Перейти к основному содержанию

45Шукрона ба ин сарзамини тоҷикон мекунам, ки 33 сол истиқлолият дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мактаби роҳбарикунандаи он исбот намуд, ки дар ҳақиқат мо тоҷикон метавонем сохти давлатдории худро идора намоем ва ҳисси миллиамонро дар байни мардуми ҷаҳон нишон диҳем. Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии худро эълон кард ва Тоҷикистон соҳиби Истиқлолият гардид.

Бо амри тақдир фарзанди номбардори халқ Эмомалӣ Раҳмон бори аввал роҳбари давлат интихоб шуд, Тоҷикистони тозаистиқлол рӯзҳои даҳшатборро ба сар мебурд. Ҷангу низоъҳои хунини миёни тоҷикон боиси хисороти зиёди моливу ҷонӣ гардида, ба якпорчагии мамлакат ва ҳастии миллати тоҷик таҳдид мекард.

Эмомалӣ Раҳмон бо тадбирҳои хирадмандона ва матонату ҷасорати фавқулодда кишварро аз вартаи фалокат ва ҳалокат берун овард, мардуми парешонро сарҷамъ намуд ва садҳо ҳазор ғурбатзадагонро ба ватан бар гардонд.

Ба иродаи Сардори давлат дар як муддати кӯтоҳ харобаҳо ба ободӣ табдил ёфта, иншоотҳои азим ба вуҷуд омоданд, барои ба ҳам пайвастани тамоми гӯшаву канори мамлакат шоҳроҳи ваҳдат ва барои мустақиман баромадан ба уқёнус ва робита ёфтан ба кишварҳои дуру наздики хориҷӣ роҳҳои бузурги мошингард сохта шуданд.

Бузургтарин дастоварди Эмомалӣ Раҳмон, бешубҳа, барқарор кардани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аст. Таҷрибаи талхи ҷангҳои дохилӣ дар ҷаҳон шаҳодат медиҳад, ки ягон давлат рақиби сиёсӣ ва ҳарифони қудратталабашро аз сангарҳои ҷанг берун оварда, бо силоҳи ҷангию лавозимоти ҳарбӣ ва сарбозони ҷангозмудааш дар сари дастгоҳи давлатию сохторҳои идоракунӣ ва мақомоти низомӣ нашинондааст.

Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзи ояндаи миллат ва пешрпфти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем.

Чунон, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд: “Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар давраи истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳияти шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимои ва дунявиро дорад”.

Самараи неки истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Бо дастгирии бевосита Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Академияи илмҳо ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон табдил дода шуд. Ба вазъияти иқтисоди ҷумҳурӣ нигоҳ накарда Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо дастгирии Пешвои муаззами миллат сохтори худро пурра нигоҳ дошт.

Илм ва маърифат бузургтарин ва арзандатарин арзиши миллии миллати тамаддунофари тоҷик буда, саҳми фарзандони илмофари тоҷик дар таърих ва тамаддуни ҷаҳонӣ мақоми баланд дорад. Даврони истиқлолияти Ҷумхурии Тоҷикистон саҳифаи навтарини таърихи миллат буда, таҳти сарварии Ҷаноби олӣ, Пешвои Миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлати соҳибистиқлоли мо ба дастовардҳои беназири илмӣ ноил гардида истодааст.

Дар Шуъбаи илмҳои биология 6-зерсохтор аз он ҷумла 3 Институт ва 3 Марказ кор ва фаъолият мекунанд. Аз 325 – нафар корманд, 134 – корманди илмӣ, 28-доктори илм, 58- номзади илм, 105 корманди беунвон дар айни замон фаъолият доранд, ки потенсиали илмӣ ба 65% баробар аст.

Дар давраи соҳибистиқлолии давлати азизамон дар тамоми самтҳои илмҳои биологӣ пешравиҳо, беҳбудиҳо ба вуқуъ пайвастанд.

Дар давраи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кормандони илмии озмоишгоҳҳои Институти оид ба самтҳои афзалиятноки таҳқиқотҳои илмӣ натиҷаҳои муҳимми назариявӣ ва амалӣ ба даст оварда шуданд.

Аз ҷониби кормандони институтҳои ботаника  ҷилди якуми китоби «Атласи растаниҳои шифобахши Тоҷикистон» ба нашр расидааст, ки дар он, оид ба хусусиятҳои морфобиологӣ, муҳити рушд, паҳншавӣ, ҳолат, таркиби химиявӣ, усули ҷамъоварӣ, шакли дору ва хусусиятҳои фармакологии 100 намуди растаниҳои шифобахши Тоҷикистон маълумот гирд оварда шудааст.

Кормандони институтҳо дар ҳамкорӣ бо селексионерони Россия (академик Н.В.Турбин), Белорус (академик Л.В.Хотилова) ва Қирғизистон (д.и.б. К.Р.Раимкулов) навъи нави тритикале Немига-2-ро ихтироъ карданд, ки дар Тоҷикистон минтақабоб карда шудааст.

