ДАЛЕЛҲО ДАР БОРАИ ТАЪРИХИ ШАҲРИ САРАЗМ
Саразм ягона ёдгории аҳди энеолит ва ибтидои асри биринҷӣ дар Мовароуннаҳр буда, ба миёнаи ҳазорсолаи IV ва ибтидоиҳазорсолаи III то мелод мансуб аст, ки дар ин давра тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон ташакулёфтааст.
Саразм
Саразм яке аз нодиртарин ёдгориҳои бостоншиносист, ки харобаҳои он дар 15-километрии ғарби Панҷакент ва 45-километрии шарқи Самарқанд кашф шудааст. Ин мавзеъро тирамоҳи соли 1976 бостоншинос Абдуллоҷон Исҳоқов кашф карда буд ва солҳои зиёд таҳти роҳбарии ӯ мавриди омӯзиш қарор гирифтааст.
Майдони аслии ёдгорӣ тақрибан 100 гектар буд. Дар таърихи инкишофи шаҳр чаҳор давраи пай дар пайи хронологӣ мавҷуд аст, ки бо таҳлилҳои радиокарбон муайян шудаанд: давраи I - 3500-3300 пеш аз милод; давраи II - 3300-3000 пеш аз милод; давраи III - 3000-2700 пеш аз милод; давраи IV - 2700-1900 пеш аз милод. Шаҳр ба шукуфоии бузургтарини худ дар давраи охири энеолит ва асри биринҷӣ расида, тақрибан ҳазор сол сукунат дар ин шаҳр идома ёфта буд.
Дар тӯли солҳои таҳқиқ осори зиёде кашф шудааст, ки аз равобити тиҷорӣ ва фарҳангии Саразмиёни бостон бо марказҳои дури ҷаҳони қадим, аз қабили Ҳинд, Байнаннаҳрайн, Эрон ва Афғонистон шаҳодат медиҳанд. Бояд гуфт, ки Саразм аз лиҳози мавқеи ҷуғрофӣ дар байни ду намуди маданият – маданияти аввалин заминдорон ва маданияти кабилаҳои чорводор ҷойгир буд. Ба ибораи дигар, Саразм дар байни аҳолии заминдорони муқимӣ, созандагони аввалин шаҳрҳо ва қабилаҳои бодиянишини дашти Осиё, ки асосан ба чорводорӣ машғул буданд, ҷойгир шуда буд. Дар Саразм барандагони ин ду фарҳанги мухталиф на танҳо тиҷорат ва табодули мол, балки ҳамфикрӣ ҳам доштанд. Тахмин кардан мумкин аст, ки дар ин замина ду ҷаҳонбинӣ ба ҳам бархурданд, ки ба комёбиҳои нави тамаддун ибтидо гузоштанд.
Натиҷаҳои таҳқиқоти илмии Саразм дар бисёр симпозиумҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон (1979, 1994), ИМА (1981, 1986), Фаронса (1985), Олмон (1992), Эрон (2003), Италия (2007), Ҷумҳурии Мали мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. (2008) ва Чин (2010).
Аҳамияти дастовардҳои таърихию фарҳангии аҷдодони тоҷик дар тӯли таърих хеле бузург буда, бо тамаддунҳои пуршарафи бостонии Байнаннаҳрайн, Миср, Ҳиндустон ва Чин дар як саф қарор дорад. Бо дарназардошти далелҳои дар боло зикршуда соли 2010 ба феҳристи мероси фарҳангии ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил карда шуда, моҳи сентябри соли 2020 бошад таҷлили 5500-солагии Саразм ҳамчун маркази ташаккули фарҳанги кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрдорӣ инкишофи тоҷикон барпо гардид.
Маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботии ташкилотҳои “Ахтарон”, “Фотон”, “Риёзӣ”, “Зилзиласанҷ”-и КИИ “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар АМИТ
Мутобиқи банди 4.13 “Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” аз 15 майи соли 2024, №2 ва бо мақсади дар сатҳи сиёсию ташкилӣ баргузор намудани маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботии ташкилотҳои “Ахтарон”, “Фотон”, “Риёзӣ”, “Зилзиласанҷ”-и КИИ “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар АМИТ шуда гузашт. Бо пешниҳод ва ҷонибдории аъзоёни ташкилотҳои ибтидоии ҳизб раисони ташкилотҳо Буризода Анвар, Раҳимзода Алишер, Аминзода Пулод, Зарипов Афзаллшо азнав интихоб карда шуданд.
Ҳисоботи шашмоҳаи ташкилотҳои ҳизбӣ шунида шуда, қарори дахлдор қабул карда шуд ва номзадии вакилонро ба конференсияи шашуми ҳисоботӣ-интихоботии КИИ “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар АМИТ пешниҳод карда шуданд.
Дар суханронии муовини раиси КИИ “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар АМИТ Ширин Қурбонова оиди саҳми Пешвои миллат дар барқарор намудани сулҳу субот дар ҷумҳурӣ дар бораи ҷумҳуриро ба як давлати амну обод барқарор намудан шунида шуд. Аз номи Раиси КИИ “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар АМИТ узви вобастаи АМИТ аъзоёни кумитаро бо ин иди тақдирсози миллат табрик карда шуд.
