01 августи соли равон дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки роҳбарону намояндагони сохторҳои гуногуни академия ва наздик ба 30 нафар рӯзноманигорони телевизиону радио ва нашрияҳои ҷумҳурию шабакаҳои иҷтимоӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Дар оғоз президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳузури намояндагони васоити ахбори оммаро ба Академия хайрамақдам гуфта, бо сухани муқадимавии хеш ба кори нишаст оғоз бахшид.
Зимни нишаст дар ҳузури намояндагони васоити ахбори омма президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт мухтасар дар бораи корҳои анҷомёфтаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ дар шашмоҳаи аввали соли 2024 ҳисоботи муфассал пешниҳод намуд.
Гуфта шуд, ки дар шашмоҳи аввали соли 2024 дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон корҳои муҳими илмию таҳқиқотӣ ва созандагиву бунёдкорӣ ба роҳ монда шуданд.
Ҳамчунин дар ин давра Академияи миллии илмҳои Тоҷиикистон ҳамкориҳои байналмилалии худро бо муассисаҳои илмию таҳқиқотии кишварҳои ҷаҳон густариш дода, чандин созишномаҳои тарафайнро ба имзо расонидаанд. Дар ин давра як зумра олимону академикони муассисаҳои илмию таҳқиқотии кишвраҳои ҷаҳон аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дидан намуда, бо иштироки онҳо симпозиум ва конференсияҳои муҳими сатҳи байналмилалӣ баргузор гардиданд.
Вобаста ба багрузор намудани семинар ва чорабиниҳои илмию сиёсӣ Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон як зумра корҳои муҳимро анҷом додааст. Дар ин давра дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон чорабиниҳои муҳими сиёсӣ бахшида ба ҷашнҳои миллию давлатӣ баргузор гардиданд.
Инчунин дар шашмоҳаи аввали соли 2024 бо ташаббусҳои президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт як бунгоҳи тиббии замонавӣ, 3 озмоишгоҳ ва як ошхонаи завонавӣ аз таъмири капиталӣ муҷҷаҳаз бо таҷҳизотҳои муосир ба истифода дода шуданд.