Перейти к основному содержанию
Истиқлолият ва озодӣ барои мо рамзи ҳақиқии ифтихор аз шукуфоии Ватан ва ватандӯстӣ мебошад. Аз ҷумла, ба шарофати ин дастовард, яъне ба даст овардани истиқлолият, миллати тоҷик таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти азизамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муваффақиятҳои назаррасе ноил гардид, ки дар таърихи халқи мо ҳамтои худро надоранд.

sssОғози соли 1991 баъд аз пошхурии давлатҳои иттиҳоди шӯравӣ дар Тоҷикистони азизамон гирдоби ҷанги марговари шаҳрвандӣ ба вуқӯъ гирифтор шуд, тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ фалаҷ гардид ва давлатро бӯҳрони амиқи шадиди сиёсӣ фаро гирифт. Ҳазорҳо бинову корхона харобу валангор ва миллионҳо нафар сарсону саргардон ва бесарпаноҳ шуданд, ки ин омил ба шароити таълиму тарбия низ таъсири манфӣ расонд ва қисме аз муассисаҳои таълимӣ хароб гардиданд.

Ба бахти миллати тоҷикон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омаданд, ки 16 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ Раиси Шӯрои Олӣ ва сипас, Президенти кишвар интихоб шуданд ва бо ҷасорату ҳисси баланди ватандӯстӣ ба майдони корзор ворид шуда, чандин маротиба ҷони хешро дар хатар гузошта, бо мухолифин дар лаҳзаҳои ҳассос ҳамсуҳбат гардидаву баҳри таъмини сулҳу субот дар кишвар пайваста талош намуданд.

Раванди сулҳи тоҷикон худ воқеаи беназир аст, ки сабақҳои арзишманди он на танҳо дар дохили кишвар, балки дар саросари ҷаҳон мавриди истиқбол ва омӯзиш қарор гирифт. Истиқлол ормони ҳазорсолаи миллати тоҷик буд, ки он баъди ҳазорсолаҳо ҷомаи амал пӯшид ва имрӯз Давлати тоҷикон дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ соҳиби обруву эътибор ва нуфуз гардид.

Истиқлолияти давлатӣ барои мо имкон дод, ки баҳри ҳифзи забон, таърих ва фарҳанги ниёгони худ аҳамияти махсус диҳем. Чунки забони миллии мо ифодакунандаи таърих ва саргузашти миллат, воситаи муҳими вуҷудияти миллати тоҷик баҳри дарки ҳувияти ӯ дар тӯли асрҳо ба шумор меравад. Хушбахт фардест, ки бо вуҷуди сахтиву мушкилиҳо лаззати соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолиро дарк намояд. Ҳимоя ва пуштибонии ҳамин арзишҳои баланди маънавӣ рисолати таърихии ҳар як шаҳрванди бонангу номуси кишвари азизамон мебошад, зеро дӯстдорӣ ва парастиши ватан муҳимтарин вазифаи шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандии ҳар як сокини мамлакат, бахусус, наврасону ҷавонон мебошад.

Бо боварӣ метавон гуфт, ки ҳар як олиму омӯзгор ба қадри Истиқлолият, Ватан ва арзишҳои миллӣ мерасанд ва ҳамеша барои ободии меҳани худ кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Пешвои муаззами миллат дуруст моро ҳушдор дода таъкид месозанд: «Истиқлолиятро соҳиб шудан ҳанӯз кам аст; онро ҳифз намудан, пуштибонӣ кардан, тақвият бахшидан ва ҳамчун арзиши муқаддастарини давлату давлатдорӣ дарк намудан ва пос доштан зарур аст».

Аз замонҳои қадим халқи тамаддунофари тоҷик ба омӯзиши илму дониш таваҷҷуҳи зиёд дошта, бузургони илму адаб ба монанди Абуабдуллоҳи Рудакӣ, Абдулқосим Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Умари Хайём, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Абулқосим Лоҳутӣ, Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Носири Хусрав, Гулназар Келдӣ ва дигарон дар инкишофи илм дар сарзамини тоҷик хидматҳои бузург кардаанд.

Ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ инчунин, барои тавсеяи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 - 2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон карда шуд. Боварии комил дорем, ки ин иқдом ба рушди тафаккури техникӣ ва тавсеяи ҷаҳонбинии илмии ҷомеа такони ҷиддӣ мебахшад.

Барои бештар ҷалби наврасон ва ҷавонон аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм-фурӯғи маърифат» ва ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров соли 2023 озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» эълон карда шуд.

Бо назардошти пешрафти рӯзафзуни илму техника дар ҷомеаи муосир раванди дигари ислоҳоти соҳаи илму маорифро аз бар намудани донишҳои муосир, азхудкунии фанҳои дақиқ, вусъат додани раванди ихтироъкориву навоварӣ дар ҷодаи илмҳои дақиқ, азхудкунии технологияи инноватсионӣ ва ҷорӣ кардани онҳо дар истеҳсолот, пайваста омӯхтани забонҳои хориҷӣ ва рушди тафаккури техникии ҷомеа, бахусус насли ҷавон, омӯзиши таҷрибаи байналмилалӣ, мутобиқ кардани нақшаву барномаҳои таълимӣ ба талаботи бозори дохиливу ҷаҳонии меҳнат ва гузариш ба меъёрҳои ҷаҳонии таҳсилот, бо усулҳои инноватсионӣ ба роҳ мондани пажӯҳишҳои илмӣ, баланд бардоштани нишондиҳандаҳои рушди неруи инсонӣ, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва таҳқиқи масъалаҳои иқтисоди рақамӣ фарогир аст.

Дар замони соҳибистиқлолӣ илми тоҷик низ рушд ёфта, ҳамкориҳои илмӣ бо аксар кишварҳои хориҷӣ роҳандозӣ шудааст, ки муҳаққиқони тоҷик дар асоси шартномаҳои тарафайн баҳри татбиқи натиҷаҳои амалии дастовардҳои илмиашон фиристода мешаванд. Муҳаққиқони варзида аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ пайваста ҳавасманд гардонида мешаванд. Таъсиси Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника ва Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ, аз ҷумлаи ин иқдомҳост, ки ҳамасола ба олимони ҷавон супорида мешавад. Барои олимону омӯзгорони фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ ҷоизаи махсуси давлатӣ таъсис дода шуд, ки ҳар сол 15 нафар беҳтаринҳо метавонанд соҳиби он гарданд.

Маҳз бо дастгири ва пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2017, №270 Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъсис дода шуд. Мақсади асосии Марказ ташкил ва гузаронидани таҳқиқоти илмии бунёдӣ ва амалӣ дар самтҳои омӯзиши масъалаҳои маводшиносӣ, истеҳсоли мавод, технология ва таҷҳизоти нав, иқтисодиёт, технологияҳои инноватсионии дорушиносӣ, дорусозӣ ва пизишкӣ, технологияҳои компютерӣ, инчунин татбиқи дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионии барои рушди мамлакат муҳим, омода намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ мебошад.

Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар самти татбиқи натиҷаҳои илмӣ дар истеҳсолот пайваста корбари намуда ба як қатор дастовардҳо ноил гаштааст.

Бояд қайд намуд, ки олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пайваста мақолаҳои илмии худро дар маҷаллаҳои бонуфузи ҷаҳон ба нашр расонида ва дар конфронсҳои давлатҳои хориҷа ширкат варзида илми тоҷикро муаррифи намуда истоданд, ки гувоҳи аз рушди илм дар давраи истиқлолият медиҳад.

Бояд ҳамагӣ ба қадри талошу заҳматҳои Пешвои миллат бирасем, шукргузори аз замину фазову ҳавои меҳану сарзамини хеш кунем ва ҳама ҳамдилу яктан гашта дар ободонии ин диёри ҳамешасабз ва хурраму зебо заҳмат ба харҷ диҳем.

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии н.и.т., Раҳимов Фирӯз Акбарович