Аксҳо замима мегарданд:
Бахшида ба 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ Маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботии ташкилотҳои “Яхшинос”, “Афканишот”, “Энергияи сабз”, “Меросдор”-и КИИ “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар АМИТ
Мутобиқи банди 4.13 “Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” 18 июни соли 2024 дар КИИ “Хирадмандон”-и ҲХДТ маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботии ташкилотҳои “Яхшинос”, “Афканишот”, “Энергияи сабз”, “Меросдор” шуда гузашт. Бо пешниҳод ва ҷонибдории аъзоёни ташкилотҳои ибтидоии ҳизб раисони ташкилотҳо Қодиров Анвар, Мирсаидзода Илҳом, Қаюмов Абдулҳамид, Давлатзода Маҳмадкарим азнав интихоб карда шуданд.
Ҳисоботи шашмоҳаи ташкилотҳои ҳизбӣ шунида шуда, қарори дахлдор қабул карда шуд ва номзадии вакилонро ба конференсияи шашуми ҳисоботӣ-интихоботии КИИ “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар АМИТ пешниҳод карда шуданд.
Тавре иттилоъ дорем ҳафтаи сипаригардида бо ташббуси Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва бо ибтикори Академияи хурди илмҳо кушодашавии 45- умин Сессияи баҳории Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон бо иштироки як қатор роҳбарони сохторҳои гуногуни давлатӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур тамоми аъзоёни Академияи хурди илмҳо аз тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ иштирок намуданд. Дар раванди иштирок аъзоёни фаъол аз рӯи равияҳои интихобнамудаашон баромад намуда, аз ҷониби ҳайати доварон баҳогузорӣ гардиданд.
Имрӯз (14.06.2024) зимни баргузории Конференсияи ҷумҳуриявии илмию – амалӣ дар мавзуи “Робитаи илм бо истеҳсолот – тақозои замон” иштирокчиёни фаъоли 45- умин Сессияи баҳории Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон ба аъзогии узви вобаста ва пайваста қабул гардиданд. Дар ин чорабинӣ аз ҷониби роҳбарият ва меҳмонон аъзоёни фаъоли Академияи хурди илмҳо бо шаҳодатномаҳои узви вобаста ва пайваста сарфароз гардонида шуданд.
Чанде пеш бо дастуру супоришҳои президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва бо ибтикори Институти фалсафа сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳовиддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озмуни беҳтарин донандаи Конститутсия байни магистрантон ва докторантон роҳандозӣ гардида буд.
Ҳадаф аз баргузор намудани озмуни мазкур ҷалб намудани олимони ҷавон ба омузиши донишҳои сиёсиву дарки моҳияти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар доираи ин имсол дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» соли 2024 ҳамчун “ Соли «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардида буд.
Имрӯз (14.06.2024) зимни як ҳамоиш озмуни беҳтарин донандаи Консититусия дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷамъбаст гардида, ғолибон дар ҷойҳои якум дуюм ва сеюм муайян шуда, аз ҷониби роҳбарияти академия бо диплом ва дигар туҳфаҳо қадршиносӣ гардиданд.
14 июни соли равон дар ҳошияи мулоқоти Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар, ки санаи 30 – уми майи соли равон баргузор гардида буд бо ташаббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмию – амалӣ дар мавзуи “Робитаи илм бо истеҳсолот – тақозои замон” баргузор гардид.
Дар баргузории конфронс мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа - Масрур Абдуллозода ва олимону кормандони муассисаҳои илмю таҳқиқотӣ иштирок намуданд.
Ба кори конфронс президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро ба маркази илми тоҷик хайрамақдам гуфта, қайд намуданд, ки мусаллам аст, ки иқдоми пешгирифтаи мо кормандони академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар самти муаррифии дастовардҳои олимон, на танҳо тамошои намоишгоҳ, балки бо мақсади татбиқи натиҷаҳои илм дар истиеҳсолот ва густаришу тақвияти ҳамкориҳои корхонаву муассисаҳо ва ширкатҳои истеҳсолӣ бо муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон равона карда шудааст ва ҳамзамон бо боварӣ гуфта метавонем, ки олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамаи ин дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ намуда, дар бартарафнамоии камбудиву норасоиҳо ҷойдошта кушиш ба харҷ хоҳем дод.
Ҳамзамон сухани навбатиро ба мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа - Масрур Абдуллозода доданд. Мавсуф дар баромадаш оид ба таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон дар самти илм изҳори ақида намуда, таъкид доштанд, ки ҳар он дастуре ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон дар самти илм буд, баҳри дар амал татбиқ намудани он дастурҳо камари ҳиммат бояд баст.
