Skip to main content

24 августи соли равон бо ташаббуси Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Шурои олимони ҷавони академия барои баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ, ва баланд бардоштани ҷаҳонбинии ҷавонон аҳли олимони ҷавон барои дидан намудан аз Осорхонаи Пешвои миллат ба шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо сардории раиси Шурои олимони ҷавон Зиёев Субҳиддин ташриф оварданд.

Дар даромадгоҳи осорхона масъулини осорхона олимони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро пешвоз гирифта роҳнамоӣ намуданд.

Нахуст аз ҷониби масъули Осорхонаи Пешвои миллат иттилоъ дода шуд, ки осорхонаи маскур 22,01,2021 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар бинои таълимии факултетҳои иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон осорхонаи маскур бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар Осорхонаи Пешвои миллат маълумотҳо аз даврони донишҷуии Пешвои миллат то ҳол тамоми қаҳрамониҳояш, асарҳояш, ободкориҳояш ҷамъ оварда шудааст.

Аз дидан намудани ин осорхона олимони ҷавон бо худ як ҷаҳон таассурот бардошта, маълумотҳои зарурӣ бо худ гирифтанд. Иттилоъ дода шуд, ки татқиқотчиёни самтҳои сиёсӣ метавонанд аз утоқҳои бо тамоми шароитҳо муҷаҳҳазшудаи Осорхонаи Пешвои миллат истифода намуда татқиқоташонро гузаронанд.

23 августи соли равон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамоиш-рӯнамои асари тозаи таҳқиқии «Академик Муҳаммад Осимӣ ва таҳқиқи масоили фарҳанги бадеии тоҷик», бахшида ба гиромидошти солрӯзи собиқ президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти омузиши тамаддуни Осиёи Марказии назди ЮНЕСКО, поягузори Анҷумани тоҷикон ва форсигӯёни ҷаҳон “Пайванд”, асосгузори Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи тоҷик, яке аз асосгузорони Академияи илмҳои Афғонистон, аъзо- корреспонденти Академияи илмҳои СССР, Лауреати мукофоти байналмилалии ба номи Ҷаҳирлол Неру, донишманди барҷаста, ходими намоёни давлатӣ ва ҷамъиятӣ, академик Муҳаммад Осимӣ доир ба масоили мубрами камомӯхташудаи фарҳанги бадеии тоҷик,ки олимони 7 кишвар анҷом додаанд ва ба нашр расидааст, баргузор гардид.

Дар баргузории ҳамоиш президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва ноибони президенти АМИТ академикону олимон ва ҳаводорони осори академик Муҳаммад Осимӣ иштирок намуданд.

Ба кори ҳамоиш нахуст ноиби президенти АМИТ Саломиён Муҳаммаддовуд Қаюм ҳусни оғоз бахшида, сухани муқаддимавиро ба президенти академия Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт доданд.

Мавсуф зимни баромади хеш ҳозиринро хайрамақдам гуфта, аҳли ҷамъомадагонро ба муносибати устоди зиндаёд академик Муҳаммад Осимӣ муборакбод намуд ва аз бузургию донишмандии собиқ президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Осимӣ ёдовар шуд.

Дар таҳқиқоти дастаҷамъии тоза ба нашр расида гуруҳи олимони саршиноси тоҷик, Амрико, Франсия, Канада, Испания, Ҳиндустон, Ӯзбекистон ва ғайра ширкат намуда, дар навиштаҳои асари мазкур масоили камомӯхташудаю мубрами назариявию консептуалии фарҳанги бадеии тоҷикон аз дирӯз то имрӯз, саҳми донишманди барҷаста, яке аз ташкилдиҳандагон, сарвари илми бунёдии тоҷик академик Муҳаммад Осимӣ, ки сарварии Академияи илмҳои Тоҷикистонро зиёда аз ду даҳсола ба зимма доштанд, ба риштаи таҳқиқ омадааст. Муҳаққиқон дар навиштаҳояшон паҳлӯҳои муҳимми фаъолияти пурбори илмию давлатӣ, ҷамъиятии ин симои бурҷастаро бар пояи санадҳои тоза ба қалам овардаанд. Аз ҷумла , саҳми устоди зиндаёд академик Муҳаммадж Осимӣ дар ташаккулу пешрафт, ҳаллу фасли масоили таърихию назарии фарҳангии бадеии тоҷик корҳои камназири ташкилии илми академӣ, баргузор намудани симпозиум, конгрессҳои бузург дар дохили кишвар ва берун аз он, инчунин навиштани асарҳои таркибан методологию консептуалӣ доир ба фарҳанги бадеии тоҷик ҳам саҳми арзанда доранд.

