технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ ва таъсиси Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Парки технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ дар шаҳри Душанбе” баррасӣ карда шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Дар фароварди маҷлис Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таваҷҷуҳи роҳбарони сохторҳои давлатиро ба иҷрои ҳатмӣ ва бечунучарои супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намуданд.

Дастуру супоришҳои мушаххас ҳамчунин доир ба омодагӣ ба истиқболи сазовори 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд.