Skip to main content

Тавре иттилоъ дорем ҳафтаи сипаригардида бо ташббуси Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва бо ибтикори Академияи хурди илмҳо кушодашавии 45- умин Сессияи баҳории Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон бо иштироки як қатор роҳбарони сохторҳои гуногуни давлатӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур тамоми аъзоёни Академияи хурди илмҳо аз тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ иштирок намуданд. Дар раванди иштирок аъзоёни фаъол аз рӯи равияҳои интихобнамудаашон баромад намуда, аз ҷониби ҳайати доварон баҳогузорӣ гардиданд.

Имрӯз (14.06.2024) зимни баргузории Конференсияи ҷумҳуриявии илмию – амалӣ дар мавзуи “Робитаи илм бо истеҳсолот – тақозои замон” иштирокчиёни фаъоли 45- умин Сессияи баҳории Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон ба аъзогии узви вобаста ва пайваста қабул гардиданд. Дар ин чорабинӣ аз ҷониби роҳбарият ва меҳмонон аъзоёни фаъоли Академияи хурди илмҳо бо шаҳодатномаҳои узви вобаста ва пайваста сарфароз гардонида шуданд.