Аз ҷониби селексионерони институтҳо навъи гандуми сахти АМР, гандуми мулоимдонаи “Ормон”, “Хуросон”, ҷавдори “Ҷашнвора” ва қатраборони “Зиддӣ” ба вуҷуд оварда шудааст.

Бори аввал намудҳо ва намунаҳои ҷинси Aegilops, ки дар минтақаҳои гуногуни экологию географии Тоҷикистон мерӯянд, ҷамъоварӣ карда шуда, ба каталог (феҳрист) дароварда шудааст.

Тадқиқотҳои бисёрсолаи ситологӣ, эмбриологӣ, генетикӣ ва физиологии аломатҳои системаи афзоиши растании пахта дар асоси истифодаи коллексияи нодири линияҳо ва навъҳои хазмогамӣ ва клейстогамии пахтаи миёнанах ва маҳиннах дар шакли Атлас ба нашр расонида шудааст.

Дар самти гузаронидани корҳои селексионӣ ва биотехнологӣ оид ба ихтирои навъҳои картошкаи солимгардонидашуда олимони Институт дар ҳамкорӣ бо олимони дигар муассисаҳои илмӣ ба якчанд дастовардҳо ноил гардиданд. Муассисаи давлатии Комиссияи давлатии навъсанҷии зироатҳои кишоварзӣ ва ҳифзи навъҳои назди Вазорати кишоварзии Тоҷикистон навъҳои серҳосили картошкаи «Дӯстӣ», «Файзобод», «Рашт», «Тоҷикистон» ва «Академияи илмҳо-1», ки маҳсули селексияи олимони Институт мебошанд, ҳамчун навъ эътироф намуд ва дар минтақаҳои гуногуни картошкапарвари ҷумҳурӣ ноҳиябандӣ карда шуданд. Ҳосилнокии ин навъҳо беш аз 35-45 т/га-ро ташкил менамоянд ва ҳар сол дар майдони бештар аз 10000 га кишт карда мешаванд. Бояд зикр намуд, ки навъҳои нави картошка тавассути ҳамкориҳои судманди олимони тоҷик бо олимону мутахассисони Маркази байналмилалии илмии картошка (CIP, Перу) ба даст оварда шудаанд. Санҷиши истеҳсолии онҳо нишон дод, ки ин навъҳо ҳам дар шароити ноҳияҳои кӯҳӣ ва ҳам дар шароити водиҳои ҷумҳурӣ ҳосили дилхоҳ медиҳанд. Олимон ин навъҳоро дар асоси истифодаи усулҳои якҷояи селексияи маъмули анъанавию биотехнологияи муосир ҳангоми парвариш дар шароитҳои гуногуни иқлимии ҷумҳурӣ ба даст оварданд.

Дар асоси натиҷаҳои оид ба шӯрӣ тобовари намудҳои гандум дар минтақаҳои гуногуни иқлимии Тоҷикистон ба хоҷагиҳои деҳқонӣ барои парвариш дар шароити иқлими ноҳияи Шаҳритус линияи ITMI-49, дар шароити водии Ҳисор ва Хуҷанд линияҳои ITMI-49, ITMI-64 ва ITMI-83 тавсия дода шуданд.

Зимни омӯзиши хусусиятҳои морфофизиологӣ ва биохимиявӣ 15 растании найчашишагии линияҳои гуногуни картошкаи ширин (батат), ки аз коллексияи Маркази байналмилалии илмии картошка (CIP, Перу) дастрас шудааст, ду навъи картошкаи ширин - “Сомон ” ва “Шоҳин” дар шароити in vitro ва in vivo интихоб карда шуданд.

Дастовардҳои олимони Институт дар соҳаи ба вуҷуд овардани навъҳои нави сермаҳсули пахтаи миёнанах дар ҳамкорӣ бо олимони дигар муассисаҳои илмии соҳавӣ назаррас мебошанд. Навъҳои тезпаз, серҳосил ва ба касалиҳо тобовари пахтаи миёнанахи «Гулистон», «Гулистон-2», «Шавкат-80», «20-солагии Истиқлолият» дар хоҷагиҳои пахтакори ноҳияҳои Кӯлоб, Данғара, Фархор, Хуросон, Мирсаид Алии Ҳамадонӣ ва як қатор ноҳияҳои вилояти Суғд дар майдони бештар аз 10 ҳазор гектар кишт карда мешаванд.

Коллексияи захираи генетикии Институт бой буда, навъу намунаҳои нодири зерини зироатҳои кишоварзиро дар бар мегирад: картошка - 120 навъу намуна, пахта - 100, ғалладонагиҳо - 120, топинамбур - 20, зироатҳои хӯроки чорво - 15, лӯбиёгиҳо - 30, боқило -5, батат - 15 ва ғ.

Муҳиммияти масъалаи бехатарии биологӣ ва озуқавориро ба эътибор гирифта 29 ноябри соли 2019 дар Институт Озмоишгоҳи бехатарии биологӣ бо мақсади ташхиси маҳсулоти хӯрокворӣ таъсис дода шуд. Соли 2020 Озмоишгоҳ аттестати аккредитатсияи Муассисаи давлатии «Маркази миллӣ оид ба акрредитатсия»-и Ҷумҳурии Тоҷикистонро (№TJ 762.37100.02.059-2020) ба даст овард, ки он барои гузаронидани таҳқиқот ҷиҳати муайян намудани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирдодашуда (ОГТ) дар таркиби маҳсулоти хӯрокворӣ ва тухмии зироатҳои кишоварзӣ имконият медиҳад.