Дар навиштани ин асари дастаҷамъӣ ,ки олимони ватанию хориҷӣ ширкат намудаанд,мавзуоти мубрами таърихию назарии фарҳанги бадеии тоҷик ва хидмати шоистаи академик Муҳаммад Осимӣ дар омӯзишу густариши он аз дидгоҳи нав баррасӣ шудаанд.

Аз ин рӯ навиштани чунин асарҳои дастаҷамъии академӣ, ҷалби муҳаққиқони соҳаҳои гуногуни кишварҳои дигар, дар шароити геополитикии имрӯз ва нашру паҳн намудани чунин таҳқиқот аз барномаҳои муҳими Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошад.

https://www.president.tj/event/news/46928

Баррасии масоили ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон ва мавзуоти мубрами минтақавию ҷаҳонӣ дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев оғоз гардида, дар вохӯрӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб идома ёфт.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олиқадр ва ҳайати ҳамроҳашро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ба Қосим-Жомарт Токаев барои таваҷҷуҳи шахсиашон ба таҳкими ҳамаҷонибаи муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистон, ки асоси онро робитаҳои ошкоро, эътимодбахш ва самимӣ ташкил медиҳанд, изҳори сипос намуданд.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории минбаъда дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, саноат, энергетика молия ва бонкдорӣ, кишоварзӣ ва дигар самтҳои мавриди манфиатҳои дуҷониба муҳокима гардиданд.

Таъкид карда шуд, ки Қазоқистон дар миёни шарикони тиҷоратии Тоҷикистон мақоми пешсаф дошта, нишондиҳандаҳои гардиши мол миёни ду кишвар дар ҳоли афзоиши устувор қарор дорад. Чунончӣ, ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар дар нимсолаи соли равон дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 20 фоиз афзудааст.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳаҷми гардиши молро то ба 2 миллиард доллари амрикоӣ расонанд.

Гуфта шуд, ки дар Тоҷикистон 92 корхонаи муштарак бо ҷалби сармояи Қазоқистон ва дар кишвари дӯст 89 корхона бо иштироки соҳибкорони тоҷик фаъолият дорад. Давоми 5 соли охир ба иқтисоди Тоҷикистон 700 миллион доллари амрикоӣ аз Қазоқистон сармоя ворид гардидааст.

Зимни музокирот иқтидори бузурги мавҷуда барои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод ва сармоягузорӣ таъкид карда шуд.

Аз ин, тавре таъкид гардид, натиҷаҳои форуми тиҷоратии Тоҷикистон ва Қазоқистон, ки 21 август дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон дар Душанбе баргузор шуд, дарак медиҳад.

Дар ҳошияи ин чорабинӣ ҷонибҳо 14 қарордоди тиҷоратӣ ва созишномаи ҳамкорӣ ба маблағи умумии 1,2 миллиард доллар ба имзо расониданд.

Дар ин зимн пешниҳод гардид, ки самаранокии кори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ тақвият бахшида шуда, иқтидори он мавриди истифодаи васеъ қарор гирад.

Таъкид гардид, ки дар соҳаи саноати Тоҷикистон барои ҳамкорӣ дар бахшҳои кимиё ва маъданҳои кӯҳӣ, азхудкунии конҳои нафту газ, ангишт, коркарди алюминий ва дигар металлҳо имкониятҳои зиёд мавҷуд аст.

Зимни вохӯрӣ тезонидани раванди татбиқи лоиҳаи таъсиси се маркази логистикӣ барои интиқоли маҳсулоти содиротии Тоҷикистон ба Қазоқистон зарур шумурда шуд.

Гуфта шуд, ки имрӯз беш аз 80 дарсади содироти меваю сабзавоти Тоҷикистон ба Қазоқистон равона мегардад ва ин раванд дар ҳоли афзоишёбӣ қарор дорад. Аз Қазоқистон ба Тоҷикистон бошад, ба миқдори калон гандум, орд ва дигар маҳсулоти ғалладонагӣ ворид мегардад.

Танҳо дар соли гузашта ҳиссаи ин намуди маҳсулот дар сохтори умумии воридоти Тоҷикистон аз Қазоқистон қариб 40 фоизро ташкил дод.

Дар мулоқот бо изҳори қаноатмандӣ атрофи татбиқи мувофиқаҳои дар соҳаи рақамикунонӣ бадастомада, таъкид гардид, ки соли равон 100 мутахассиси ин бахш аз Тоҷикистон дар марказҳои муосири технологияҳои иттилоотии Қазоқистон ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.

