Перейти к основному содержанию

Либоси миллӣ як ҷузъи фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз аҷдодонамон аст, ки дар тӯли қарнҳо шинаму зебандагиашро гум накардааст. Бо истифода аз матоъҳои нафис, гӯлдузии зебо ва нақшҳои анъанавӣ, либоси миллӣ на танҳо зебоии зоҳириро намоиш медиҳад, балки ҳувият ва таърихи бою фарҳанги тоҷиконро низ инъикос мекунад.

Ҳар як ҷузъи либоси миллӣ дорои маънии махсус аст. Нақшҳои гулдӯзӣ, ки дар либосҳои миллӣ истифода мешаванд, рамзи табиат, муҳаббат, зиндагӣ ва фарҳанги мардумиро инъикос мекунанд. Боиси хушнудист, ки солҳои охир таваҷҷуҳи роҳбарияти мамлакат ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби либоси миллӣ, рушду инкишоф додани онҳо дар миёни мардум зиёд гардидааст.

Либоси миллӣ дар ҷашнҳо ва маросимҳои милли нақши муҳим мебозад. Дар ҷашни Наврӯз, ки яке аз муҳимтарин ҷашнҳои миллии тоҷикон аст, ки мардуми тоҷик бо либосҳои рангоранг ва зебо ба куча мебароянд ва дар рақсҳо ва сурудҳои анъанавӣ иштирок мекунанд. Ҳангоми туйҳо ва дигар маросимҳои муҳим либоси миллӣ ҳамчун рамзи ифтихор ва ҳувият истифода бурда мешавад.

Либоси миллии тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ низ маъруфият пайдо мекунад. Барномаҳои фарҳангӣ, намоишгоҳҳои мӯд ва фестивалҳои байналмилалӣ, ки дар дар кишварҳои гуногун баргузор мешаванд, имконият медиҳанд, ки либоси миллии тоҷикон ба ҷаҳониён муаррифӣ шавад. Ин намоишҳо на танҳо зебоии либоси миллиро нишон медиҳад балки фарҳанг ва таърихи бою пурғановати тоҷиконро низ таҷассум мекунанд.

Мутаасифона, имрӯзҳо мавзуи либоси миллӣ ва симои миллӣ бештар аз дигар мавзуъҳо мавриди гуфтугӯву баҳс қарор гирифтааст. Ва ин бесабаб нест. Зеро либоси миллии мо, ки баландтарин фарҳанги ҳадафноки миллиро таҷассум кардаасту дар дунё шабеҳ надорад, дар қатори бисёр дастовардҳои дигари миллии мо дар ин замони ҷаҳонишавӣ мавриди таҳдиду коҳиши бемавриду бемаъно қарор гирифтааст. Дар чанд соли охир аз ҷониби мардуми мо пӯшидани либосҳои миллати бегона ба расму одат даромад. Ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим занҳои мо пироҳанҳои дарози аз зону поён бо миёнбанди нозук ба бар мекарданд. Сатр ва ҳиҷоб дар шакле, ки имрӯз маъмул шудааст, хоси бодиянишинон буд ва ба либоси миллии мо робитае надошт. Сатри сиёҳ бошад, ба мардуми мо куллан бегона аст. Боиси таассуф аст, ки имрӯз ҷавонони мо бешуурона майл ба либоси бегонагон намуда, аз фарҳанги бою ғании миллати худ истифода намекунад. Андеша намекунанд, ки арҷ нагузоштан ба ҳунар ва тамаддуну таърихи худ беэҳтиромӣ нисбат ба миллат аст.

Дар робита ба ин масъала Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ бахшида ба Рўзи модарон чунин таъкид карданд:

“Вақтҳои охир тамоюли бегонапарастӣ ва бафарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат низ ба як раванди ташвишовар табдил ёфтааст. Ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди сару либос ва рафтору гуфтор дар байни занону духтарон метавонад ба устувории рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ расонад. Агар иддае ба хотири тақлид ба ин тарзи либоспўшӣ завқ пайдо карда бошанд, баъзеҳо бо мақсади таблиғи ақидаҳои таҳмилӣ ин либосро миёни занону духтарони мо паҳн карда, мехоҳанд дар кишвар боз як ҷараёни нави ифротиро ҷорӣ намоянд”.

Лаборанти калони ШФКА Институти астрофизикаи АМИТ

Назарова Шукрона