Дар назди собиқ Институти физиологияи растанӣ ва генетикаи АИ ҶТ Шӯрои диссертатсионӣ ҷиҳати додани унвони илмии доктор ва номзади илмҳои биологӣ аз рӯи ихтисоси «физиология ва биохимияи растанӣ» фаъолият дошт. Дар ҷаласаҳои Шӯро дар давоми солҳои 1987 то 2011 ҳамагӣ 22 рисолаи докторӣ ва 82 рисолаи номзадӣ дифо намуданд.

Аз ҷониби кормандони Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АМИТ дар давоми солҳои 1964-2020 дар умум 27 рисолаи докторӣ ва 72 рисолаи номзадӣ дифо карда шудааст қисми зиёди ин рисолаҳо ба давраи Истиқлолият вобаста аст.

Маъмурияти институт ба тайёр намудани номзад ва докторони илм дар самти илмҳои табиӣ таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамояд. Дар давраи солҳои 2020-2024 дар Институт 1 рисолаи докторӣ, 2 рисолаи доктор PhD ва 6 рисолаи номзадӣ ҳимоя карда шудааст.

Дар назди Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АМИТ бо қарори Комиссияи олии аттестатсионии (КОА) назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 марти соли 2022, таҳти № 86/ШД Шӯрои диссертатсионии 6Д.КОА-033 оид ба ҳимояи рисолаҳои доктори фалсафа - PhD аз рӯи ихтисосҳои 6D060707–Генетика, 6D060800– Экология (6D060800.01 самти илмҳои биологӣ) докторантура ва аспирантураи (унвонҷӯ) анъанавӣ аз рӯи ихтисосҳои «03.02.07 – Генетика» ва «03.02.08– Экология (самти илмҳои биологӣ)» таъсис дода шуд. Дар ин Шӯро 2 нафар кормандони Институти ботаника, физиология ва генетикаи растанӣ (Юсуфов С.Ю. ва Дилшоди Ҳабибулло) ва 2 нафар корманди Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н.Павловский - и АМИТ (Қадамзода А., Каримов Ғ.) рисолаҳои номзадии худро дифо намуда, ба дипломи номзади илмҳои биологӣ аз рӯи ихтисосҳои «генетика» ва «экология» соҳиб гаштанд.

Дар давоми 10 соли охир олимони институт даҳҳо монография, дастурамалҳои таълимӣ, брошюраҳо ва садҳо мақолаҳои илмӣ, зиёда аз 50 мақола дар маҷаллаҳои илмӣ ва маҷмӯи мақолаҳои давлатҳои ИДМ ва хориҷаи дур чоп намуданд.

Дар давраи то 1 июли соли 2024 дар Институти ботаника, физиология ва генетикаи растанӣ 57 нафар кормандони илмӣ кор мекунанд, ки аз онҳо 12 нафар доктори илм (аз ҷумла, 2 академики АМИТ, 5 узви вобастаи АМИТ) ва 20 номзади илм ва 1 нафар доктори фалсафа (PhD) мебошанд.

Дар оянда неруи асосии илмии Институт ба ҳалли масъалаҳои назариявӣ ва амалӣ дар соҳаи ботаника, физиология ва биохимияи растаниҳо, генетика ва селексия, биологияи молекулавӣ ва биотехнологияи растаниҳо бо мақсади баланд бардоштани маҳсулнокии растаниҳо ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат равона карда мешавад.

Дастовардҳои асосии илмии Институти зоология ва

паразитологияи ба номи Е.Н. Павловскийи АМИТ

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар аз тарафи олимони Институт Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии захираҳои иттиолотӣ «Каталоги экспонатҳои осорхонаи зоологии Институти зоология ва паразитологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 05.02.2015, №2341500312) ва инчунин гувоҳнома барои ихтирои «Тарзи ҳосил намудани аллерген барои ташхиси эхинококкози ҳайвонот» (аз 07.11.2014 № TJ 642) ба даст оварда шудааст.

Дар институт оид ба фаунаи 582 намуди муҳрадорон ва беш аз 13 000 намуди ҳайвоноти бесутунмуҳра маълумот гирд оварда шудааст. Тақрибан 800 намуд ҳамчун намуди нав барои илм муайян карда шудааст.

Натиҷаи таҳқиқотҳои муштараки паразитологӣ ба он мусоидат намуд, ки дар ҳудуди Тоҷикистон авҷгирии як қатор бемориҳо, аз ҷумла бемории вараҷа пешгирӣ ва аз байн бурда шавад.