Аз сатҳи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёту транзит, боркашонию мусофирбарӣ ва кушодашавии хатсайрҳои автобусҳо ва парвозҳои мунтазам миёни пойтахтҳои ду давлат изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои сайёҳӣ ва робитаҳои байни минтақаҳои ду кишвар аз мавзуъҳои дигари вохӯрӣ буд.

Зимни мулоқот таъкид гардид, ки муносибати байнипарлумонии кишварҳо босуръат таҳким ёфта истодааст. Дар ин самт фаъолияти Комиссияи доимӣ оид ба ҳамкории палатаҳои болоӣ ва гурӯҳҳои дӯстии палатаҳои поёнии парламентҳо назаррас арзёбӣ карда шуд.

Гуфта шуд, ки айни ҳол дар муассисаҳои олии таълимии Қазоқистон наздики 400 шаҳрванди Тоҷикистон ва дар кишвари мо 100 донишҷӯ аз давлати дӯст таҳсили илм доранд.

Дар ин зимн ҷонибҳо андешидани тадбирҳои муштаракро барои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг ва санъат зарур шумурданд.

Таъкид шуд, ки ҳамкорӣ дар соҳаи амният дар муносибатҳот ду кишвар мавқеи муҳим дорад.

Ҷонибҳо минбаъд низ ҳамоҳангсозии фаъолияти хадамоти махсусро дар самти мубориза бо терроризму ифротгароӣ, зуҳуроти радикализм, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои киберӣ зарур донистанд.

Дар рафти музокирот ҷонибҳо ҳамчунин ҳамкории кишварҳо дар чаҳорчуби ташкилоту созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Ҳамкории Шанхай, Созмони аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиёро баррасӣ намуданд.

Август 22, 2024

22 август Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олимақомро бо нишони эҳтирому самимияти баланд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Ба хотири пазироии сазовори Сарвари давлати дӯсти Қазоқистон майдони Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо шиорҳо ва парчамҳои давлатии Тоҷикистону Қазоқистон идона ороста шуд.

Ҳамчунин, шумораи зиёди ҷавонону наврасони кишвар бо гулу парчамҳои ду кишвари дӯст, бо шиорҳои тараннумгари дӯстӣ ва барномаи махсуси фарҳангӣ меҳмони олиқадрро пазироӣ намуданд.

Зимни суҳбати кӯтоҳ дар фурудгоҳ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаевро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, изҳори бовар намуданд, ки натиҷаҳои сафари давлатӣ барои таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳамдилии ду кишвар мусоидат хоҳад кард.

Телевизиони Тоҷикистон

Санаи 20.08.2024 директори Институти ҳимояи растаниҳо ва карантини Академияи миллии илмҳои Қазоқистон Дуйсембеков Бахитжан Алишерович ба Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н. Павловский-и АМИТ омаданд. Зимни ошнои бо самтҳои фаъолияти илмии Институти зоология ва паразитология барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои илмӣ дар самтшои вобаста ба ҳимояи зироатҳои кишоварзӣ ва карантини растаниҳо тарафҳо ҳавасмандии ба роҳ мондани ҳамкориҳои зичро пешниҳод намуданд.

Ҳамзамон меҳмон Б. Дуйсембеков аз лабораторияи нави паразитологии Институт, ки бо ташаббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт муҷаҳаз бо технологияҳои муосир аз нав эҳё карда шуд дидан намуд.

Санаи 20.08.2024 ҷиҳати ҳамкориҳои судманд миёни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Қазоқистон бо олимон ва намояндагони Институтҳои тадқиқотии соҳаи илмҳои биологӣ вохӯри баргузор гардид. Меҳмонони олиқадрро Садорат ва аҳли коллективи Институт пазируфтан.

Дар рафти сӯҳбат мудирони озмоишгоҳҳои Институт меҳмононро бо самтҳои асосии фаъолияти худ шинос намуданд. Ҷонибҳо баҳри беҳбуд бахшидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ миёни Институтҳои самти биологию кишоварзӣ ду ҷониб ҳамкориҳои судмандро ба нақша гирифтанд. Инчунин меҳмонон аз баъзаи моддию техникӣ Озмоишгоҳи бехатарии биологи Институт ва аз озмоишгоҳи нав кушодашудаи биотехнологӣ дидан намуданд. Баъд аз нисфирӯзи бошад аз гербарни фонди Институтро низ диданд намуданд.