Имрӯз (13.06.2024) дар толори Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ дар партави суханронии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар сурат гирифт. Дар ибтидо директори Марказ Раҳматкарим Давлатов нуктаву хулосаҳои асосии суханронии Пешвои миллат, марҳалаҳои омӯзиш ва роҳҳои амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллатро барои рушди илми тоҷик бо мисолу далелҳои мушаххас шарҳ дод. Аз ҷумла, зикр шуд, ки бояд баҳри татбиқи дастуру пешниҳодҳои Пешвои миллат барномаву лоиҳаҳои мушаххас таҳия гарданд, ки суръату сифати ислоҳоти сохторҳои илмиро таъмин намоянд. Зеро дар ин мулоқоти тақдирсоз самтҳои асосии рушди илми тоҷик барои ояндаи наздик пешниҳод гардиданд.
Сипас, иштирокчиёни мулоқот С.Ализода, А.Муҳаммадиев, М.Ғиёсиев, Ш.Ёраҳматзода нуктаву хулосаҳои асосии дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарм Эмомалӣ Раҳмонро баҳри татбиқ дар рушди илми матншиносӣ, ҳифз, таҳия ва оммавигардонии мероси хаттӣ иброз намуданд.
Боиси ифтихор аст, ки Пешвои муаззами миллат дар суханронии худ муассиса ва марказҳои илмии даврони Истиқлолро чун дастоварди муҳим ёдрас намуданд: Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат аз соли 2001 то соли 2019 дар сохтори Академияи миллии илмҳо бо роҳи азнавташкилдиҳӣ муассисаҳои нави илмиву таҳқиқотӣ – пажӯҳишгоҳҳои масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология, иқтисод ва демография, фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ, Маркази илмии Хатлон, Маркази синошиносӣ дар назди Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ таъсис дода шуданд.
Ҳамчунин, таъсиси пажӯҳишгоҳи омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо, Маркази мероси хаттӣ, Маркази инноватсионии рушди илм ва технологияҳои нав, Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионӣ ва Маркази омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои ҳамин давра мебошанд.
Дар фарҷом, олимону кормандони Маркази мероси хаттӣ тасмим гирифтанд, ки дар партави суханрониҳои Пешвои муаззами миллат бо аҳли илму маорифи кишвар нақша-чорабиниҳои дарозмуддат ва барномаҳои татбиқи илм дар амалияро таҳия намуда, бар асоси он ҷиҳати ислоҳи вазъият талош намоянд.
Мизи мудаввар дар мавзуи "Дурнамои рушди илми таърихи ватанӣ (дар ҳошияи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аҳли илм ва маорифи кишвар)"
13 июни соли ҷорӣ дар толори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар атрофи мулоқоти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар мизи мудаввар баргузор гардид. Дар он роҳбарият, олимон ва дигар кормандони Институт иштирок намуданд.
Ҷамъомадро директори Институт доктори илмҳои таърих, профессор Убайдулло Н.К. ифтитоҳ намуда, пас аз сухани муқаддимавӣ суханро ба ходими пешбари илмии шуъбаи таърихи навтарин номзади илмҳои таърих Ҷ.А. Мирзоев дод. Мавсуф зимни баромади худ оид ба нуктаҳои муҳимми суханронии Сарвари давлат, хусусан масоили тарбияи ҷавонон, ҷалби ҷавонон ба илм ва дигар паҳлӯҳои ин масъала андешаронӣ намуд.
Сипас мудири шуъбаи таърихи илм ва техника номзади илмҳои таърих А. Шарифзода ва доктори илмҳои таърих, профессор, Узви вобастаи АМИТ Ҳ. Пирумшоев баромад намуда, андешаҳои худро перомуни суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён карданд ва масъалаҳои дар суханронии Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баёншударо мубрам арзёбӣ намуданд. Дар баромадҳо махсусан мавзуи баланд бардоштани сифати таълифи диссертатсияҳо мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.
Баъдан доктори илмҳои таърих, профессор А. Раҷабов, доктори илмҳои таърих, профессор Н.Б. Ҳотамов ва номзади илмҳои таърих, дотсент А. М. Ғафуров ба музокира баромада, масоили дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар таъкидшударо ниҳоят муфид ва саривақтӣ дониста, баён карданд, ки ҳалли камбудиҳои дар он зикргардидаро ба манфиати илму маорифи кишвар ва рушди тамоми соҳаҳои ҷумҳурӣ мешуморанд.
Аз кори мизи мудаввар директори Институт доктори илмҳои таърих, профессор Н.К. Убайдулло натиҷагирӣ намуда, доир ба сатҳи тайёр намудани кадрҳои илмӣ, ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимӣ, самарнокии кори олимони Институт, таълифи китобу мақолаҳо ва дигар масоили марбута сухан ронданд. Даъват карда шуд, ки ҳамаи вазифаҳои аз ҷониби Сарвари давлат дар назди Институт гузошташуда бояд саривақт ҳалли худро ёбанд.
Дар Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзуи “Саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди илм” баргузор гардид.
Мизи мудаввар дар ҳошияи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар ташкил ва гузаронида шуд.
Дар мизи мудаввар кормандони Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ширкат варзида, фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.