Яке аз дастовардҳои муҳим дар соҳаи ҳимояи растаниҳо системаи интегратсионии ҳифзи растаниҳо аз зараррасонҳо ба шумор меравад. Бар зидди ҳашароти зараррасони кирмаки себ, мевахӯраки шарқӣ ва кирмаки хӯшаи ангур диспенсерҳои феромонӣ истифода карда шуд. Диспенсерҳои феромонӣ қобилияти гумроҳкунии ҳашароти зараррасонро дошта, боиси ҷуфти нашудан ва бордор нагаштани модинаҳо мегарданд. Истифодаи диспенсерҳои феромонӣ имконият дод, ки дар боғи шафтолу, боғи ангур ва бар зидди насли 2-юм ва 3-юми кирми себ коркарди кимиёвӣ гузаронида нашавад ва маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ба даст оварда шавад.

Муқаррар карда шуд, ки самаранокии маводи биологии Акторофит ва Акторофит+занбурӯғ бар зидди малахи марокашӣ дар шароити лабораторӣ ва саҳроӣ дар давоми 6-8 шабонарӯз 98-100%-ро ташкил медиҳад.

Аввалин маротиба барои фаунаи ҷаҳонӣ як намуди нави малах (Conophyma nazarovae sp. n.) ва 4 намуди нави магасҳои сирфидӣ ошкор карда шуд, ки онҳо ба номи олимони тоҷик номгузорӣ карда шуданд.

Ҳамзамон барои фаунаи Тоҷикистон як намуди нави шапалак - шапалаки сафеди ирландӣ (Leptidea juvernica) ва 3 намуди ҳашароти зараррасонӣ инвазивии дарахтони мевадиҳанда ва сабзавот - кӯяи помидор, кӯяи картошка ва мевахӯраки шарқӣ ошкор карда шуд.

Институт ҳамасола баҳисобгирии саршумори ҳайвоноти шикориро амалӣ месозад. Аз ҷониби олимони Институт соли 2021 саршумори гӯсфанди Марко Поло (архар) беш аз 29000 сар, бузи пармашох 5086 сар, гӯсфанди кӯҳии бухороӣ (уриал) 2792 сар баҳогузорӣ карда шудааст. Дар асоси натиҷаҳои таҳқиқот оид ба саршумори ҳайвоноти шикорӣ ҳамасола аз ҷониби институт оид ба муайян намудани ҳисса (квота)-и шикори ғаниматӣ ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хулосаи илман асоснок пешниҳод карда мешавад.

Дар рафти таҳқиқоти муштарак бо кормандони илмии Институти биологияи обҳои дохилии ба номи И.Д.Папанини Академияи илмҳои Федератсияи Россия аввалин маротиба намуди нави моҳии инвазивӣ, яъне горчаки муқаррарӣ (Rhodeus sericeus) барои ихтиофаунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд.

Соли равон бо дастгирии Раёсати АМИТ дар назди Институт озмоишгоҳи паразитологӣ муҷаҳҳаз бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир таъсис дода шуд, ки ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои илмӣ таҳқиқотӣ дар ин самт мусоидат менамояд.

Дастовардҳои асосии илмии Институти биологии

Помир ба номи Х.Юсуфбекови АМИТ

Дар давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори институт вобаста ба талаботи замон тағйир дода шуда ҳоло институт аз 3 озмоишгоҳ, 1 Шуъба, Боғи ботаникии Помир, 5 пойгоҳи илмӣ-таҳқиқотӣ ва осорхонаи “Табиати Помир” иборат мебошад.

Дар соли 2011 ду озмоишгоҳи нав озмоишгоҳи муборизаи биологӣ бар зидди ҳашароти зараррасон ва озмоишгоҳи ташхиси хок ба истифода дода шуданд. Дар баробари ин дар озмоишгоҳи мевапарварии институт 3 гармхона ва боғи ботаникии Помир, 1 гармхонаи ҳозиразамон дар доираи лоиҳаҳои ҳамкорӣ сохта шудаанд.

Дар давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар институт 9 рисолаи докторӣ ва зиёда аз 22 рисолаи номзадӣ ҳимоя карда шудаанд. Натиҷаҳои корҳои илмию таҳқиқотии кормандони институт дар ҳаҷми 50 монография, зиёда аз 30 тавсияномаҳои илмию амалӣ ва бештар аз 150 мақола дар маҷалаҳои илмии ҷумҳуриявӣ ва давлатҳои хориҷи наздику дур нашр гардидаанд. Дар даврони 33 соли Истиқлолияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар институт зинаи аспирантураро 148 нафар, магистратура 80 нафар докторантураи зинаи PhD-ро 9 нафар хатм намуданд.

Айни замон дар Институт 58 нафар корманди илмӣ кор мекунанд.

Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон давраи соҳибистиқлолии хизматҳои олимони институтро дар рушди илми тоҷик ба инобат гирифта, олимони варзидаи институт акедемик О.А. Акназаров бо уновони баланд дар соҳаи илм яъне “Арбоби илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, акдемик А.С. Фелалиев бо мукофоти давлатии ордени “Шараф” дараҷаи 1, бо унвони фахрии “Корманди шоистаи Тоҷикистон”, номзади илмҳои биологӣ Г.Д. Хуҷамзода бо медали “Хизмати шоиста”, доктори илмҳои биологӣ Абдулназаров А.Ғ. бо ҷоизаи “Исмоили Сомонӣ” сарфароз гардонида шудаанд. Дар баробари ин академик О.А. Ақназаров, узви вобастаи АМИТ, Қ. Абдуламонов ва доктори илмҳои кишоварзӣ А. Маҳрамов бо медали “50-соли фаъолияти бефосила” дар АМИТ қадрдони карда шудаанд. Ғайр аз ин саҳми арзандаи академки АМИТ О.А. Ақназаров, доктори илмҳои кишоварзӣ Х.А. Ақназаров ва узви вобастаи АМИТ Қ. Абдуламонов дар рушди илмҳои биологӣ ва кишоварзиро ба инобат гирифта дар солҳои гуногун олимони номбурдаи институт бо ҷоизаи академик Павловский мукофотонида шудаанд. Қайд кардан зарур аст, ки зиёда аз 20 нафар кормандони илмии Институт бо иштироки фаъол дар корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва чорабиниҳои ҷамъияти бо ифтихорномаҳои АМИТ ва Мақомоти Иҷроияи Ҳокимияти Давлатии ВМКБ сарфароз гардонида шуданд.

Қобили қайд аст, ки 80 фисади мавзӯҳои таҳқиқотии ҳозира бевосита ба эҳтиёҷоти соҳаи кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист ва экологияи мавзеъҳои кӯҳсор тааллуқ доранд.

Ҳоло дар институт корҳои илмӣ - таҳқиқотӣ аз рӯи 5 лоиҳаи илмӣ, ки аз қайди давлатӣ гузаштаанд, идома дорад. Ин мавзӯҳо ба соҳаи физиология ва биохимияи растаниҳо, экология, мевапарварӣ, генетика ва селексияи растаниҳо, ҳайвоноту ҳашаротшиносӣ, интродуксияи растаниҳо тааллуқ доранд ва аз ҳар мавзӯъи номбаршуда хулосаҳои муҳими илмӣ ва амалӣ ба даст оварда шуданд.

Дар коллексияи захираҳои генетикии озмоишгоҳ тухмиҳои 94 намунаҳои маҳаллии гандуми мулоим, 13-то навъҳои гандуми маҳаллӣ пакана, 50-то мутантҳои ҷав ва навъҳои он, ҳамаи намунаҳои ҷавдори маҳаллӣ, ва тухмиҳои ҳамаи навъҳои зироатҳои маҳаллии лӯбиёдона ва арзан бо роҳи давра ба давра кишт карданашон 48 сол аст, ки қобилияти ҳаётии тухмиҳои он нигоҳ дошта мешавад.

Озмоишгоҳи генетикии навъи нави тритикале ба номи “Бадахшон-3” ба даст оварда шуд. Ин навъ соли равон аз санҷиши навъсанҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муввафақият гузашта минтақабоб дониста шуда соҳиби “Сертификат” гардид.

Дар давоми 10-соли охир аз ҷониби олимони институт барои илм 4 намуди ҳашароти нав ба қайд гирифта шуданд.Барои фаунаи Тоҷикистон 7 намуди ҳашарот,7 намуди паранда ва 2 намуди ширхурон номнавис карда шуданд.

Дар давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Институти биологии Помир бо як қатор муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии хориҷи кишвар Шуъбаи картошкаи ИУР ба номи Н.И.Вавилови (ш. Санкт-Петербург) ФР, Институти физиология ва биохимияи растаниҳои Сибири Академияи илмҳои Федератсияи Руссия, боғи ботаникии Шингуи Кореяи Ҷанубӣ, Шуъбаи генетикаи биокимёвии ИИТ зироаткорӣ ва растанипарварии Қазоқистон (ш. Алмлыбак) ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монда истодааст.

Дастовардҳои асосии илмии Маркази

инноватсионии биология ва тибби АМИТ

Дар давраи солҳои 2011-2024 аз тарафи кормандони Маркази инноватсионии биология ва тибби АМИТ дар самти ихтирои маводҳои доруворӣ 9 нахустпатент, Шаҳодатномаи ҳуқуқи селесионер ва 2 тавсиянома барои истеҳсолот, ки 1 тояш бо санади воридкунӣ ба раванди таълим аз ҷониби 2 макотиби Олии ҷумҳурӣ (Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур ва Донишкадаи санъати тасвири ва дизайни Тоҷикистон) тасдиқ гардидааст, ба даст оварда шудааст.

Инчунин, соли 2022 аз ҷониби ходимони илмии Марказ таҳияи навъи нави гандуми мулоимдонаи “Марказ 2022” ба анҷом расонида шуд, ки ҳуҷҷатҳои он дар айни ҳол дар Комиссияи давлатии навъсанҷӣ барои ноҳиябандӣ қарор дорад.

