Skip to main content

Имрӯзҳо (10-13 июни соли 2024) дар дар шаҳри Душанбе, Пойтахти азизамон Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор", солҳои 2018-2028 дар ҳошияи РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ баргузор шуда истодааст.

11 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ифтитоҳ бахшида, суханронӣ карданд.

Дар навбати худ, кормандони Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар кори конференсияи мазкур фаъолона ширкат варзида истодаанд.

Аз ҷумла, имрӯз (12.06.2024 с.) директори Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дотсент Кодиров А.С. дар Ҷаласаи шабакаи ҷомеаи академӣ: Истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои об дар Осиёи Марказӣ дар шароити тағйирёбии иқлим, ки дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва дар мавзуи “Лоиҳаҳои инноватсионии вобастаста ба идоракунӣ ва сифати захираҳои обӣ” суханронӣ хоҳад кард.

Санаи 31-уми майи соли 2024 дар Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи байналмиллалӣ оид ба мавзӯи «Праблемаҳои муосири математика ва тадбиқи он» бахшида ба «Бистсолагии омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» баргузор гадид.

Сарравал конфресияро директори Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ номзади илмҳои физикаю математика Раҳимзода А.О бо маърузаи худ ҳусни оғоз бахшиданд. Инчуни, оиди ғамҳориҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола зимни ироаи Паёмҳои худ ба Парлумони мамлакат ба соҳаи илму маориф пайваста зоҳир намуда, нақши басо ҳам калидӣ доштани соҳаи илмҳои дақиқ, хусусан фанни математикаро дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ҳамзамон омода намудани мутахассисони баландихтисосро борҳо таъкид намудаву мунтазам дар ин хусус зимни мулоқоту вохӯриҳояшон ба таври пайваста доир ба рушди соҳаи мазкур бо олимон андешаҳояшонро баён менамояд, қайд намуданд.

Ҳамчунин, Раҳимзода А.О аз мавриди муносиб истифода бурда, иштирокчиёни конфренсияро барои иштироки фаъолона ва инчунин таваҷҷуҳ зоҳир намуданашон дар рафти баргузории ин гуна ҷамъомади муфиди имрӯза аз номи презденти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон муҳтарам Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва ноиби президенти АМИТ Амонзода И Т., арзи сипоси изҳор намуданд.

Дар конфренсия аз аҳли илм академикони АМИТ Рахмонов З.Х., Илолов М., Шабозов М.Ш. ва якчанд профессорону докторон Исхоков С.А., Курбонов И., Джангибеков Г. ,Хасанов Ю.,Каримов О.Х., Хайруллоев Ш. ва инчунин номзадони илмҳои физикаю математика, магистирон ва ходимони илмӣ иштирок варзиданд ва бо маърӯзаҳои илмиашон баромад намуданд.