Skip to main content

Санаи 15 сентябри соли 2024 аз ҷониби Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  2 пойгоҳи сейсмикӣ (Сарез ва Мурғоб)  ба истифода дода шуда, 1 пойгоҳи сейсмикӣ  (Манем, назди ш. Хоруғ) азнавсозӣ гардид.

Ин пойгоҳҳои сейсмикӣ рақамӣ буда, ҳар як пойгоҳ ду бақайдгирак (датчик) дорад, ки онҳо нисбат ба заминларза баландҳассос мебошанд. Яке аз бақайдгиракҳо (датчик) сейсмометр буда, суръати мавҷи замиларзаро сабт менамояд. Дуюм бақайдгирак (датчик) аксилерометр ном дошта, шитобнокии заминалрзаро чен мекунад. Тавре роҳбари Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Негматуллоев Собит Ҳабибуллоевич қайд мекунанд, афзалиятҳои пойгоҳҳои сейсмикии номбурда дар он мебошад, ки иттилоот ба онҳо мунтазам бо тариқи маҷозӣ ворид мегардад, ки ин ба коркарди оҷилии иттилоот мусоидат менамояд.

Пойгоҳҳои сейсмикии номбурда аз ҷониби худи ходимони илмӣ ва муҳандисони Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Девонашоев Азиз ва Қосимов Эркин насб гардида, аввалин иттилоотҳо, ки аз ҷониби пойгоҳҳои сейсмикии нав ба тариқи маҷозӣ ба Хадамот ворид гардиданд, аз ҷониби ходими калони илмӣ Улубаева Т.Р. коркард карда шуданд.

Пойгоҳҳои сейсмикӣ бо таҷҳизотҳои муосири рақамӣ, ки аз ҷониби ширкати бонуфузи хориҷӣ Nanometrics  (Канада)  истеҳсол шудааст, дар чоҳорчӯбаи лоиҳаи “Васлшавии шабакаҳои сейсмикӣ дар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз” бо дастгирии Маркази байналмилалии илмӣ-техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон насб гардидаанд.