Дар давраи ҳисоботӣ (соли 2022-23) дар Марказ фаъолияти сехи илмӣ-истеҳсолии “Гулоби Ирам” оид ба истеҳсоли нӯшокии “Гулоби Ирам” ва оби нӯшокии “Ромит” ба роҳ монда шуд, ки таҷҳизоти он тибқи лоиҳаи Фонди Президентии таҳқиқоти бунёдӣ «Таҳқиқи хусусиятҳои шифобахшии равғани эфирии садбарги димишқӣ – Rosa damascena Mill. ва истеҳсоли нӯшоба аз он» дастрас гардидааст. Як дастаи озмоишии нӯшокиҳо бо миқдори 1000 адад барои таъмин намудани гузаронидани конфронсҳои муассисаҳои АМИТ бароварда шуд. Бо мақсади баровардани маҳсулот ба савдои чаканаи ҷумҳурӣ омодакунии ҳуҷҷатҳои лозима идома дорад.

Бо мақсади амалӣ гардонидани натиҷаҳои ихтироотҳои соли сипаригашта, дар асоси Нахустпатентҳои “Гепатрил” ва “Асгиман” соли ҷорӣ таҳияи шарбати “Гепатрил” ва шарбати эликсири “Асгиман” ҳамчун иловаҳои фаъоли биологӣ (ИФБ) ба анҷом расонида, шарти техникии онҳо бо Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ мувофиқа карда шуда, дар муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуданд.

Дар давраи аз соли 2011 то соли 2024 аз тарафи Марказ 11нафар довталабон дар зинаи аспирантураи Академия таҳсил намудааст. Инчунин соли 2018 3 нафар довталабон ба зинаи магистратура қабул карда шуд. Соли 2019 нафар аспиранти хатмнамудаи Марказ Солехзод Б.А., рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Особенности влияния генотипа и условий среды на продуктивность растений A. Thaliana в модельных фитоценозах» ҳимоя намуд. Инчунин, соли 2020 директори Марказ Сатторов Ҷ.С. рисолаи доктории худро таҳти мавзӯи «Биоразнообразие и ресурсы дикорастущих лекарственных растений в некоторых районах Центрального Таджикистана» дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия дифо намуд. Котиби илмии Марказ Ғанизода В. рисолаи номзадии худро таҳти мавзӯи “Некоторые физиолого-биохимические показатели у генотипов мягкой пшеницы в различных условиях выращивания” соли 2021 дифо намуд.

Дар айни ҳол 2 нафар собиқ аспиранти Марказ (Ғаниев Н.Х. ва Ҳолиқова О.У.) пешдифоро гузашта, ҳуҷҷатҳояшро ба Шурои диссертатсионии ДДТТ ба номи Абу-али ибни Сино фиристода, то охири сол дифояшон баргузор мегардад ва 3 нафари дигар (Убайдулло М., Мародмамадова Н. ва Асоев С.) пешдифои худро гузашта, ҳуҷҷатҳояшонро ба Шурои диссертатсионии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд.

Дар давраи аз соли 2011 то нимаи соли 2024 аз ҷониби кормандони илмии муассиса беш аз 254 кори илмӣ ба нашр расонида шуд, аз ҷумла 1 библиография, 3монография, 2 дастурамал, 2 китоби дарсӣ, 5-брашура - тавсиянома, 93 мақолаҳои илмӣ ва илмию омавӣ, аз инҳо 62 мақола дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳурӣ, беш аз мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои хориҷ аз кишвар 16, мақолаҳои илмию омавӣ 15, фишурдаҳое, ки дар маводҳои конфронсҳои гуногуни берун аз кишвар нашр гардидаанд - 26, фишурдаҳое, ки дар маводҳои конфронсҳои гуногуни дохили кишвар нашр гардидаанд – 120.

Дастовардҳои асосии илмии Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе)-и АМИТ

Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе), ки соли 2016 дар назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пас аз имзои созишномаи ҳамкориҳои илмию техникӣ миёни ду кишвар таъсис ёфтааст, нахустин муассисаи илмии Хитою Тоҷикистон мебошад. Муассисони Марказ Институти Синзянии экология ва географияи Академияи илмҳои Хитой ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошанд. Марказ фаъолияти илмӣ ва илмӣ-ташкилии худро расман аз 1 апрели соли 2017 оғоз кардааст.

Мақсади асосии Марказ мусоидат намудан ба корҳои илмию тадқиқотӣ оид ба экология ва ҳифзи муҳити зист, гузаронидани тадқиқотҳои бунёдӣ ва амалӣ дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ тавассути таҳсил дар магистратура, PhD докторантура ва таҷрибаомӯзии мақсаднок мебошад. Марказ дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Хитой корҳои илмӣ-тадқиқотиро дар сатҳи баланд ба анҷом мерасонанд.

Гурӯҳи кормандони Марказ ва институтҳои соҳавии АМИТ якҷоя бо ҳамкасбони хитоӣ ҷиҳати омӯзиши сохтор ва ҳосилнокии растаниҳои чарогоҳҳои Тоҷикистон таҳқиқотҳои илмӣ-амалӣ гузарониданд. Барои барқарор намудани чарогоҳҳои харобшуда ва оқилона истифода бурдани захираҳои чарогоҳҳои ҷумҳурӣ тавсияҳои аз ҷиҳати илмӣ асосноки амалӣ тартиб дода шудаанд.

