Skip to main content

Имрӯз, 23 май дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Механизмҳои иҷтимоии ташаккули ҳувияти аҳолӣ ва рушди сармояи иҷтимоӣ» баргузор гардид. Конференсия аз ҷониби Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинов, бо ташаббуси шуъбаҳои сотсиология ва фалсафаи иҷтимоӣ роҳандозӣ шуд ва дар он намояндагони зиёда аз 20 муассисаи илмӣ ва таълимии Тоҷикистон, Федератсияи Россия, Беларус ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок намуданд.

Мавзуи марказии конференсия – «Механизмҳои иҷтимоии ташаккули ҳувияти аҳолӣ ва рушди сармояи иҷтимоӣ» – ба таҳқиқи равандҳои мураккаби тағйироти иҷтимоӣ дар ҷомеаи муосир бахшида шуда буд. Ҳадафи асосии конференсия дарёфти роҳҳои таҳкими ҳамгироии иҷтимоӣ, ҳифзи ҳувияти миллӣ, баланд бардоштани сатҳи сармояи инсонӣ ва иҷтимоӣ дар асоси таҳлили таҳаввулоти замони истиқлол мебошад.

Бо сухани ифтитоҳӣ Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. баромад намуда, аҳаммият ва замонавӣ будани мавзуи конференсияро дар заминаи воқеияти иҷтимоии ҷомеаи муосири Тоҷикистон таъкид намуданд. Дар ҷараёни конференсия маърузаҳои муҳимми олимони шинохтаи ватанӣ ва хориҷӣ (аз Россия ва Ӯзбекистон) шунида шуданд.

Пас аз маърузаҳо муҳокимаи фаъол сурат гирифт, ки дар он масъалаҳои муҳим, аз ҷумла таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ ба ҳувияти миллӣ, нақши ВАО, фарҳанг, маориф ва муҳоҷират дар шаклгирии сармояи иҷтимоӣ ва ҳувияти шаҳрвандӣ муҳокима шуданд.

Дар фарҷоми конференсия иштирокчиён пешниҳод карданд, ки ҳамкориҳои илмии байниинститусионалӣ тақвият дода шуда, таҳқиқотҳои муштараки байниминтақавӣ дар мавзуҳои ҳувият, сармояи иҷтимоӣ ва устувории ҷомеа гузаронида шаванд.

Кори конференсия баъд аз танаффус дар бахшҳои соҳавӣ идома ёфт, ки дар онҳо зиёда аз 70 маърузаи илмӣ дар мавзуъҳои гуногун – аз таҳаввулоти ҳувияти миллӣ ва касбӣ то рушди маориф ва таҳкими арзишҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ – ироа ва муҳокима гардиданд.

Имрӯз, 16 май дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони “Ҳифзи гуногунии биологӣ ва экосистема дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштирок президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафири Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Душанбе ва олимону муҳаққиқон баргузор гардид.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт зимни суханронии хеш таъкид дошт, ки экосистемаҳои кӯҳии Тоҷикистон дар таъмини оби кишварҳои Осиёи Марказӣ нақши калидӣ доранд. Бояд гуфт, ки дарёи калонтарин дар Осиёи Марказӣ Амударё аз дарёҳои кӯҳии Тоҷикистон сарчашма мегирад ва муҳимтарин манбаи оби тоза барои тамоми минтақа мебошад.

Гуфта шуд, ки Тоҷикистон ҳамчунин кишвари кӯҳистон дорои захираҳои нодири табиӣ дар ҳифзи экосистемаҳои Осиёи Марказӣ нақши калидӣ дорад. Аз қаламрави кишвар роҳҳои аҳамияти байналмилалӣ дошта мегузарад.

Таъкид гардид, ки гуногунии биологӣ асоси ҳаёт дар сайёраи мост. Он хизматҳои зиёди экологиро аз нигоҳдории иқлим то амнияти озуқаворӣ пешкаш мекунад. Ҳифзи гуногунии биологӣ кӯшишҳои муштаракро дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ талаб мекунад.