19 августи соли 2024, Душанбе — Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маросими ба имзо расонидани меморандуми ҳамкорӣ байни Корхонаи давлатии ҷумҳуриявӣ "Институти физикаи ядроӣ" Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Қазоқистон ва Агентии амнияти химиёвӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ (ХБРЯ) Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид.

Меморандум аз ҷониби директори генералии Институти физикаи ядроии Ҷумҳурии Қазоқистон Саябек Куанышбекович Сахиев ва муовини аввали директори Агентии ХБРЯ Тоҷикистон Матин Ахмедов имзо гардид. Ин созишнома ба мустаҳкам намудани ҳамкории дарозмуддат ва мутақобилан судманд байни ду муассиса дар соҳаи амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ, тадқиқоти илмӣ ва баланд бардоштани иқтидори минтақа нигаронида шудааст.

Меморандуми имзошуда як қатор самтҳои ҳамкориро дар бар мегирад, аз ҷумла, тадқиқоти муштараки илмӣ, мубодилаи маълумот ва таҷриба, ташкил намудани конфронсҳо ва семинарҳои илмӣ-амалӣ ва инчунин амалӣ намудани лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи криминалистикаи ядроӣ ва бехатарии радиатсионӣ. Яке аз ҷанбаҳои асосии ин меморандум омодагӣ ва мубодилаи мутахассисони ҷавон тавассути барномаҳои муштараки магистратура, аспирантура ва докторантура мебошад.

Ҳар ду ҷониб изҳори итминон намуданд, ки ин ҳамкорӣ як қадами муҳим дар таҳкими робитаҳои илмӣ байни Қазоқистон ва Тоҷикистон хоҳад шуд ва ба рушди технологияҳои инноватсионӣ ва баланд бардоштани амният дар минтақа мусоидат хоҳад кард.

Меморандум аз лаҳзаи имзои он эътибор пайдо намуда, дар тӯли панҷ сол амал хоҳад кард ва метавонад тамдид шавад. Ҷонибҳо мувофиқат намуданд, ки ҳар сол рафти татбиқи созишномаро баррасӣ намуда, самтҳои нави ҳамкориро муайян намоянд.

19 августи соли равон президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Қазоқистон Куришбаев Ахилбек Кажигулович мулоқот анҷом дод.

Дар оғози мулоқот президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ташрифи президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Қазоқистон Куришбаев Ахилбек Кажигуловичро ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, зимнан доир ба рушди дурнамои ҳамкориҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Қазоқистон ибрози андеша намуданд.

Таъкид шуд, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун муассисаи бонуфузи илмӣ ҳамеша омода аст то ҳамкориҳои худро бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Қазоқистон дар шароити муосир рушду густариш диҳад. Қайд гардид, ки дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намудани як конфронси сатҳи байналмилалӣ бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Қазоқистон барои мустаҳкам гардидани ҳамкориҳои илмӣ дар оянда мусоидат хоҳад кард.

Умуман, баргузории ин конфронси сатҳи байналмилалӣ барои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳа илм, муттаҳид сохтани нурӯи илмии олимони Тоҷикистону Қазоқистон, инчунин баррасии масъалаҳои ҳамоҳангсозии пажӯҳишҳои илмӣ дар доираи як платформа мебошад.

19 августи соли равон дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Қазоқистон Куришбаев Ахилбек Кажигулович ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташриф оварданд.

Меҳмони олиқадро президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо ҳайати олимону кормандон дар саҳни бинои Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо хушнудӣ истиқбол намуданд. Пас аз истиқбол ҳайати олимону зиёиёни Тоҷикистону Қазоқистон дар назди нимпайкараи Қаҳрамони халқи тоҷик академик Бобоҷон Ғафуров акси хотиравӣ бардоштанд.

Сипас меҳмонони олиқадр аз намоишгоҳи дастовардҳои муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дидан намуда, барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои илмӣ дар зинаҳои гуногун фикру андешаҳои худро баён доштанд.

Ёдовар мешавем, ки дар замони соҳибистиқлолӣ маҳз бо талошу хиради пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсоя аз ҷумла Ҷумҳурии Қазоқистон рушду густариш додааст. Маҳз сиёсати ояндадор ва дурбинонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки нуфузу эътибори кишвари Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ боло рафтааст.

Нимаи дуюми рӯзи 19 август президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Қазоқистон Куришбаев Ахилбек Кажигулович аз Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ ва Институти геология боздид намуданд.

Дар ин марказ якчанд озмоишгоҳи замонавӣ барои пешбурди корҳои илмӣ таҳқиқотӣ фаъолият менамоянд, ки зимни ташриф ба марказ меҳмонон аз ин озмоишгоҳҳо дидан намуданд.

19 августи соли равон дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Қазоқистон конференсияи сатҳи байналмилалӣ баргузор гардид.

Дар кори конфронс президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Қазоқистон Куришбаев Ахилбек Кажигулович, раисони иттифоқҳои нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қазоқистон, муовини аввали Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректорони муассисаҳои олии кишвар, инчунин олимону зиёиёни тарафайн иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар оғоз ба кори конфронс президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳусни оғоз бахшида, бори дигар ташрифи меҳмонони олдиқадрро Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.

Таъкид гардид, ки дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардидани Конфронси олимон ва зиёиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон аз нақши муҳими он шаҳодат медиҳад.

Маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали таъсиси давлати соҳибистиқлол илму маориф мавқеи марказиро ишғол намуд. Ҳамин аст, ки олимон, муҳаққиқон, омӯзгорон ва зиёиён қувваи созанда ва пешбарандаи тамоми соҳаҳои ҳаёти давлат мебошанд. Бояд гуфт, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Қазоқистон таърихи тӯлонӣ ва пуршарафи ҳамкориҳо доранд.

Дар идома президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Қазоқистон Куришбаев Ахилбек Кажигулович суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки , баргузории ин конфронси сатҳи байналмилалӣ барои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳа илм, муттаҳид сохтани нурӯи илмии олимони Тоҷикистону Қазоқистон, инчунин баррасии масъалаҳои ҳамоҳангсозии пажӯҳишҳои илмӣ дар доираи як платформа мебошад. Дар ибтидо олимону зиёиёни Тоҷиикстону Қазоқистон дар конфронс доир ба мавзӯҳои илмию таҳқиқотӣ маъруза намуданд.

Мувофиқи маълумоти лабораторияи физикаи атмосфераи Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки тавассути асбобу таҷҳизотҳои муосири таҳқиқи атмосфераи Замин: «Lidar-PollyNet» (истеҳсоли Олмон), фотометри Офтобӣ (истеҳсоли Фаронса) ва спектрометри рентгенофлуорестсенсӣ СПЕКТРОСКАН - МАКС-G (истеҳсоли Россия) ба даст оварда шудааст, шурӯъ аз соати 09:00 16 августи соли 2024 ба фазои Душанбе «хокбориш» ворид гардид.

Таҳқиқот аз руйи таҳлили масири бараксии чангу ғубор нишон дод, ки барои таърихи рузи 16–уми август соли 2024(соати 16:00) саршавии масири чанг аз сели ҳавое ки 7 шабонаруз дар баландии 500 м (аз Британияи Кабир), 1000 м (аз Олмон) ва 1500 м аз давлати Россия оғоз гардидааст ва ба биёбонҳои Осиёи Марказӣ (Аралқум, Қизилқум ва Қароқум ворид шуда қисман аз ғарб ва қисми зиёд аз ҷануби Тоҷикистон (Шаҳритус) ба кишвари мо ворид гардидааст.

Баландии хокбориш дар шаҳри Душанбе то 6 километр ба қайд гирифта шуд

Таҳлили таркиби хокбориши воридгардида нишон медиҳад, ки дар он аз унсурҳои вазнини ба саломатии инсон зараровар ҳамагӣ се унсур – марги муш (арсеник), маранес ва оҳан бо консентратсияи каме зиёдтар аз қимати миёнаи солҳои 2007-2022 муайяншуда дарёфт гардиданд.

Унсурҳои дигар, ба монанди мис, руҳ, хром ва ғайра (ҳамагӣ 7 унсури дигар) дар таркиби хокбориш бо консентратсияи камтар мавҷуданд ва бинобар ин ба саломатии инсон зарари зиёд намерасонанд. Дар таркиби аэрозоли хокбориш кобалт ва ванадий пайдо нашуд.Дар рўзҳои хокбориш олудагии ҳаво дар фазои кишвар қариб 4 маротиба зиёд шудааст.

Хокбориш ҳамагӣ то 19-20 август идома хоҳад ёфт. Бинобар ин, дар ин рӯзҳо ба одамоне, ки ба бемориҳое, мисли, касалиҳои дил, роҳи нафас, баландфишорӣ ва монанди инҳо гирифторанд, тавсия дода мешавад, ки дар хонаҳо қарор гирифта, ҳангоми сайру гашт дар фазои кушод аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода кунанд.

Subscribe to Навид