Самти муҳими таҳқиқоти муштараки илмӣ омӯзиши масъалаҳои гуногунии биологӣ ва тағйирёбии экосистемаҳо дар Тоҷикистон мебошад. Марказ бо ҷалби мутахассисони соҳаи ботаника ва зоологияи Институтҳои АМИТ дар ҳамкорӣ бо олимони Институти Синзянии экология ва географияи АИХ бо мақсади омӯзиши гуногунии намудҳои ҳайвонот, наботот ва муайян кардани вазъи имрӯзаи баъзе намудҳои эндемикӣ, нодир ва хавфи нобудшавӣ доранд ва ба Китоби Сурхи Тоҷикистон дохил шудаанд, дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон таҳқиқот гузаронида истодаанд. Дар натиҷаи таҳқиқоти муштарак ботаникҳо барои гербарий миқдори зиёди намунаҳои нодири растаниҳоро ҷамъоварӣ намуда, маълумотҳо ва рӯйихати зиёда аз 300 намуди набототи эндемикӣ, нодир ва зери хатари нобудшавӣ қарордоштаро тартиб доданд, олимони зоолог бошанд коллексияҳои зиёди намудҳои намояндагони ҳайвоноти нодири Точикистонро ҷамъоварӣ намуда, мавриди омӯзиш қарор доданд.

Соли 2018 дар заминаи Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе) Маркази истифодабарии ҳавопаймоҳҳои бесарнишини (ҲБС) Хитою Тоҷикистон ташкил шуд. Феълан парки ҳавопаймоҳҳои бесарнишини Марказ аз 12 дастгоҳи парвозкунандаи навъи самолётӣ ва квадрокоптерҳо иборат мебошад, ки бо ҳадафҳои илмӣ ва амалӣ васеъ истифода мешаванд.

Тайи солҳои фаъолияти Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе) таҳқиқотҳо оид ба мониторинг ва коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ аз ҷониби кормандони илмии Марказ корҳои назаррасе анҷом дода шуданд. Масалан, бо мақсади арзёбии хатари офатҳои табиӣ ва зарари онҳо бо истифода аз ҲБС минтақаҳои аз сел осебдидаи ноҳияҳои мухталифи мамлакат дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди омӯзиш ва арзёбӣ қарор дода шуд.

Инчунин, тавассути истифодаи ҲБС мониторинги ҳолати пиряхҳои Дидал, Баралмос (қаторкӯҳи Пётри I), Хирсон ва Ҷамъияти географии Россия (қаторкӯҳи Ванҷ) арзёбӣ карда шуда, тасвирҳои ортомозаикии мавзеъҳои пиряхҳои номбурда бо саҳеҳияти баланд тартиб дода шуданд.

Пиряхи Хирсон дар болооби ҳавзаи дарёи Ванҷ ҷойгир шудааст ва ба қатори пиряхҳои ҳаракаткунанда дохил мешавад. Пирях дар натиҷаи ҳаракат, зуд-зуд ба баста шудани маҷрои дарёи Абдуқаҳҳор мегардад ва барои сокинони водии Ванҷ хатар эҷод мекунад. Мутахассисони Марказ бо истифода аз аксҳои кайҳонӣ (аксҳои аз маҳвораҳои кайҳонии Corona, Hexagon ва Landsat гирифташуда) таҳқиқоти динамикаи пиряхи Хирсонро барои 6 давра, ки солҳои 1968 то 2023-ро дарбар мегирад, омӯхта харитаи динамикаи пиряхро тартиб доданд.

Cолҳои 2018-2022 бо мақсади омӯзиши ҳолати кунунии мавзеи кӯли Сарез ва садди Усой роҳбарияти Марказ 5 экспедитсияи илмии муштаракро бо иштироки олимони муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Хитой баргузор намуд. Дар таърихи омӯзиши мавзеи кӯли Сарез барои мониторинг аввалин маротиба ҲБС истифода бурда шуд. Дар натиҷаи истифодаи ҲБС аксҳои фазоии қисмати ғарбиии мавзеи кӯли Сарез ва садди Усой дар масоҳати 70 км2 бо саҳеҳияти хеле баланд: 20 ва 10 см тартиб дода шуд. Дар асоси ин аксҳои саҳеҳияташон баланд нахустин Атласи кӯли Сарез тартиб дода шудааст.

Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе)-и АМИТ солҳои 2021-2022 дар доираи иҷрои лоиҳаи муштараки Хитою Тоҷикистон “Мониторинги равандҳои деформатсионӣ дар садди Усой ва кӯли Сарез дар асоси истифодаи технологияи навигатсионии маҳворагии BeiDoi» бо мақсади мониторинги доимии равандҳои деформатсионӣ дар мавзеи кӯли Сарез, дар соҳилҳои рост ва чапи ин кӯл ва дар садди Усой таҷҳизот ва асбобҳои замонавии рақамӣ иборат аз 7 адад деформографҳоро насб кардааст, ки имкон медиҳанд равандҳои деформатсионии дар қишр замини ин мавзеъ рухдиҳанда зери назорати доимӣ қарор дода шаванд. Маълумотҳое, ки аз пойгоҳҳо ба даст оварда мешаванд барои сари вақт андешидани чораҳои огоҳии хатари офатҳои табиӣ дар ин минтақа аҳаммияти амалӣ доранд ва ғ.