Зикр гардид, ки дар ин шароит ҳамкорӣ бо мутахассисони Ҷумҳурии федеративии Олмон аҳамияти махсус пайдо мекунад. Ҳамзамон итминон карда шуд, ки кори муштарак оид ба ҳифзи гуногунии биологӣ ва хидматрасониҳои экосистема уфуқҳои навро барои тадқиқоти илмӣ ва ҳалли амалӣ, ки самаранокии ҳифзи муҳити зистро дар кишвари мо ва дар маҷмуъ дар Осиёи Марказӣ афзун мекунад, боз мекунад. Дар ҳошияи ин иқдом рӯзҳои 29-31 май дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор мешавад.

Бояд гуфт, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 2 майи соли 2024 Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо қабули қатънома санаи 24- уми майро “Рӯзи байналмилалии Морхур” эълон намуд, ки яке аз ҷашнҳои умумиҷаҳонӣ маҳсуб мешавад.

Ёдовар мешавем, ки масъалаҳои ҳифзи гуногунии биологӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои биологӣ яке аз самтҳои афзалиятноки таҳқиқотиҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҳсуб мешаванд. Дар ин замина Олимони Институти ботаника, физиология ва генетикаи растанӣ, Институти зоология ва паразиталогия ва Институти биологии Помир барои омӯхтани гуногунии наботот ва ҳайвонот, ресурсҳои генетикӣ ва биологии Тоҷикистон таҳқиқотҳои комплексӣ мегузаронанд. Инчунин, олимони соҳаи биологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар асоси таҳлили маълумотҳои илмии чандинсолаи ҷамъовардашуда моҳи декабри соли 2024 нашри сеюми Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистонро омода ва нашр намуданд, ки дар он оид ба 304 намуди растанӣ маълумот мавҷуд аст.

Дар идома олимону муҳақиқиони соҳаи биологияи кишварҳои Тоҷикистон ва Олмон доир ба мавзуҳои “Мушкилоти биоиқтисод дар давраи тағйирёбии иқлим ва гум шудани гуногунии биологӣ”, “Мушкилот дар соҳаи экологияи ландшафтӣ ва банақшагирии истифодаи замин дар давраи тағирёбии иқлим ва талафоти гуногунии биологӣ”, “Ҳамкории кунунӣ ва ояндадор дар доираи мавзӯи конфронси байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Германия” маъруза намуданд.

Имрӯз, 06 май дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 80- солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии “Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар Ғалаба бар фашизм” баргузор гардид.

Ба кори конфронс ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд ҳусни оғоз бахшида, ҳамзамон доир ба шуҷоату далерии қаҳрамононаи мардуми тоҷик дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ изҳори андеша намуд.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар суханронии муқадимавии хеш иброз дошт, ки дар таърихи миллати тоҷик ғалаба бар фашизм ҳамин гуна як рӯйдоди хотирмону мондагор аст.

Гуфта шуд, ки ҷоннисориҳои падарону бобоёни мо дар замони ҷанги дуюми ҷаҳонӣ чи дар ақибгоҳ ва чи дар хати фронти ҷанг фаромӯшнашуданист. Аз ин рӯ, санаи пирӯзӣ бар фашизм, ки омили сулҳу оромӣ дар рӯйи олам гардид ва халқҳои гуногуни олам ба сӯйи озодӣ ва зиндагии осудаву созанда роҳ гирифтанд, барои миллати тоҷик санаи хотирмон аст. Зеро ҷанговарон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли ҷанги чандсолаи гӯшношуд ҷасуронаву қотеона иштирок карда, аз худ қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон додаанд.

Бояд гуфт, ки ҳамасола таҷлили Рӯзи ғалаба як навъ арҷгузорӣ ба қаҳрамониҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва пос доштани хотироти неки шаҳидони ин ҷанги хунину хонумонсӯз мебошад.

Ҷойи таъкид аст, ки қатлу куштору бераҳмии солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки падарону бобоёни мо шоҳиди воқеии ин ҳодисаҳои гӯшношунид гаштаанд, барои насли имрӯза дарси ибрат аст.
Ҳамаи мо фаромӯш накунем, ки ҷанг дар ҳар шаклу усуле набошад, ба инсон бадбахтӣ меорад. Танҳо сулҳ аст, ки саодати инсонро эҳдо мекунад. Мояи дарку фаҳми баланд аст, ки аз имрӯзи худ, аз давлати тинҷу ором ва хотири ҷамъу хонаи ободи хеш шукрона кунем ва баҳри пешрафту шукуфоии Ватани азизамон – Тоҷикистон раъйи дуруст ва дасти созанда дошта бошем.

Дар идомаи конфронс олимону муҳаққиқон дар суханрониҳои хеш аз қаҳрамониҳои падарону бобоёнамон дар Ғалаба бар фашизм ёдовар гардида, қаҳарамонию ҷасурӣ ва далерии онҳоро васф намуданд.

Имрӯз, 23 апрел дар толори Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Дурнамои истифодаи технологияҳои ҳастаӣ ва мушкилоти бехатарии радиатсионӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ» баргузор гардид.

Ба кори конфронс академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мирсаид Улмасов ҳусни оғоз бахшида, ташрифи меҳмононро ба ин даргоҳ хайрамақдам гуфт.

Дар суханронии муқадимавии хеш президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт таъкид дошт, ки конфронси «Дурнамои истифодаи технологияи ҳастаӣ ва мушкилоти бехатарии радиатсионӣ дар Осиёи Марказӣ» аз ҷониби Шӯрои байналмилалии собиқадорони энергетика ва саноати атомӣ (ICVENI) ва Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташкил карда шудааст.

Гуфта шуд, ки конфронси мазкур дар шаҳри Душанбе мутахассисони намоён – собиқадорони саноати ҳастаии як қатор кишварҳоро, ки бо масъалаҳои мубрами истифодаи технологияи ҳастаӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ фаъолият менамоянд, ҷамъ овард.

Бояд гуфт, ки маҳз ин ҷамъомад дар роҳи ҳалли як қатор масъалаҳои тезутунди энергетикаи атомӣ кори муҳимро амалӣ сохта, ба мақсадҳои осоишта истифода бурдани технологияи ядроӣ мусоидат мекунад. Ҳамзамон ба бехатарии технологияи ядроӣ мусоидат намуда, ба нигоҳ доштан ва ба наслҳои наврас додани донишҳои ядроиро таъмин менамояд.

Таъкид гардид, ки конфронс мазкур барои кишвари мо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ як рӯйдоди муҳим аст, зеро дар он масъалаҳои мубрами истифодаи нерӯи ҳастаӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, бо назардошти он, ки дар Узбекистон сохтмони нерӯгоҳи атомӣ, Қазоқистон ба сохтмони нерӯгоҳи ҳастаӣ шурӯъ шудааст ва Қирғизистон бо Росатом ёддошт дар бораи бунёди нерӯгоҳи барқи атомии камқувватро ба имзо расонидааст. Дар Тоҷикистон низ масъалаи бунёди нерӯгоҳи хурди ҳастаӣ баррасӣ мешавад.

Дар идомаи конфронс олимону муҳаққиқон аз Тоҷикистон ва коршиносон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, Русия, Муғулистон, Беларус ва дигар давлатҳо доир ба масъалаҳои экологии технологияҳои ҳастаӣ, барқарорсозии объектҳои мероси ҳастаӣ ва рушди энергетикаи атомӣ маъруза намуданд. Ёдовар мешавем, ки конфронси мазкур аз санаи 22 оғоз ёфта, то санаи 24 апрели соли равон идома хоҳад ёфт.

Имрӯз, 2 апрел дар Акдемияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи илмю назариявӣ дар доираи “Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик” бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)”, “Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», «Солҳои рушди иқтисоди рақамаӣ ва инноватсия» (солҳои 2025-2030), «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» (соли 2025) ва 700 солагии бузургтарин шоири ғазалсарои тоҷику форс Ҳофизи Шерозӣ (соли 2025) баргузор гардид.

Ба кори конфронс президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳусни оғоз бахшида, бо сухани муқадимавии хеш, ба олимону кормандон “Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик”- ро хайру мақдам гуфта, ба онҳо дар ҷодаи илм барору комёбӣ ва барои ба даст овардани натиҷаҳои назаррасро дар ин самт таъкид намуд.

Гуфта шуд, ки “Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик” фурсати хубе барои табодули андешаву дастовардҳои илмии ҳайати олимони академия ва таҳрикбахше дар ростои машғул шудан ба пажӯҳишҳои илмист. Ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ инчунин, барои тавсеяи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 - 2040 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шудааст. Ин иқдом ба рушди тафаккури техникӣ ва тавсеяи ҷаҳонбинии илмии ҷомеа такони ҷиддӣ мебахшад.

Таъкид гардид, ки имрӯз маводҳои олимону муҳаққиқони муассисаҳои илмӣ таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар портали РИНС ворид карда шуданд, ки дар маҷмуъ Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар мақоми аввал қарор гирифт.

Дар идомаи конфронс ноибони президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вобаста ба мавзуҳои тахассусӣ маъруза намуданд.

Дар интиҳо президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба кори конфронс хотима бахшида зикр дошт, ки иқдоми наҷиб, яъне, «Солҳои рушди иқтисоди рақамаӣ ва инноватсия» (солҳои 2025-2030) эълон гардидан ба дурнамои неки рушди иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд. Зикр шуд, ки барои пешбурдани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар ин самт бо дастгириҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Институти иқтисодиёт ва демография азнавсозӣ гардида, барои олимону муҳаққиқони самти иқтисодӣ шароити хуби корӣ фароҳам оварда мешавад.

Дар ибтидо, Конференсияи илмю назариявӣ дар доираи “Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик” кушода эълон гардид.

”Вобаста ба эълон шудани соли 2025 “Соли ҳифзи пиряхҳо”, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон нақша – чорабиниҳо барои баргузории конфронсу симпозиумҳо тартиб дода шудааст.

Санаи 27 феврали соли равон бо мақсади дар амал татбиқ намудани нақша – чорабинии болозикр бо ташаббуси Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ ва Институти Омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ Конференсияи байналмилалии илмӣ – амалӣ дар мавзуи “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва арзёбии илмии равандҳои криосфера” баргузор гардид.

Дар баргузории конфронс муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёр Шукурзода, ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Амонзода Илҳом Темур ва роҳбарону мутахассисони ниҳодҳои илмии кишвар ва мутахассисони самти пиряхшинос аз хориҷи кишвар иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст, ба кори конференсия директори Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ Шерализода Назриало ҳусни оғоз бахшида, иштирокдорони конфронсро хайрамақдам гуфта, дарҷ намуданд, ки бо мақсади иҷроиши Нақшаи чорабиниҳои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷимкистон аз 31 августи соли 2023, № 407 дар бораи амалигардонии қатъномаи Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва оғози расмии он дар сатҳи байналмилалӣ мо тасмим гирифтем, ки бо мақсади баррасии мушкилоти глобалӣ, вобаста ба тағирёбии иқлим ва таъсири он ба пиряхҳо ва криосферия дар минтақа ин конфронсро роҳандозӣ намоем.

Дар идома муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёр Шукурзода, ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Амонзода Илҳом Темур, директори Агентии амнияти химиявӣ, бологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ Мирсаидов Илҳом, директори Институти Омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ Ҳайдарзода Рустам Ҷӯра ва дигар олимону мутахассисони соҳа оид ба мавзуи интихобшуда маърӯзаҳои пурмазмун намуда, барои ёфтани роҳи ҳалли мавзуи интихобшуда маълумотҳои амиқу дақиқ пешниҳод намуданд.

Таҳти чунин унвон имрӯз (25.02.2025) дар толори маҷлисгоҳи Маркази мероси хаттии Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ташаббуси Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи "Масоили мубрами фаъолияти қонунгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: ташаккулёбӣ, рушд ва дурнамо" бахшида ба 30-солагии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори Конференсия ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон – д.и.ф., профессор Саломиён М., Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ-намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Зариф, Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашуриён Музаффар Қурбонмаҳмадзода ва Директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ доктори илмҳои фалсафа, профессор Маҳмадизода Н.Д. иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳамчунин дар Конференсия олимони шинохтаи ҷумҳурӣ – Мудири шуъбаи моделсозии риёзии равандҳои динамики Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АМИТ доктори илмҳои физикаву математика, профессор, академики АМИТ Илолов М.И, н.и.ҳ Имомов Ашӯрбой Имомович ва узви вобастаи АМИТ, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон д.и.ҳ. профессор Раҳимзода Маҳмад Забир баромад намуданд.

Кори конфронс дар қисмати ифтитоҳӣ ва баъдан дар бахшҳо идома ёфта, доир ба масъалаҳои нақши Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккул ва рушди қонунгузорӣ, фаъолияти қонунгузории маҷлиси Олӣ сурат гирифта, мутахассисон дар доираи саволҳои пешниҳодгардида ба иштирокчиёни чорабинӣ посухҳои амиқу асоснок пешниҳод намуданд.

28 ноябри соли 2024, Директори Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ дар Конфронси сатҳи вазирони Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА) оид ба "Нақши Пешвои Муаззами Миллат дар таъсиси маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати ХБРЯ" суханранронӣ намуд.

Имрӯз (22.11.2024) бо ташаббуси Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ бахшида ба “Рузи байналмилалии фалсафа” дар мавзўи: “Рушди илмҳои фалсафӣ дар даврони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (бахшида ба 90-солагии академик М.Диноршоев) баргузор гардид.

Дар кори Конференсия ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон – д.и.филолог., профессор Саломиён М., Директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ доктори илмҳои фалсафа, профессор Маҳмадизода Н.Д., Раиси кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони, Маҷлиси олии ҶТ, д.и.ф. - Содиқӣ Н.Н., д.и.ф. Муҳаммадалӣ М., д.и.ф Самиев Б.Ҷ. ва Башир Азизӣ. – доктор PhD –и Институт иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳамчунин дар Конференсия олимони шинохтаи ҷумҳурӣ – д.и.с. Муҳаммад А.Н., д.и.ф. Ахмедов С. ва - д.и.т. А.Раҷабов суханронӣ намуда, паҳлўҳои гуногуни таҳқиқоти фалсафиро дар даврони истиқлол ва хусусиятҳои фаъолияти илмӣ-назариявии академик М.Диноршоевро баррасӣ намуданд.

Ҳамзамон, зикр гардид, ки асарҳои мавсуф дар асоси дастовардҳои навтарини илмӣ, бо истифода аз методологияи муосири таҳқиқоти илмӣ таълиф гардида, аз ҷумла, як нигоҳи тозае ба тасаввуфи минтақа ва умуман ба таълимоти ирфонӣ дар Шарқ мебошанд.

Мудири шуъбаи фалсамаи фарҳанг д.и.ф Самиев Б.Ҷ. иброз намуд, ки Мўсо Диноршоев - аз зумраи он инсонҳои наҷиб, донишманди пухтакору мондагор ва сермаҳсулу соҳибмақому соҳибмактаб буданд, ки мудом табъи болида, ҳиммати баланди инсонӣ, лаҳни фасеҳ ва зебоӣ гуфтор, нигоҳи неки нотакрор доштанд. Ҳамчун роҳбар бошад, кордон, тавоно, таҳаммулпеша, соҳибэҳтиром, сахтгир, вале мушфиқу ғамхор буданд.

Дар анҷоми Конференсия як зумра кормандони фаъоли Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ бахшида ба рӯзи байналмилалии фалсафа бо ифтихорномаи Директори Институт ва мукофотпулӣ қадрдонӣ шуданд.

Ҳамасола дар саросари кишвар 16- ноябр ҳамчун Рӯзи Президент ва Иҷлосияи 16- уми Шурои олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шаҳомати хоса таҷлил мешавад.

Имрӯз (15.11.2024) дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 16- ноябр Рӯзи Президент ва Иҷлосияи 16- уми Шурои олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаккули давлатдории миллӣ» баргузор гардид.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт зимни суханронии ифтитоҳӣ ҳозиринро ба муносибати ин ду санаи таърихӣ ва фархунда – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи таърихӣ табрику таҳният гуфта, таъкид дошт, ки Рӯзи Президент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо иди давлатӣ, балки рамзи таҳкими ваҳдати миллӣ, субот ва талош барои шукуфоии кишвар мебошад, ки ҳамасола дар сатҳи баланд аз ҷониби тамоми сокинони ҷумҳуруӣ самимона таҷлил карда шуда, дастовардҳои муҳимми кишварро дар давраи сипаригашта инъикос мекунад ва ҳамчун воситаи таҷассуми ҳувияти миллӣ ва сарвати фарҳангии халқи мо хизмат мекунад. Рӯзи Президент аз ҷониби шаҳрвандон ҳамчун ифодаи самимии эҳтиром ба Пешвои муаззами миллат – Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки иродаи халқро барои истиқлолият ва рушди давлат ифода мекунад, самимона пазируфта шудааст.

Таъкид доштанд, ки дар маҷмуъ, Рӯзи Президент дар Тоҷикистон ҷашни гуногунҷабҳаест, ки ҳувияти миллӣ, мероси фарҳангӣ ва кӯшиши мардумро барои ваҳдат ифода мекунад. Ин рӯзест, ки шаҳрвандони Тоҷикистон садоқати худро ба арзишҳои миллӣ ва эътимоду боварии худро ба ояндаи дурахшони кишварамон изҳор мекунанд. Ин ҷашн дар руҳияи ваҳдат ва ҳамбастагӣ сурат мегирад, ки аҳаммияти нигоҳ доштани сулҳу субот дар кишварро, ки барои рушди пайваста ва таъмини некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон зарур аст, таъкид месозад. Ин рӯз на танҳо нишонаи эҳтиром ба Президент, балки тантанаи ваҳдати миллӣ, хотираи таърихӣ ва некбинӣ нисбат ба ояндаи Тоҷикистон мебошад.

Ҳамагон шоҳиди онем, ки Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон ба раванди бунёди давлатдории миллӣ сарчашма гузошт ва абармади сиёсӣ Раҳмонов Эмомалӣ Шарифович чун вакили ҷавон ва дорои таҷрибаи баланди корӣ ба майдони сиёсат ворид гардида, Раиси Шурои Олӣ интихоб шуд.

Ин абармарди таърих миллатро аз марг ва давлатро аз парокандагӣ наҷот дода, кохи боҳашамати сулҳи тоҷиконро бунёд кард, низоми давлатдории муосирро асос гузошт ва тоҷиконро чун миллати дорои забон, фарҳанг ва таърихи қадима ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд. Аз ин ҷост, ки халқ ба ӯ унвони арзандатарин–Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллатро додааст.

Воқеан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд таҷрибаи хосаеро ба ҷаҳониён дар самти ҳалли осоиштаи низоъи шаҳрвандӣ ва муноқишаҳои сиёсӣ омӯзонанд. Ба ҷаҳониён собит намуданд, ки ақли солим, ҳадафи волои ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва бартарии манфиатҳои умумидавлатӣ нисбат ба манфиатҳои гурӯҳӣ метавонанд сулҳро дар мамлакат пойдор созанд.

Дар Академияи Вазорати Корҳои Дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон конфренсия дар мавзӯъи “Соли 2024 Соли маърифати ҳуқуқӣ, бахшида ба “30- солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ” ва “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф дар солҳои 2020-2040” баргузор гардид. Дар ин конфренсия директори Институти математики ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ н.и.ф.м. Раҳимзода Алишер Орзу иштирок варзида, дар мавзуи “Саҳми Пешвои миллат дар рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” баромад намуданд.

Инчунин н.и.ф.м. Раҳимзода А.О. аз тарафи муҳтарам Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамроҳ ва бо фармони Сардори Академияи ВКД ҶТ генерал-майори милитсия Насуриён Пулод Асадулло бо медали ҷашнии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.

31 октябри соли равон дар Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Нақши Конститутсия дар ташаккул ва рушди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ ” баргузор гашт.

Чорабинии илмӣ бо суханони ифтитоҳии директори Институт, доктори илмҳои фалсафа Ҳайдарзода Рустам Ҷӯра оғоз гашт. Ӯ дар суханронии худ қайд намуд, ки Конститутсия сарчашмаи асосӣ барои пешбурди сиёсати дохилӣ ва сиёсати хориҷии дилхоҳ кишвари ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад.

Ходимони илмии Институт Воҳидова С., Зиёев С., Ашуров А. , Раҳмонов М., Шарифов И. ва Холназаров Х. дар маърузаҳои илмии худ паҳлуҳои гуногуни сиёсати хориҷии Тоҷикистонро дар қаринаи татбиқи Конститутсияи кишвар таҳлил ва баррасӣ намуданд.

Subscribe to Конфренсия