Падидаи ба вуҷуд омадани Моҳи калон (Суперлуна)
Дар як сол якчанд маротиба Моҳ, зоҳиран аз сохти муқаррариаш равшантар ва калонтар пайдо мешавад, ки ин падида Фавқулмоҳ номида мешавад. Намоёншавии моҳи калон — падидаи астраномие мебошад, ки ҳангоми наздикшавии Моҳ ба Замин ба амал омада, то 14% калонтар ва то 30% равшантар ба чашми мушоҳид намудор мегардад. Моҳ дар ин муддат аз рӯи масири ҳаракати худ дар масофаи наздиктарин ба Замин давр мезанад ва қариб ба 50 ҳазор километр наздиктар ба сайёраи мо воқеъ мегардад.
Бояд қайд намуд, ки нуқтаи наздиктарини мадори Моҳ ба Замин масофаи перигелӣ мебошад ва он аз сайёраи мо (Замин) дар масофаи 363,1 хазор километр дур ҷойгир аст. Инчунин нуқтаи дуртарини мадори Моҳ тақрибан дар масофаи 405,7 ҳазор километр аз Замин ҷойгир буда, масофаи афелӣ ном дорад.
Қобил ба зикр аст, ки ин падида ба саёраи Замин, саломатии инсон, техникаю технология таъсир надошта, инчунин боиси сарзадани офатҳои табиӣ низ намегардад. Яъне ба ягон омилҳои рӯизамини таъсир намерасонад, аз ин рӯ инсоният метавонад беташвиш бошад, зеро ин як ҳодисаи маъмули астрономӣ мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки мафҳуми "Фавқулмоҳ" истилоҳи илмӣ набуда балки он астрологӣ мебошад. Ин истилоҳ англисӣ “super moon” буда, бори аввал дар соли 1979 онро астроном Ричард Нолле истифода карда буд. Ин истилоҳро аз соли 2011 дар нашрияҳои илмӣ-оммавӣ мавриди истифода қарор додаанд.
Тавсифи расмии ин падида ба монанди системаи “Замин – Моҳ – Офтоб” мебошад, ки ҷойгир шавии се ва ё зиёда ҷирмҳои осмониро дар як сатр ба ҳам пайвастаро мефаҳмонад. Астрономҳо инчунин истилоҳи «Моҳи пурра дар перигелӣ»-ро истифода мебаранд, ки маркази ҳамсафар аз маркази Замин камтар аз 360 ҳазор километр доро бошад.
Моҳи пурра ё моҳи нав низ метавонад дар осмон пайдо шавад. Чунин падидаҳоро Микромоҳҳо меноманд. Дар ин вақт Моҳ аз Замин дар масофаи дуртарини худ ҷойгир мешавад. Аз сабаби дурии зиёд Моҳ назар ба намуди муқаррарии худ хурдтар намуддор мегардад.
Бояд донист, ки давраи Фавқулмоҳ 413 рӯз давом мекунад. Он дар асоси моҳҳои камарӣ ва аномалистӣ ҳисоб карда мешавад.
Моҳи қамарӣ ба 29,53059 шабонарӯз баробар буда, Моҳи аномалӣ бошад ба 27,55455 шабонарӯз баробар аст.
Ҳарду давраҳо дар ҳар14 моҳ ва15 моҳи аномалистӣ рост меоянд. Ба ҳисоби миёна, дар як сол аз се то шаш Фавқулмоҳ мушоҳида мегардад.
Падидаи Фавқулмоҳ муддати се-чор рӯз тамоми шаб метавонад давом кунад. Аммо мушоҳид бо чашми оддӣ дар гумон аст, ки фарқиятро аз Моҳи пурра пайхас намояд, аз ин рӯ барои беҳтар намудани мушоҳидаи ин падида, мушоҳид бояд бо худ телескоп дошта бошад. Мушоҳид инро бояд донад, ки андозаи “Моҳи калон” аз Моҳи пурра калон набуда, фақат бо наздик шудан ба Замин бузург ба чашм менамояд.
Дар соли 2024 ин падидаи астрономӣ 19 август, 18 сентябр,17 октябр ва 16 ноябр мушоҳида мешавад.
Дар падидаи Фавқулмоҳи 17 октябри соли равон андозаи диски Моҳ назар ба Моҳи муқаррарии пурра 7,9% калонтар ва 15,7% равшантар буда, он аз Замин дар масофаи 357.172 хазор километр дуртар воқеъ мегардад.
Падидаи Фавқулмоҳ санаҳоии 17-18 -уми октябри соли 2024 тавассути телескопи АЗТ-8 дар Расадхонаи астрономии Ҳисор аксбардори гардид.
Муалифон: Бӯризода А.М., Ҳамроев У.Х., Аюбов Д.Қ.