Дар давраи фаъолияти Марказ аз ҷониби кормандони илмӣ 1 рисолаи доктори фалсафа (Сафаров М.С.) ва 1 рисолаи номзади илми география (Гулаёзов М.Ш.) дар соҳаи гидрологияи хушкӣ ва захираҳои обӣ дифоъ карда шуд.

Дастовардҳои асосии илмии Маркази илмии Хатлони АМИТ

Дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси натиҷаҳои илмии ба дастомада 3 китобу монография, беш аз 15 дастурамалу тавсияҳо ва брошураҳои илмӣ-оммавӣ, зиёда аз 150 мақолаҳо ва фишурдаҳои илмӣ, аз ҷумла 40 мақола дар маҷаллаҳои тақризшаванда ва 8 мақола дар нашрияҳои пойгоҳи додаҳои байналхалқии иқтибосӣ-таҳлилии Scopus ворид гардида, ба нашр расонида шудааст.

Комёбиҳои ба даст овардаи боғ оид ба таҳқиқот ва таҷрибаҳои илмӣ дар рисолаҳои «Бӯстони Кӯлоб» Кӯлоб, 1992, «Роҳҳои парвариши зираи форсӣ» Душанбе, 1994, «Кабудизоркунии муҳити зист» Душанбе, 2003, «Дастури парвариши дарахтҳо ва гулҳо» Душанбе, 2005, «Кабудизоркунии муҳити зист» Душанбе, 2007, «Ниҳолхона (Питомник)» Душанбе, 2008, «Компост», Душанбе, 2009, «Растаниҳои нодиру камёфтро ҳифз менамоем» Душанбе, 2010, «Зираи форсӣ», Душанбе, 2010 ва ғ., зиёда дар 100 мақолаҳои илмӣ ва оммавӣ дарҷ ёфтаанд.

Яке аз дастовардҳои муҳими Боғ интродуксияи зираи форсӣ (Bunium persicum (Boriss) B.Fedtsch.) мебошад.

Дар давраи сипаришуда зиёда аз 2450 намуд, навъ ва шаклҳои гуногуни дарахтон, буттаҳо ва гулҳо оварда аз таҷриба гузаронида шудаанд, ки ба 49 оила ва 137 авлод мансубанд.

Мувофиқи санҷиши соли 2011 дар боғ 237 намуди дарахту бутта ва зиёда аз 550 навъу намудҳои гулҳо, растаниҳои эндемикӣ, нодиру камёфт ва шифобахш мерӯянд.

Боғи ботаникии ш. Кӯлоб 29 октябри соли 2019 аъзои Шӯрои Байналмилалии Боғҳои ботаникӣ оид ба ҳифзи растанӣ (BGCI- Botanic Gardens Conservation International) шомил гардид. Дар ҳайати Шӯрои мазкур тақрибан 800 боғҳои ботаникиии олам аъзо мебошанд. Боғи ботаникии ш. Кӯлоб аввалин аъзои Шӯрои Байналмилалии Боғҳои ботаникӣ оид ба ҳифзи растанӣ дар Тоҷикистон мебошад.

Комёбиҳои ба даст овардаи боғ оид ба таҳқиқот ва таҷрибаҳои илмӣ дар рисолаҳои «Бӯстони Кӯлоб» Кӯлоб, 1992, «Роҳҳои парвариши зираи форсӣ» Душанбе, 1994, «Кабудизоркунии муҳити зист» Душанбе, 2003, «Дастури парвариши дарахтҳо ва гулҳо» Душанбе, 2005, «Кабудизоркунии муҳити зист» Душанбе, 2007, «Ниҳолхона (Питомник)» Душанбе, 2008, «Компост», Душанбе, 2009, «Растаниҳои нодиру камёфтро ҳифз менамоем» Душанбе, 2010, «Зираи форсӣ», Душанбе, 2010 ва ғ., зиёда дар 100 мақолаҳои илмӣ ва оммавӣ дарҷ ёфтаанд.

Шуъбаи илмҳои биология барои пешбурди соҳаи илми биология тамоми имкониятҳоро барои илми тоҷик харҷ намуда, илми биологияро дар сатҳи баланд қарор мегирад. Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо дастгирии бевосита Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қ.Х. барои гузаронидани корҳои илмӣ - тадқиқоти ду озмоишгоҳи сатҳи байналмилалиро ба Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н.Павловскийи АМИТ “Озмоишгоҳи паразитологӣ” ва Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АМИТ “Озмоишгоҳи биотехнологӣ” харидорӣ намуда ки ин дастоварди Истиқлолияти давлатӣ ба ҳисоб меравад.

Мирзораҳимзода А.К. доктори илмҳои биологӣ, ноиби президент – Раиси Шуъбаи илмҳои биологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон